Коммуникатсия

Хизматрасонии соҳаи алоқа беҳтар мешавад

№10 (3156) 28.01.2014

Зиндагии имрӯзаи инсонҳоро бидуни воситаҳои гуногуни алоқа, аз ҷумла алоқаи барқӣ, мобилӣ ва собит тасаввур кардан душвор аст. Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш баргузор шуд, фаъолияти Хадамоти алоқа дар соли сипаригардида мавриди баррасӣ қарор ёфта, ҳамчунин вазифаҳои кормандони соҳа дар соли 2014 муайян шуд.

Ҷаласа бо ширкати муовинони сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони корхонаҳои зертобеи  Хадамоти мазкур ва сардорони раёсату шуъбаҳои онҳо доир гардида, сардорони минтақаҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи Тоҷик» дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ тариқи пайвасти селекторӣ иштирокчии бевоситаи он буданд.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқҷон Шокиров ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли соли гузашта ва вазифаҳои кормандони соҳа барои соли ҷорӣ суханронӣ намуд.

- Соли гузашта фаъолияти кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буд. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа якҷо бо операторон ва провайдерон маблағи 2637 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2012 қариб 15 фоиз зиёд мебошад. Ба Буҷети давлатӣ 480 миллион сомонӣ андозҳо пардохт гардид, — зикр намуд зимни суханрониаш Рафиқҷон Шокиров ва ба суханонаш афзуд: — Аз ҷумла ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ ба 1722,4 миллион сомонӣ баробар шуда, хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздор аз ҷониби Оператори миллии алоқаи барқӣ ба 880 ҳазор сомонӣ расид. Тӯли соли гузашта аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти алоқа, аз қабили иҷозатномадиҳӣ, сертификаткунонӣ, рақамгузорӣ, ҷаримаҳо ва хироҷи иҷозатномадорон 26,1 миллион сомонӣ ҳамчун пардохт ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.

Дар соли 2013 субъектҳои хоҷагидоре, ки барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 155 ададро ташкил намуда, шумораи иҷозатномаҳо ба 286 расид.

Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола меафзояд. Шумораи онҳо соли гузашта ба 10666 725 расида, 6,1 миллионашонро алоқаи фаъол ташкил медиҳад.

Теъдоди истифодабарандагони Шабакаи интернети ҶСК «Тоҷиктелеком» якҷо бо истифодабарандагони интернети телефонҳои мобилӣ 3,8 миллион муштариро фаро гирифт. Ба ибораи дигар, аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 47,7 нафараш истифодабарандаи Шабакаи интернет мебошад.

Баҳри таъмини алоқаи босифат, ҳамчунин зиёд кардани нуқтаҳои телефонӣ ва вусъати Шабакаи интернети ҶСК «Тоҷиктелеком» тамоми ноҳияҳои дурдастро бо хатти  алоқаи нурӣ пайваст намуда, як қатор корхонаю вазорату идораҳо бошанд, ба тарофаи VPN- канал шарик шуданд.

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои банди 27 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2013 таҳти №23 «Дар бораи Барномаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013» тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла бо мақсади беҳтар намудани кори алоқа дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ва ройгон пешниҳод намудани пайвастшавии онҳо ба оилаҳои камбизоат 185 ҳазор рақами телефон бо телефонҳояшон насб ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» низ ҳамвора беҳтар мешавад. Ҳамаи 555 адад шуъбаҳои алоқаи марбут ба ин корхона давоми сол ба сокинони кишвар хизматрасониҳои гуногуни соҳаро пешниҳод ва таъмин намуданд. Соли гузашта КВД «Почтаи Тоҷик» ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 6156,1 ҳазор сомонӣ хизмат расонид, ки назар ба як соли пеш хеле зиёд аст.

КВД «Почтаи Тоҷик» дар ҳамкорӣ бо идораи рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ маъракаи обунаро барои соли 2014 муташаккилона оғоз бахшида, дар ҷамъбаст натиҷаи хуб ба даст овард. Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли ҷорӣ 277,5 ҳазор нусхаро ташкил намуда, аз натиҷаи як соли пеш 2,7 фоиз зиёд шуд.

Дастраснамоии муросилоти почтавӣ ва матбуоти даврӣ низ хеле беҳтар гардид. Ҳоло рӯзномаю маҷалла ва дигар муросилот ба муштариён дар шаҳри Душанбе ҳафтае панҷ маротиба ба роҳ монда шудааст.

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мансубинашон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Аз гузориши Рафиқҷон Шокиров маълум шуд, ки соли гузашта музди миёнаи меҳнати кормандони соҳа, ки 3585 нафарро ташкил менамояд, назар ба солҳои пешин қадри қобили мулоҳиза зиёд шуд. Роҳбарияти Хадамоти алоқа бо мақсади беҳтар намудани шароити манзилии кормандони соҳа дар мавзеи  Зарафшони шаҳри Душанбе ба сохтмони се бинои баландошёнаи истиқоматӣ шурӯъ намуд ва айни ҳол сохтмони он идома дорад.

Ҳамчунон роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бо маблағу воситаҳои худӣ маҷмааи бузурги пӯшидаи варзиширо бо се ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Кӯлоб сохта, мавриди истифода қарор дод.

- Мо ба ояндаи соҳа бетаваҷҷуҳ нестем, — иброз намуд Рафиқҷон Шокиров ва барои тасдиқи суханҳояш чунин гуфт: — Аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа ҳоло 90 нафар донишҷӯй дар донишгоҳу донишкадаҳои берунмарзӣ ва 15 нафари дигар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дониш меомӯзанд.

Вазифаҳои кормандони соҳа дар соли ҷорӣ басо бузурганд: ҳарчӣ бештар вусъат бахшидани фарогирии ҳамватанон бо алоқаи телефонии собит, мобилӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, анҷоми бунёди шабакаи нақлиётии баландсуръати нурӣ ба дарозии 110 километр (Хоруғ – Ишкошим), тақвияти маъракаи обуна ба рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву маҳаллӣ ва ба ин васила боз ҳам беҳ сохтани хизматрасонии соҳа ва монанд ба ин аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки кормандону мансубини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъй ва кӯшишро ба ҳалли муваффақонаи онҳо равона мекунанд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»