Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

…Гурбаи обид намоз кард

№10 (4430) 15.01.2022

Вақтҳои охир шоҳиди воқеаҳое мегардем, ки гоҳ аз ҳайрат ангушт мегазему лаҳзае аз хиҷолат чӣ кор карданро намедонем. Рафтори бархе аз ҳамкешонамон ба сарпастии сокинони ҷумҳурӣ боис мегардад. Хоса рафтори онҳое, ки дар муддати кӯтоҳ бе машаққати таҳсил ба унвони «муллои калон» дар байни мардум машҳур мешаванд, худро авлиё ва соҳибкаромот мехонанд. Муридон дар бораашон даҳҳо қиссаву афсона мебофанд ва билохира, ба корҳое даст мезананд, ки дар гӯшаи хотир намеояд.

Албатта, инсон наметавонад дар дунё беэътиқод зиндагӣ кунад. Наваду нуҳ фисади мардуми Тоҷикистон мусалмонанду ба дини мубини ислом пайравӣ мекунанд ва ҳар кори хайреро анҷом медиҳанд, умед доранд, ки дар охират дастгирашон мешавад.

Зимнан, давлат барои сокинони кишвар ҳама шароитро фароҳам овардааст. Яъне, дар асоси Конститутсия ҳуқуқи шаҳрвандро ҳифз менамояд. Эътиқод дар мамлакат озод аст. Аммо набояд ба онҳое, ки барои таъмини нафс ба ҳар кори ношоиста даст мезананд, иҷозат диҳем. Ин ҷо бояд мардуми ҷумҳурӣ барои пешгирӣ намудани зуҳуроте, ки боис ба паст шудани эътибори миллати соҳибтамаддун мегардад, ҳушёру фаъол бошанд.

Ҷои таассуф аст, ки қисмати зиёди мардум аз аркону аҳкоми шариат хуб огоҳӣ надоранд, бо вуҷуди он ки имонашон қавӣ мебошад ва ба Худову пайғамбараш эътиқод доранд. Ҳамин сабаб мегардад, ки бархе аз ашхоси буқаламун аз содагии мардуми одӣ истифода бурда, онҳоро хурофотзада менамоянд ва аз ин ҳисоб кисаашон пуру маишати рӯзгорашон таъмин гардад. То ҷое ки мардуми сода ба ширк роҳ медиҳанд ва он «авлиё»-ҳоро дар баробари Худованд парастиш мекунанд.

Дар олами ислом мардоне ҳастанд, ки ҳастиашонро барои дини мубини ислом сарф мекунанд. Дар корҳои хайр ширкат меварзанд, барои хушбахтии мардум кореро анҷом медиҳанд, ки лоиқи ситоиш аст ва мо ба онҳо арзи эҳтиром қоил ҳастем. Вале баробари онҳо метавон ашхоси тамаъҷӯй ва фиребгарро дид, ки танҳо барои ба даст овардани сарвату неъмат на фикри ин дунёро доранду на андешаи уқборо. Аз онҳо бояд ҳазар кард, зеро пайравӣ аз шайтон мекунанд.

Хушбахтона, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Қуръон» бо алифбои кириллӣ ва забони тоҷикӣ чоп шудааст ва ҳар шахсе, ки ҳақиқатро донистан мехоҳад, метавонад аз он истифода барад ва ба саволҳояш ҷавоб пайдо намояд. Агар мардум ин ҳақиқатро бо чашми хирад бингаранд, аз макру фиреби онҳое, ки «ҳам Худоро мефиребанду ҳам халқи Худоро» дар амон хоҳанд монд.

Дар ҳама давру замон буданд чунин шахсони манфиатҷӯю худхоҳ. Барои дурустии фикр мехостам аз эҷодиёти бузургони адабиёти тоҷику форс далелҳои равшанро ба хонандагони азиз пешкаш намоям, ки ҳоло низ моҳият гум накардаанд.

 Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, ки дар байни мардуми тоҷику форс муътабар аст, каломи Худовандро бо чордаҳ ривоят қироат мекард ва барои ҳамин тахаллуси «Ҳофиз»-ро гирифт. Ба қавли Ҳофиз, касе аз шуарои пешин ва ҳамзамонаш дар баробари вай дар ашъораш аз каломи Худованд истифода набурдааст:

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,

Латоифи ҳакамӣ бо нукоти Қуръонӣ.

Ӯ, ки аркон ва аҳкоми шариатро хуб медонист, ба рафтори зоҳидону обидони риёкор, ки пеши чашми мардум ҳуққабозӣ мекарданд, нафрат дошт ва мардумро ҳушдор медод, ки аз чунин афрод дур будан, наздик шудан ба Офаридгор аст.

Ривоят мекунанд, ки дар замони Хоҷа Ҳофиз Имоди фақеҳи Кирмонӣ ҳаёт ба сар бурда, ба гурбааш намоз хонданро ёд дода буд. Яъне, гурба паҳлуи ӯ болои ҷойнамоз ба рукӯъ ва саҷда мерафт. Даме ки мухлисон ва эътиқодмандон ба зиёрат меомаданд, шоҳиди намозгузории гурба мегардиданд. Гоҳе ки ӯ «Қуръон» мехондааст, аз чашмони гурба ашк ҷорӣ мешудааст ва мардуми корафтода инро аз каромоти ӯ пиндошта, эътиқод мекардаанд. Ҳатто шоҳ Шуҷоъ, ки дар он даврон ҳукмрони Шероз буд, ба каромоти «авлиё» бовар кард. Хоҷаи Шероз дар байти зер ба гурбаи фақеҳ ишора кардааст:

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист,

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард.

Ин ҳикоят барои ҳар як фарди солимақл дарси ибрат аст ва бояд ба фармудаи Ҳофизи бузург бо чашми ақл назар кунему ибрат гирем.

Ҳофиз он рӯҳониёнеро, ки ба риёкорӣ машғул буда, мардумро панду андарз мегуфтанд, сахт ба зери тозиёнаи танқид мегирад:

Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром,

Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш.

Муллое, ки болои сари бемор оёти «Қуръон»-ро тиловат мекунад ва барои ин амал дастмузд мегирад, низ аз ҷониби шоир мавриди сарзаниш қарор гирифтааст:

Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон «Қуръон»-ро.

Дар баъзе аз нусхаҳои девони Ҳофиз ба ҷои «дигарон» «дагарон» омадааст ва чанд тан аз муфассирини ашъори шоир бар он назаранд, ки «дагар» як парандаи бузурге будааст, ки нохун ва минқораш неру ва тавон надоштааст. Ин паранда ризқашро бо машаққат ба даст меовардааст ва ба даргоҳи Худованд зорӣ кардааст, ки мушкили ӯро осон гардонад. Бо амри Худованд «Қуръон»-ро ҳифз карда, дар ҷангалистон бо овози баланд қироат мекардааст. Овозаш хеле хуш будааст ва даррандаву паранда атрофи ӯ ҷамъ мешудаанд. Чун муддате мегузашт, бӯи баде аз баданаш хориҷ мекард, ки аз заҳри он махлуқот беҳуш мегаштанд. Дагар ба қадри кифоя аз ризқи ёфтааш мехӯрд. Ба қавли муфассирон, Ҳофиз дар ин байт муллоҳои тамаъҷӯйро ба ҳамин паранда ҳаммаслак донистааст.

Пеши назари омма худнамоӣ кардан хислати аҳли илм нест. Шахсеро мебинем, ки ҳангоми адои намоз дар панҷ гӯшаи масҷид намоз мегузорад. Ин рафторашро то ба он соат идома медиҳад, ки дар масҷид як нафар монда бошад. Чунин ибодати пур аз риё хоси касонест, ки онҳоро «гандумнамои ҷавфурӯш» гуфтаанд. Ҳофиз боданӯширо баробари зуҳдфурӯшӣ ҳеҷ медонад. Ба ин маънӣ мефармояд:

Боданӯшӣ, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,

Беҳтар аз зуҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯву риёст.

Ҳофиз ҳамчун шахси озод ва аз шариати дини мубини ислом огоҳ ниқоб аз рӯи зоҳидони риёкор бардошта, симои ҳақиқиашонро нишон медиҳад:

Май хӯр, ки шайху Ҳофизу муфтию муҳтасиб,

Чун нек бингарӣ, ҳама тазвир мекунанд.

Дар ҷомеаи пешин ва феълӣ одамоне ҳастанд, ки аз номи дин ба халқ ҷабру ситам менамоянд. Ҳофиз аз мавқеи инсондӯстӣ ба тарғиботи динӣ нигариста, онҳоеро, ки аз номи дин ба халқ зулм мекунанд, фош намуда, золимиро аз гуноҳи динӣ вазнин мешуморад:

Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ кун,

Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест!

Ба андешаи Ҳофиз, бузургтарин гуноҳ дар назди Худованд мардумозорист. Худованд ҳама гуноҳи бандаашро авф мекунад, ба ҷуз аз он ки дили касеро ранҷонда ва зулму ситамаш ба мардум расида бошад. То ба он соат, ки он банда гуноҳи ӯро набахшад, Худо розӣ намешавад. Шоир аз он шук­рона мекунад, ки ӯ неру ва имконияти мардумозорӣ надорад:

Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Ҳофиз рафтору кирдори чунин ашхосеро, ки ба хотири даромади муфт ва зиндагии осуда мардумро ба зуҳду тақво талқин карда, худашон дар хилват даст ба корҳои ношоям мезананд, ошкоро танқид намудааст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Мо аз таҷриба шоҳиди он ҳастем, ки то он соат, ки чунин рӯҳониёни риёкор вазифаеро дар ҷомеа ба дӯш доранд, мардумро барои иштирок дар намози ҷамоат ва алоқаи мунтазам ба хонақоҳ ташвиқ мекунанд, аммо чун аз вазифа дур шуданд, дигар пояшон ба остонаи хонақоҳ намерасад. Эътиқод бояд хос барои Худо бошад, на барои дунёву манфиат ва касеро набояд маҷбур кард, ки вай барои тоату ибодат ба хонақоҳ биёяд:

Айби Ҳофиз, гӯ магӯ зоҳид, ки рафт аз хонақоҳ,

Пои озоде чӣ бандӣ? Гар ба ҷое рафт, рафт.

Дар зиндагӣ одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба Худованд эътиқод доранд, пайваста фароизро иҷро менамоянд ва барои пешрафти ҷомеа самимона хизмат мекунанд. Чун зоҳидони риёкор аз ҳоли онҳо огоҳӣ надоранд, дар ғайбашон ҳузури одамон бадгӯӣ мекунанд:

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,

Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷои ҳеҷ икроҳ нест.

Хоҷа Ҳофиз таъкид мекунад, ки касе оқибати кори дигаронро намедонад. Яъне, «кӣ рондаву кӣ хонда» дар ихтиёри Офаридгор аст. Он кас, ки пеши назари мардум ибодати риёӣ мекунад, барои пайравӣ накардан ба ӯ дигаронро мазаммат менамояд, мепиндорад, ки ӯ ба биҳишт роҳ меёбаду дигарон не:

Зоҳид шароби кавсару Ҳофиз пиёла хост,

То дар миёна хостаи Кирдгор чист?

Дар ашъори Хоҷа Ҳофиз хонандаи нозукбин он маъниро дарк карда метавонад, ки дунё ва неъматҳои онро Худованд барои инсон офаридааст ва истифодаи неъматҳо, зиндагии шоиста дар рӯи замин вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст. Инсон зиндагиро дар рӯи замин бояд ғанимат шуморад ва ба манфиати ҷомеа корҳоеро анҷом диҳад, ки фардо мардум бо некӣ номашро ба ёд оранд. Зеро ин зебоӣ ва ин неъматҳоро ҳатто дар ҷаннат пайдо карда наметавонед:

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд набишт.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор

Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.

Агар ҷавонон ба китоб рӯ биёранд ва аз панду андарзи гаронбаҳои бузургони адабиёт истифода баранд, бешак, сафи мардумфиребон дар ҷомеа кам мегардад, зеро ҷавонони саодатманду бофаросат зуд дурӯғи онҳоро фош менамоянд.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»