Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Иқдомҳои бузург дар соҳаи об

№53 (3847) 01.05.2018

ВахшВоқеан, Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои бузурги об дар минтақа нисбат ба мушкилоти соҳаи об бетараф набуда, пайвас­та бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ онро дар маркази таваҷҷуҳи сокинони сайёра қарор медиҳад.

Аз солҳои аввали асри нав чанд ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби Созмони  Милали Муттаҳид (СММ) қабул шуд, ки бозгӯкунандаи мавқеи кишвар доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошад.  Аз ҷумла, якуми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки  соли 2003 — «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин пешниҳод 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза»  эълон  шуд.  Аз 29 август то якуми сентябри ҳамон сол  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими  кушодашавии он суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал нашуда, дар оянда низ яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пешниҳоди эълон кардани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об- барои ҳаёт» ба иштирокчиён ироа намуданд: «Пешниҳод ин аст, ки аз соли 2005 то соли 2015-ум даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин иқдом ҷавобгӯйи Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд, ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум дар ҷаҳон мебошад».

Ҳамин тавр, Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе, 23 декабри соли 2003 Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» эълон намуд.

Таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим (31 август — 4 сентябри 2009) дар шаҳри  Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  (7-8 декабри соли 2009) пешниҳод гардида буданд ва эълон намудани соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010) аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари Тоҷикистон мебошанд. Дар ин робита 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Пешниҳоди нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ин эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки  22 марти соли 2018 раванди  татбиқи он оғоз шуд.

Дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла кишвари мо, то имрӯз  чанд конфронсу симпозиуми сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки агар аз як тараф, ҳассосияти масъалаи обро нишон диҳад, аз ҷониби дигар муаррификунандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба ҳисоб мераванд.

Аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат ба хулоса омадан мумкин аст, ки кишвари мо нисбат ба мушкилоти вобаста ба об ҳеҷ гоҳ мавқеи бетарафиро ишғол накарда, барои ҳалли он ҳамеша ҷидду ҷаҳд намудааст. Шояд бо захираи бузург, ки  қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбаду танҳо 10 фоиз дар дохили кишвар истифода мешавад, агар дигар давлат мебуд, ҳеҷ гоҳ фикри мушкилоти онро намекард. Аммо Роҳбари кишвари мо дар доираи принсипи башардӯстона борҳо иброз доштанд, ки бо вуҷуди дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор доштан, ҳеҷ гоҳ дар фикри ташна гузоштани ҳамсояҳои худ нестем ва баръакс, истифодаи самараноки захираҳои обиро барои дигар кишварҳои минтақа пешниҳод менамоем.

Азизмо Абдуллоева,

омӯзгори гимназияи № 1

барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе