Луқма

Хатна ройгон, вале ташхисаш пулакӣ

№146 (4408) 07.12.2021

Хатна дар байни мардуми мусулмон ба унвони «ҳалол кардани дасти фарзанд» маъмул аст. Он амри ҳатмӣ буда, яке аз суннатҳои машҳури динист, ки 8 рӯз пас аз таваллуд иҷро мешуд. Дар асл он, нишони аҳдест, ки Худованд дар миёни ҳазрати Иброҳим ва зурриёти ӯ гузошта буд ва то ба ҳол идома дорад.

Хатна на танҳо арзиши динӣ дорад, балки дар беҳдошт ва ҳифзи саломатии бадан низ аз аҳамият холӣ нест. Хатарҳои эҳтимолӣ — паст кардани хатари уфунатҳо, беҳтар шудани ҳолати гигиенӣ ва пастшавии хатари гирифтории бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи ҷиҳатҳои исботии амали хатна мебошанд. Ин амали солеҳ бояд бо нияти солеҳ ба ҷо оварда шавад.

Тасмими Ҳукумати мамлакат дар бораи манъ кардани амалиёти хатна аз ҷониби табибони халқӣ дар шароити хона моҳи июни соли 2017 ба тасвиб расид ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» банде ворид шуд, ки бо ризояти падару модар он дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ анҷом дода мешавад. Мақсад бартараф намудани хатари бемориҳои сироятӣ ва зери назорат қарор додани кӯдаки хатнашуда мебошад. Ин дастур дар аввал ҷарроҳонро хушнуд кард, зеро ҷузъи фарҳанги суннатии мост ва ба ҳар ҳол дар пай дастсафедие низ дошт. Вале мизоҷон ба умеди хатна ба марказҳои саломатӣ омада, дар хиҷолат мемонанд. Фикр мекунанд, ки барои хатна маблағ лозим намешавад, вале барои се — чор ташхиси хатна маблағ пардохт кардан даркор. Фақат ташхиси гепатит (омоси ҷигар) 60-70 сомонӣ меистад. Фикри ғолиб он аст, ки ташхиси хатна ҳам сабукию тараҳҳумеро тақозо дорад, чунки баъзе аз падару модарон аз уҳдаи пардохти ҳаққи ташхис намебароянд, вале хатнаи фарзанд ҳатмӣ буда, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як волидайни мусулмон мебошад. Духӯрагӣ дар ин бобат, яъне ҳам бе пулу ҳам пулакӣ будани хатна баъзан падару модаронро водор мекунад, ки роҳи арзони корро ёфта, ҷарроҳонро ба хона даъват кунанд. Ин бошад, боис ба он мегардад, ки талаботи банди қонун вайрон ва эътибори он коста гардад.

Вақте ки мизоҷон барои ташхис маблағ масраф мекунанд, назарашон ба табибон дигар мешавад. Ба он хотир ки онҳо духтурони ҷарроҳро аз ташхисгарон чандон фарқ намекунанд.

Агар баробари ин тасмим ташхис барои хатна ҳам ройгон мешуд, ин эҳсон қимати дигар пайдо карда, таваҷҷуҳи мизоҷон бар тасмими Ҳукумати кишвар ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ афзуда, равнақи тоза касб менамуд ва суду фоидаи дастури хайру некукорӣ ба шахси накукор бармегашт ва подоши эҳсонашро мегирифт. Чунон ки дар «Қуръон»-и карим омадааст: «Бахшишу некуӣ кун, ҳамон тавре ки Худованд дар ҳаққи ту бахшишу некуӣ кардааст».

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»