Фестивал — намоиш таҳрикбахши фаъолият хоҳад буд

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

Festivali-sholi-va-birinch-2Чанде пеш дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори нахуст Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор гардид.

 Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди шолӣ ва дигар ҷашну фестивалҳои маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳқонон ва рушди соҳаи мазкур таҷлил мегардад.

Тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки яке аз хӯрокҳои писандидаи  тоҷикон ва мардуми қораи Осиё маҳсуб мешавад, ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардидааст, асосан аз навъи биринҷ вобастагӣ дорад.

Дар чорабинӣ навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ, таомҳои аз биринҷ омодашуда, намунаи техникаи кишоварзии дар парвариши он истифодашаванда, инчунин, дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, манзур шуд. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон бо нархҳои дастрас навъҳои гуногуни биринҷро харидорӣ карданд.

Сипас, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои пешқадами шолипарвар, беҳтарин истеҳсолкунандагони тухмии хушсифати шолӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Хоҷагии беҳтарини шолипарварии ҷумҳурӣ» ҷойи якум ба Хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Хоҷагии беҳтарин дар истеҳсоли тухмии хушсифати шолӣ» ҷойи аввал насиби Стансияи таҷрибавии «Панҷакент»-и шаҳри Панҷакент гардид.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»