Гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо бемонеа идома дорад

№40 (4146) 02.04.2020

коллажВақтҳои охир аз ҷониби баъзе аз таҳлилгарон дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус ба иқтисоди миллӣ, бахусус, дар самтҳои дастгирии соҳибкорон ва қишри осебпазири ҷомеа, маълумоти носаҳеҳ пешниҳод шуда истодааст.

 Дар ин робита бояд хотиррасон намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани коронавирус дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии воридшавии он ба кишвар, таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии вирус тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Дар баробари ин, дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ситодҳои махсус вобаста ба тақвияти корҳои пешгирикунанда таъсис ёфтааст, ки фаъолият доранд.

Инчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ» иборат аз як қатор тадбири зарурӣ сари вақт қабул гардид, ки мавриди амал қарор доранд. Дар нақшаи чорабиниҳо диққати махсус ба таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии нархҳо, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, пешбинӣ намудани сабукиҳои андозӣ ба соҳибкорони хурду миёна, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ ва ҷалби кумакҳои молиявӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дода шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба пешниҳоди сабукиҳои андозӣ ва таътили андозӣ ба соҳибкорони хурду миёнаи осебпазир таҳия гардида истодааст. Инчунин, дар ҳамин доира санҷишҳои ғайриандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба маротиб кам карда мешаванд.

Дар баробари ин, 22 марти соли ҷорӣ «Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид ва мавриди амал қарор гирифт.

Вазъи иқтисодии кишвар, бо дарназардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна, пайваста бо сенарияҳои гуногун баҳодиҳӣ карда шуда, ҷиҳати кам намудани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори мак­роиқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд, вале чун ин ҳама хусусияти хизматӣ доранд, дар воситаҳои ахбори омма кам нашр мегарданд.

Ҳоло, новобаста аз он ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус рафтуомади шаҳрвандон байни давлатҳо, аз ҷумла, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ муваққатан қатъ шудааст, тибқи созишномаҳои дуҷониба миёни давлатҳо гардиши молу маҳсулот, бахусус, маҳсулоти озуқаворӣ, бемамоният сурат гирифта истодааст.

Илова бар ин, 23 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо роҳбарони як қатор вазорату идора, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир намуда, масъулинро муваззаф карданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи ордро зери назорати доимӣ қарор дода, истеҳсолу захираи маҳсулоти хӯрокаро зиёд ва бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вазъи кунунӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд оид ба ҷалби ҳар чӣ бештари маблағҳои грантӣ пайваста гуфтушунид намуда истодааст. Маблағҳои ҷалбгардида барои дастгирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои дастгирии бахши хусусӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.

Дар ин бора аз котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд.