Ҳамовозӣ

Гӯсфанди зоти тоҷикиро аз вартаи нобудӣ бояд раҳонем

№82 (4032) 09.07.2019

ПородаНафақахӯр ҳастам, 79 сол дорам. Дар рӯзномаи «Садои мардум» шумораи №57, аз 21 майи соли 2019 мақолаеро ба номи «Зоти гӯсфандони тоҷикӣ аз байн меравад. Агар…» хондаму худро бетараф гирифта натавонистам.

Ҳақ ба ҷониби мутахассиси соҳа Камолиддин Шоев аст. Ман инро аз таҷрибаи худ ва раҳматии падарам мегӯям. Падари ман Одинаев Хоҷамбердӣ пеш аз ташкилёбии Республикаи Сотсиалистии Тоҷикистон чӯпон буду гӯсфандони зоти тоҷикиро парвариш менамуд.

Пас аз ташкил намудани колхозҳо сарчӯпони колхози ба номи Фрунзеи ноҳияи Данғара кор кард. Дар он солҳо на кашар буду на оғилхона. Рамаи гӯсфандонро дар фасли тирамоҳу зимистон дар як пастхамии шамолпаноҳ парвариш менамуданд. Пӯшок аз чакман ва пойпӯш аз чоруқ ва ё мукӣ иборат буд. Солҳои 1950- 1953 падарам маро ба айлоқи тобистона, ки он дар кӯҳи Баландсар ҷойгир буд, мебурд. Дар он ҷо гӯсфандони зоти тоҷикиро дидам, ки бо сабаби вазнинии думба аз ҷойи хобида хеста наметавонистанд. Чӯпонҳо маҷбур буданд, барои хестанашон ёрӣ расонанд.

Соли 1940 якчанд сар қучқор ва меши зоти тоҷикиро бо супориши Ҳукумати кишвар гурӯҳи чорводорони колхози ба номи Фрунзеи ноҳияи Данғара, ки падари ман ҳам ба он шомил буд, ба Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ ба Маскав бурданд. Шаҳодатнома дар бораи иштирок дар он чорабинӣ то ҳол маҳфуз ва боиси ифтихор аст.

Соли 1988 ман низ дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС дар Маскав иштирок намудам ва гурӯҳи мо гӯсфандони зоти тоҷикиро ба намоиш гузошт.

Ҳамчун чорводори собиқадор мегӯям: Ҳукумати мамлакат ва мутахассисон бояд ба афзоиши саршумори гӯсфандони зоти тоҷикӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ин соҳаро ривоҷу равнақ диҳанд, вагарна ин зот аз байн меравад.

Абдулмумин Хоҷамбердиев, нафақахӯр