Табиат мекунад моро табобат

Ганҷҳои бебаҳои табиат

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Чаро онҳоро самаранок истифода намебарем?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 қайд намудаанд, ки: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ – обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад». Роҳбари давлат ҳамчунин диққати мутасаддиёнро ба пастсифат будани доруворӣ ва рушд накардани саноати дорусозӣ, новобаста ба он ки дар кишвар зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ҷалб намуда,  бо мақсади беҳтар сохтани вазъият дар ин самт пешниҳод намуданд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Баъдан, ин ташаббуси наҷиб бо тартиби муқарраршуда ба ҳукми қонун даромада, дар ин бора санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд.

Дар ҷумҳурӣ аз миқдори умумии гиёҳҳои шифобахшу доруворӣ қариб 1,5 ҳазор намуд маълум буда, зиёда аз  70 намуди онро мақомоти тандурустӣ барои доруворӣ тавсия намудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 23 намуди гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои доруворӣ, аз қабили чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, чоқула, ҳазорис­панд, тахач, газанда, амонқара, бӯймодарон, зарпошша, раҳдавак, ширинбия, камоли бадбӯй, татум, сиёҳалаф,  шибит, хуч, қот (смородина), зирк (зелол), адрасмон, ангат (ҷангалхор), мушхор ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд. Маълум, ки қисме аз гиёҳҳоро барои табобат таври тару тоза ё хушконидан ва дар шакли ҷӯшоб, чой, шира, афшура, шарбат, хока, қиём, марҳам  ва қисми дигарро ҳамчун иштиҳоовар ва болаззаткунандаи хӯрокҳои миллӣ истифода мебаранд.

Мутасаддиёни соҳаи тандурустӣ ва саноати дорусозии мамлакат дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ ва дастгирии беандозаи Пешвои миллат бояд дар паи ҷустуҷӯ, ихтироъ  ва дарёфти технологияи навтарини дорусозӣ гардида, ба ҷумҳурӣ бештар таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамонро ворид намуда, истеҳсоли доруҳои ватаниро васеъ ба роҳ монанд.

Солҳои пеш дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ миқдори зиёди гиёҳҳо ҷамъоварӣ гардида, ба ташкилоту муассисаҳои  соҳаи тандурустӣ барои тайёр кардани дору супорида мешуд. Баъдан, бо сабабҳои маълум алоқаҳо коҳиш ёфта, корхонаҳои дорутайёркунӣ аз фаъолият монданд  ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш бинобар мавҷуд набудани талабот қариб пурра қатъ гардид. Ба ин нигоҳ накарда, талаботи мардум, бахусус беморон, ба доруворӣ дар ягон марҳила кам намешавад. Бисёр намуди дору баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба воситаи ташкилоти байналмилаливу хайриявӣ ба аҳолӣ дастрас мешуданд, ки баъзеашон муҳлаташ гузаш­та, ба дарди одамон дармон намебахшиданд ва баръакс, ба организми одамон таъсири манфӣ мерасониданд. Аз ин рӯ, бисёр беморон ба доруҳои аз хориҷи кишвар воридгардида боварӣ надошта, ба табибони халқӣ, ки бо гиёҳҳои шифобахш мардумро табобат мекарданд, муроҷиат менамуданд.

Ба гуфти олимону мутахассисони соҳаи ҷангал, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 14 намуди гиёҳ­ҳои шифобахшу доруворӣ дар ҷумҳурӣ парвариш карда  мешуданд, ки истеҳсоли онҳо ҳар сол даҳҳо тоннаро ташкил медод. Ғайр аз корхонаҳои саноати дорутайёркунӣ, гиёҳҳои шифобахш ҳамчунин  дар корхонаҳои коркарди саноати хурокворӣ, аз ҷумла барои  истеҳсоли обҳои ташнашикан, нӯшокиҳои гуногун васеъ истифода мешуданд. Илова бар ин, ҳар сол миқдори зиёди гиёҳ ва растаниҳои доруворӣ ба Федератсияи  Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешуд.

Инро ба назар гирифта, бо мақсади ба роҳ мондани парвариш ва тадриҷан зиёд намудани истеҳсол ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 170 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ гардонидани Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014» қабул гардид, ки барои иҷро намудани он мақомоти гуногуни давлатӣ вазифадор шуданд. Дар робита ба ин, Муассисаи давлатии «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор» — и Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2005  ҳайати ситод ва чорабиниҳои муассисаро барои амалӣ гардонидани барномаи мазкур тасдиқ намуд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум иҷрои барномаи мазкур таъмин нагардид. Баръакс, истеҳсоли гиёҳҳои шифобахшу доруворӣ дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ ба ҷои зиёд шудан кам гардид. Ин ҳолат кормандони хоҷагиҳои ҷангалро дилхунук намуд.

Тибқи барнома мебоист корхонаҳои коркарди доруворӣ дар асоси шартномаи тарафайн бо мақомоти соҳаи ҷангал шароит фароҳам меоварданд, ки истеҳсол ва ҷамъоварии гиёҳҳоро зиёд намуда, ҳамчунин истеҳсоли доруворӣ низ дар корхонаҳои саноатии соҳа бамаротиб зиёд гардад,  Айни замон миқдори ками он гиёҳҳоро зимни ярмарка — фурӯши ниҳолҳо ва кӯчати гулу буттаҳо, ки аз ҷониби мақомоти соҳаи ҷангал ба намоиш гузошта мешавад, дидан мумкин  аст.

Ҳар саҳар тавассути шабакаҳои телевизионӣ дар бахши «Маслиҳати муфид» доир ба хусусиятҳои табобатии ин ё он гиёҳи шифобахш, мева ё сабзавот маълумот пахш менамоянд. Дар китоби «Қонуни тибб»-и олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино бемориҳои алоҳида ва табобати онҳо бо истифодаи гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавот қайд шудааст. Ҳамчунин, як қатор олимон дар бораи табобати беморон ба воситаи  гиёҳҳои шифобахш асар ба нашр расонидаанд, ки аксари гиёҳҳои фармудаи онҳо дар кишвар мерӯянд. Китоби профессор Юсуф Нуралиев «Муҳимтарин растаниҳои дорувории Тоҷикистон» (Важнейшие лекарственые растения Таджикистана), — Душанбе, 2015 дар бораи 37 намуди растаниҳои дорувории дар ҷумҳурӣ мерӯида ва хусусиятҳои табобатии онҳо муфассал маълумот додааст. Масъулон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии рушд накардани саноати дорусозӣ мавҷуд набудани ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти марбутаи соҳа ва кад­р­ҳои баландихтисос мебошад.

Бо дарназардошти супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) бармеояд, мувофиқи мақсад меҳисобем, ки мақомоти дахлдори давлатӣ якҷо бо Академияи илмҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ба ин соҳа вобаста ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди Барномаи давлатии рушди гиёҳҳои шифобахш ва коркарди онҳо ба мақсади истеҳсоли доруҳои ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои дахлдор манзур намоянд. Боварии комил дорем, ки қабули барнома ба рушди истеҳсоли доруворӣ, саноати коркарди гиёҳҳои табобатӣ, ихтироъ ва ворид намудани технологияи  ҳозиразамони истеҳсоли доруи ватанӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи тандурустӣ  ва дигар самтҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Ҷумъахон Сафаров,

муовини директори Муассисаи давлатии

«Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал»