Хатлон. Бунёди 14 корхонаи дӯзандагӣ дар се сол

№38 (3675) 11.04.2017

Чанде пеш таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими хоҷагидорӣ, аз ҷумла «Вазъи истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» баррасӣ гардид.

Дар робита муовини раиси вилоят Зоирзода Умедхон гузориш дода, аз ҷумла, зикр кард, ки се соли охир дар вилоят 14 корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфта, боиси таъсис ёфтани 637 ҷойи нави корӣ ва ду маротиба афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот гардидааст. Вале дар баробари муваффақиятҳо дар ин самт камбудии зиёд низ ҷой доранд.

Баъдан, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Зулайхо Ҳақназарова ва Сайдализода Валихон доир ба фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа андешаронӣ намуданд.

Сипас, ҳисоботи муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Матлуба Шоҳназарова «Оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки дар ҷараёни татбиқи Стратегия заминаи моддӣ — техникӣ ва таъминоти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо мутахассисон беҳтар гардид. Айни замон 1570 муассиса, аз ҷумла, 150 муассисаи бистарикунонӣ, 1121 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 94 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 3398 табиб ва 14 ҳазору 895 корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Танҳо дар 6 соли охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 43 нафар корманди соҳа бо хонаҳои истиқоматӣ ва 233 нафар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.

Зикр гардид, ки ҳанӯз ҳам дар як қатор ноҳияҳо фаъолияти бунгоҳҳои тиббӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шудааст ва дар баъзе маҳалҳо марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.

Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шодиён Маҳмад Султонзода вобаста ба фаъолияти соҳаҳои мазкур шунида шуд.

Дар охир Нақшаи генералии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар тасдиқ, пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Муъминобод оид ба тағйир додани номи як қатор деҳа, деҳот, номгузорӣ кардани чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи ашхоси шинохта ҷонибдорӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардиданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»