Арзу тӯли иқтисод

Густариши муомилоти ғайринақдӣ тақозои замон аст

№143 (3444) 27.10.2015

Соли гузашта зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карда буданд: «Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари захираҳои қарзӣ  зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳоро бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷӯӣ карда шавад».

Аз шиносоӣ  бо фаъолияти низоми бонкии мамлакат  ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар низоми бонкии ҷумҳурӣ  истифодаи технологияи нав таври густурда роҳандозӣ шудааст. Омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардад. Имрӯз дар фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ  навтарин технологияҳои низоми бонкдорӣ мавриди истифода буда, вобаста ба рӯи кор омадани навгониҳо ин ҷараён густариш пайдо намуда истодааст. Корти пардохтӣ аз ҷумлаи навгониҳои инсоният буда, рӯи кор омадани он марҳилаи нави рушду тараққиёти низоми молиявиро ҳусни оғоз бахшид. Айни замон дар аксари кишварҳои олам шаҳрвандон тамоми амалиётҳои молиявии худро тариқи чунин кортҳо амалӣ менамоянду он мавқеи пули нақдро дар чунин муносибатҳо қариб ба пуррагӣ гирифтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир дар заминаи тақвият ёфтани низоми молиявии кишвар ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҷиҳати истифодаи васеи чунин кортҳо аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа як силсила иқдомотро амалӣ намуда истодааст.

Мутаассифона, пешниҳод нагаштани маълумоти муфассалу дақиқ оид ба ин масъала дар воситаҳои ахбори омма ва мавҷуд будани баъзе монеаҳо садди роҳи рушди ин раванд гаштаанд. Имрӯз ҳамватанони мо бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ бартариҳои зиёд дорад.

Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассуташ харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст.

Сониян, барои дорандагони чунин кортҳо ҳамарӯза ва ҳангоми сафарҳояшон ба хориҷи кишвар зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёд пайдо намешавад. Барои онҳо кифоя аст, ки банкомат ё POS- терминалро пайдо намуда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтиашон пешбинишуда маблағи заруриро, ки дар ҳисоби ӯ мавҷуд аст, бигиранд. Ахиран, ин омил ба вусъат ёфтани гардиши пули миллӣ дар иқтисодиёти давлат такони ҷиддӣ гашта, ҳамзамон ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

Дар маҷмӯъ, истифодаи васеи чунин кортҳо ба ғанӣ гардидани буҷети давлат, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда кумаки амалӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар, дар сурати ҷорӣ гардидани чунин тарзи кор тамоми раванди савдо тариқи шаффоф ба қайд гирифта мешавад ва соҳибкор муваззаф аст, ки аз ҳаҷми воқеии он андоз аз фурӯши чаканаро супорад.

Чанде пештар аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби президенти Ширкати байналмилалии  «Visa International Service Association» Майкл Доннелли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии «Visa International» дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор, иҷро мегарданд. То ин вақт дорандагони кортҳои пардохтии «Visa International» ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот  мувоҷеҳ мешуданд, зеро то ин замон хариду фурӯш ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои  таври ғайринақдӣ анҷомдодашуда дар муқоиса ба муомилоти нақдӣ  ба муштариён як миқдор зарари молиявӣ мерасонид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои тибқи созишномаи пешбинишуда бонки фавқуззикр  лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии «Visa International» — TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шурӯъ намудааст.

Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, истифодаи густурдаи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»