Мусоҳиба дар мавзӯи рӯз

Ховалинг иқтисодиётро рушд дода, ба худтаъминкунӣ гузашт,

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

Mirzozoda-Nurullo-Abulhay-299x300[1] - мегӯяд бо ифтихор раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай

- Бо вуҷуди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ноҳияи дурдасти кӯҳистон чӣ гуна тавонист, ки ба ин муваффақият даст ёбад?

- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт зимни суханрониҳо васфи сарзамини азизамонро карда, табиати бою рангини онро ба биҳишти воқеӣ ташбеҳ медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки бо доштани чунин сарзамини биҳиштосо фақру дастнигар ва камбизоату муҳтоҷ зистан ҷоиз нест. Ховалинг як пораи ин кишвари файзбор, соҳиби обу хоки ҳосилхезу кӯҳҳои пурганҷ ва манзараҳои дилфиреб аст. Пас чӣ гуна мешавад, ки мо бо доштани ин гуна обу хоки зархез, фақру дастнигар ва камбизоату муфлис бошем?

Омили асосии ба худтаъминкунӣ гузаштан ин, пеш аз ҳама, ба таври оқилонаю самаранок истифода намудани захираҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватандӯсту хештаншинос аст. Дар заминаи захираҳои табиӣ саноати ноҳия дар ҳоли рушду нумӯ қарор дорад. Маҳз заҳмати саноатчиён буд, ки мо нақшаи ҷамъоварии андозро соли 2015 ба 123 фоиз расонидем ва азм дорем, ки соли равонро низ чун соли қаблӣ ҷамъбаст намоем.

Президенти маҳбубамон бо мақсади шинос шудану ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои заршӯйӣ дар як муддати кӯтоҳ се маротиба ба мавзеи Шугнов сафари корӣ намуданд. Аз баракати ин сафарҳо корхонаҳои «Союз-зар», «Тиллои тоҷик», «Одина», «Ганҷ», «Исроил-2011», «Артели заршӯйии Помир» хеле фаъол гардиданд. Онҳо аз даромадҳои бадаст­овардаи худ мактабу беморхонаҳои замонавӣ ва корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ бунёд карда, дар баробари боло бурдани музди меҳнати коргарон, инчунин маоши омӯзгорону табибони ба корхонаҳо рабтдоштаро низ баланд бардоштанд. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони бонангу номуси ноҳия корхонаҳои истеҳсоли шағал, мевахушк­кунӣ, таҷҳизоти пластикӣ, ду кӯпрук бо дарозии 130 ва 150 метр дар болои дарёҳои Яхсу ва Оби Мазор, осорхона ба ифтихори шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло, биноҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию ибтидоӣ бунёд намуда, се кӯпрукро дар самти роҳи деҳоти «Шугнов» аз таъмир бароварданд. Дар 1,7 километр корҳои соҳилбандӣ, 4 километр кашидани хатти оби нӯшокӣ ба анҷом расид. Инчунин, бо дастгирии соҳибкорон 40 гектар замин ба гурӯҳи заминҳои обӣ ворид ва ба дарозии 1,7 километр хатти оби полезӣ кашида шуд.

Айни ҳол аз ҳисоби сарчашмаҳои беруна ва дохилӣ дар ноҳия як қатор сохтмонҳои дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта, ба мисли бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Лоҳутии деҳоти «Лоҳутӣ» аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи таълимӣ дар деҳаи Шехмизони деҳоти «Сари Осёб» бо маблағгузории яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ идома доранд. Бо маблағҳои дохилӣ сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 280 хонанда дар деҳаи Зелолаки деҳоти «Шугнов», барои 180 хонанда дар деҳаи Кулдара, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Канаби деҳоти «Лоҳутӣ», 4 синфхона барои 75 ҷойи нишаст дар деҳаи Тиговуни деҳоти «Шугнов», марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Ҳалқаёр, Чашмаи Бедак, Садбаргҳои деҳоти «Лоҳутӣ», Дараи Мухтори деҳоти «Ҷомбахт», ташхисгоҳи байторӣ дар марказҳои деҳоти «Лоҳутӣ», «Ҷомбахт», «Сари Осёб», гулгашт бо бунёди 6 адад фаввора дар майдони марказии ноҳия, маҷмааи дилхушӣ барои кӯдакон ва боз ба ҳамин монанд дигар сохтмонҳо босуръат давом карда истодаанд, ки аксари онҳо дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд. Айни ҳол машғули асфалтпӯш намудани кӯчаҳои маркази ноҳияем. Азнавсозии роҳи 90- километраи Восеъ-Ховалинг дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин, чанде қабл дар наздикии «Чилчанор»-и машҳур ба бунёди бинои ҳаштошёна шурӯъ намудем.

- Музди миёнаи меҳнати кормандони корхонаҳои истеҳсолию буҷетии ноҳия чанд сомониро ташкил медиҳад?

- Алҳол музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 1185 сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 175 сомонӣ зиёд аст. Музди миёнаи меҳнати саноатчиён 1700 сомонӣ, кишоварзон 525 сомониро ташкил мекунад. Як сабаби нисбат ба дигар шаҳру навоҳии минтақаву вилоят камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони ноҳияи мо маҳз ҳамин бартарии музди меҳнат аст. Имрӯз, дар маҷмӯъ, 854 шаҳрванди ноҳияи мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки ҳамагӣ 19 нафари онҳо аз деҳоти «Шугнов» аст. Яъне, ҳамон деҳоте, ки музди миёнаи меҳнат дар он ҷо аз 2000 сомонӣ болост.

- Ховалинг аз гурӯҳи он ноҳияҳоест, ки то имрӯз ягон нафаре аз шаҳрвандонаш дар муноқишаҳои Сурияву Ироқ ширкат надоранд…

- Шукр мекунам, ки то имрӯз ба сафи гурӯҳои ҷоҳилу бадхоҳ, ки бо амалҳои манфурашон исломи азизро доғдор карданӣ ҳастанд, нафаре аз Ховалинг шомил нашудааст ва ин шаҳодати он аст, ки мардуми ноҳияи мо ватандӯстони воқеӣ буданду ҳастанд. Онҳо дар баробари ин сифати накуяшон муштоқу пайравони асили исломи ноби азалианд. Маҳз ҳамин амалу сифаташон сабаби ободу зебо гардидани маконҳои муқаддаси ноҳия, ба амсоли мазори Султон Вайси Қаранӣ гаштааст, ки дар кишвар шабеҳи худро надорад. Вале онҳо қаҳрамонони шуҷоу ватанпарасти худро эҳтирому қадр мекунанд. Масалан, мо ба хотири 130- солагии шӯриши Восеъ ва гиромидошти рӯҳи дигар гузаштагони ситамнописандамон, ки ба муқобили ҷабру зулм, минҷумла андозбандиҳои миёншикани манғитҳои саҳронишин шамшер ба даст гирифта, вориди майдони адл шуда буданд, дар шафати чашмаҳои «Чилчанор» муҷассамаи Восеъро гузошта, саҳни онро ободу зебо намудем. Осорхонаи ӯ дар зодгоҳаш — деҳаи Дараи Мухтор бо усули нав тармиму таҷдид гардида, ба осорхонаи таърихию кишваршиносӣ табдил дода шуд.

Дар идомаи амалҳои худшиносӣ дар канори деҳаи Доробӣ нимпайкараи Каримқаҳрамонро гузошта, хона-музеяшро таъмиру тармим намудем. Ин ҳамон Каримқаҳрамонест, ки савора бо аспи Гули Бодоми худ то ба лонаи фашистон — Берлин расиду сарфармондеҳи ҷабҳа ва ҳамяроқон ӯро барои сазовор шудан ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ номзад пешниҳод карда буданд.

- Инчунин, дар ноҳия лоиҳаҳои зиёди давлатӣ татбиқ шуда истодаанд. Онҳо кадом соҳаҳоро дар бар мегиранд?

- Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Ховалинг», дар охири соли гузашта лоиҳаи давлатӣ таҳти унвони Барномаи «Рушди чорводорӣ ва беҳдошти чарогоҳҳо» мавриди амал қарор гирифт ва тавассути он 19 трактори МТЗ ва дигар олоти коркарди замин ва боркашонӣ ворид гардид. Алҳол 4 лоиҳаи давлатӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд, ки то имрӯз тавассути онҳо 2 миллиону 760 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо ба анҷом расонда шудаанд.

Соли 1979 бо ташаббусу дастгирии молии марказ ё худ умумиттифоқ, Иттиҳодияи агросаноатии Ховалинг ташкил гардида буд, ки мақсади он бо маҳсулоти босифати гӯштӣ таъмин намудани сокинони пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ-Москва буд. Он вақт дар оғилхонаҳои бузургу кушодаи он, ки дар майдони васеи соҳили дарёи Оби Мазор қарор дошт, 48 ҳазор сар гови зоти гӯштӣ парвариш карда мешуд. Ҳоло ин рақам дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 22 ҳазор сарро ташкил мекунад. Имрӯз бо ташаббуси ду нафар соҳибкор як қисмати майдонҳои дар ҳоли валангор қарордоштаи парвокунӣ таъмиру тармим гардидааст ва онҳо ба таври бордоркунии сунъӣ чорвои дар ихтиёрдоштаашонро хушзот карда истодаанд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи мардум дар баробари чорводорӣ ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ бештар гардидааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки занбӯриасалпарварон дар мавсими гузашта 59 тонна ва айни замон беш аз 40 тонна асал истеҳсол намуданд. Нақшаи дурнамои истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ пурра ва барзиёд иҷро гардид. Умуман, дар шароити табиии ноҳия барои рушди соҳаҳои чорводорию занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ шароиту имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

- Оё бо чунин шароит вақти он нарасидааст, ки кори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад?

- Бале, вақти он кайҳо расидааст. Бо ин мақсад моҳе қабл бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия Форуми ҷавонони вилоят баргузор гардид, ки ба он ҷавонон аз шаҳру навоҳии дигари кишвар низ даъват шуда буданд. Иштирокчиён се рӯз дар баробари табодули андеша ҷойҳои таърихиро сайр намуданд. Дар оянда имкониятҳоямонро ба он равона мекунем, ки кори туризми дохилӣ намунавор ба роҳ монда шавад, зеро он соҳаи хеле манфиатбахш ба ҳисоб меравад.

 Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»