Фардо чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Ҳазорсолаҳо мардум дар орзуи дидани қаҳрамони воқеӣ афсонабофӣ ва ҳазорҳо қисса эҷод карданд, ки хулосаи ҳама як аст — қаҳрамон мардумро аз торикӣ ба рӯшноӣ мерасонад…

Миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт, ки соҳиби қаҳрамони воқеӣ дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид ва аз баракати ин абармард батадриҷ аз зулмот ва мушкил наҷот ёфт ва ба созандагӣ пардохт…

 Рӯшноӣ-замина ва василаи расидан ба мақсадҳои умумимиллӣ

29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик санаи бузурги таърихӣ аст. Зеро он рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд. Ин рӯйдод боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки Пешвои миллат паси чанбараки экскаватор нишаста, дар зарфи 1,5 соат маҷрои дарёи Вахшро тағйир доданд.

Бояд қайд намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуд. Ин нукта баёнгари он аст, ки зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда истодаем ва ба қисмати ниҳоии ин ҳадафи стратегӣ хоҳем расид.

 Ганҷ аз зери обу санг

Бояд гуфт, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Аз бартариятҳо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикист. Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» иброз дош­танд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад».

Нуктаи дигаре, ки лозим ба қайд аст, ин аст, ки бунёди ин иншооти аср танҳо ба таъмини пурраи кишвар бо неруи барқ ва содири бақияи он ба хориҷ маҳдуд намешавад, пайдоиши ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди бахшҳои хоҷагии халқ самараи ин раванд хоҳад буд.

Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки НБО-и «Роғун» воқеан марзи номуси миллати тоҷик аст. Агар мехоҳем ҳамчун миллат ояндаи некро соҳиб бошем ва бақои халқро пурра таъмин намоем, пеш аз ҳама, мебояд бо шукр­гузорӣ аз озодиву истиқлол, хонаи ободу осуда ва фазои сулҳу ваҳдат аз имконияти тақдирсоз васеъ истифода бурда, қувваю ғайрати ҷисмониву маънавиро дареғ надорем.

Махсусан, барои ҷавонон ин майдони имтиҳони ватандӯстӣ ва исботи асолатмандиву номуси миллист. Дар шароити бесуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин неругоҳ майдони ҳифзи рӯшноӣ аз ҳуҷуми зулмот аст. Майдонест, ки бо ғолиб омадан дар он ҳуқуқи маънавӣ пайдо мекунем то ба оламиён дарси ваҳдату субот ва ҷасорату созандагӣ омӯзем. Ғолибият дар ин майдон моро сарбаланд ва душманони берунаву асолатбохтагону бегонапарас­тони дохилиро сарафкандаву забун месозад.

 Сохтмони Роғун-идеяи миллӣ

Пешвои миллат бо роҳандозии идеяи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид карданд. Идеяи бо қувваи худӣ сохтани ин иншоот НБО-и «Роғун»-ро дар меҳвари манфиатҳои миллӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию идеологӣ қарор дод.

Аз сӯи дигар Пешвои миллат бо роҳандозии маъракаи идеологии ин иншоот собит сохтанд, ки иродаи устувор метавонад монеаҳоро бартараф созад ва халқро ба қуллаи мурод расонад. Исбот карданд, ки инсонҳо қодиранд афсонаро ба ҳақиқат табдил диҳанд. Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки воқеан, он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо он сидқан ифтихор дорад, тавонову созанда аст.

 Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон