Ҳушдор

«Хлопушка» — боиси афзоиши коронавирус?!

№139 (4245) 13.11.2020

628875.1.1450954140Вазири иёлати Раҷастони Ҳиндустон Ашок Гелот изҳор намудааст, ки минбаъд бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси  COVID — 19 истифодаи маводи тарфгарӣ (петард, фейерверк) манъ мешавад.

- Ҳукумат қарор дод, ки фурӯш ва истифодаи маводи тарфгариро бо мақсади ҳифозати гирифторони COVID – 19 аз дуди заҳрнок манъ намояд. Зеро ҳифзи саломатии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст, — иброз доштааст Ашок Гелот.

Кормандони соҳаи тандурустии кишвар огоҳ намудаанд, ки дар фасли  зимистон, бинобар ифлосшавии ҳаво (бо сабаби истифодаи бештари сӯзишворӣ), паҳншавии вируси COVID – 19 дубора авҷ мегирад. Духтури  сироятшинос Арвинд Кумар изҳор намудааст, ки ифлосшавии ҳаво боис ба сустшавии масуният ва осебёбии  шуш мегардад. Ин  афрод нисбат ба ашхоси солим бештар осебпазиранд.

Ҳиндустон аз ҷиҳати теъдоди гирифторшудагон ба коронавирус дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Аз рӯйи маълумоти охирин, шумораи гирифторшудагон дар он ҷо 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар кишвари мо соли 1998 ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ манъ гардид, вале  иддае аз тоҷирон бо роҳи қочоқ  маводи зарарнокро ба ҷумҳурӣ ворид карда, оромии муҳитро халалдор ва ҳавои тозаро ифлос месозанд. Ҳангоми «таркидан»-и маводи тарфгарӣ ба  фазо заррачаҳои алюминий, сулфиди сурма, намакҳои қӯрғошим, нитрати барий ва дигар моддаҳои зарарнок паҳн мешаванд. Заррачаҳои алюминий метавонанд ба пӯст осеб расонида, дар организм ҷамъ шаванд ва фаъолияти бофтаҳои асабро халалдор созанд. Намаки қӯрғошим муддати зиёд дар фазо боқӣ монда, ба системаи асаб, гурдаҳо ва меъда зарар мерасонанд. Нитрати барий ба роҳҳои нафас зарба мезанад. Оксиди нитроген, озон ва диоксиди сулфур роҳҳои нафасро сӯзонида, боис ба заҳролудшавии организм мегарданд.

Мувофиқи маълумоти Ҷамъияти табибони роҳҳои  нафаси Аврупо,  гулоташ (фейерверк)-ҳо дар таркибашон сулфур, марги муш, манган, перхлорати калий ва  нитрати  стронсий дошта, ба саломатӣ зарар доранд. Илова бар ин, дуди салют то ба дурии 50 километр паҳн шуда, ба муҳит таъсири манфӣ мерасонад.

Хуб мешуд, ки аъзои Ситоди ҷумҳуриявии зидди COVID — 19 ин масъаларо ба назар гиранд.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»