Иқдомҳои наву замонавӣ ва ташаббускориҳои созанда

№106 (3900) 30.08.2018

Чанд сухан дар робита ба натиҷаҳои ҳамоиши байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез», ки 3-4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Фаъолияти гуногунҷанбаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мафҳуми давлат ё миллати хурду кӯчак вуҷуд надорад. Ташаббус ва ибтикороти Пешвои миллат на танҳо манфиати давлати Тоҷикис­тон ва аҳолии он, балки мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои муб­рами тамоми инсониятро фаро гирифтааст.

Муҳаққиқон бар он андешаанд, ки асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезии дақиқу созандаашон мебошад, ки бо неруи иродати бузург дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохтанд. Ҳамин сиёсати қавӣ буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки сарчашмаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост. Фаъолият ва корсозиҳои Президент давра ба давра, дар пайвастагии мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва бо ҳадафҳои бузурги миллӣ ба як низоми густурда ва неруманди кишвардорӣ мубаддал гардида, самтҳои низоми давлатдорӣ ва назми зиндагии мардумро дар созгорӣ бо авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масири созандагӣ ҳидоят намуд.

Дар натиҷаи пирӯзии сулҳ ва ризояти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро ҷиҳати пешрафт интихоб кардааст, эътимод намуд. Ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналмилалӣ ҳамкориро бо мо шурӯъ карданд. Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ боло рафт. Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ чун ИДМ, СҲШ, АвруОсиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкориҳои исломӣ буда, пайваста талош дорад, ки тавассути тавсеаи ҳамкориҳо масъалаҳои мубрами иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва барои рафъи хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза дар иттиҳоди кишварҳои манфиатдор нақши муассир дошта бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз рӯзҳои нахуст фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ неруафзоии иқтидори дохилии мамлакатро ҳамчун вазифаи муҳим арзёбӣ намуданд. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, мутавозин, асоснок ва дорои механизмҳои муассири ҳамкорӣ бо ҳама кишвар ва субъектҳои равобити байналмилалиро тақозо дошт. Бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар даврони ниҳоят мураккаб, пуртазод ва ҳассоси таърихи башар ҷараён мегирад. Шинох­ти дақиқ ва объективии мазмуни аслии раванд­ҳо ва тамоюли муҳимтарини рӯз ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо бар замми печидагӣ ва бартариҷӯйии чандҷониба басо тағйирёбанда ҳам мебошанд. Аз ин рӯ, баррасӣ ва идроки мазмуни воқеии онҳо бағоят зарур аст ва метавон гуфт, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо камоли диққату назокат ба умқи масъала расида, бар асоси он сиёсат­ро таъйид намудаанд.

Дар маҷмӯъ, сиёсати мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгаройӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкат ва эҳсоси масъулияти Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мубраму умумиинсонӣ боис шудааст, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди барҷастаи миллӣ ва таърихӣ бо кору пайкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад. Татбиқи ҳадафи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки он усулу равиши муназзам ва сабки хоси давлатдориро дар бар мегирад. Ба ин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунанд, балки онро дар асоси қабули қарорҳои сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои муносиб татбиқ менамоянд. Аслан, нақшаҳо ва пешниҳодоти Сарвари кишвар дар баробари хусусияти барномавӣ доштан, ғолибан бо механизму василаҳои мушаххаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ мебошанд.

Таърихи навтарини Тоҷикистони соҳиб­истиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Пешвои миллат тавонистанд ҷомеаро ба иҷрои вазифаҳои бузург раҳнамоӣ кунанд ва мардум ҳам бо камоли ирода Сарвари худро пайравӣ менамоянд. Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳибкорӣ, танзими расму оини миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср — неругоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Чормағзак», «Шаҳрис­тон» ва садҳо ибтикори дигар бо дастгирии комил ва ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омад. Суханрониву муроҷиатҳои Пешвои миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозӣ ёфтаву меёбад, зеро ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва бо дарки воқеият ба миён гузошта мешаванд.

Иқдоми навини созандагии Пешвои миллат баргузор гаштани ҳамоиши байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифтротгаройии хушунатомез» мебошад, ки 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар он беш аз 400 нафар иштирокчӣ аз ­бисёр мамолики дунё ва 30 ҳайати намояндагӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман диққати ҳозиринро бо фикр ва мулоҳизаҳои нишонрас, таҳлили амиқи мушкилот, роҳҳои пешниҳодшуда оид ба ҳаллу фасли муаммоҳои бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез иртиботдошта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаҳони муосир ба худ ҷалб намуд.

Терроризм ва ­ифротгаройии хушунатомез дар охири асри гузаш­та пайдо шуда, дар Тоҷикис­тон асари фалокатбор гузошт. Зимни суханронӣ Пешвои миллат омил ва сабабҳои зуҳури ин вабои асрро нишон дода, зарурати пурзӯр кардани муборизаро алайҳи он, зуҳуроти навини террористӣ ва ифротгаройӣ, аз қабили кибербарномаҳои террористӣ, созмонҳои минтақавӣ ва фаромиллии он, идораи созмонҳо ва неруҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таъкид намуданд. Яке аз омилҳои асосии пайдоиши терроризм, ба хулосаи Пешвои миллат, тангии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зиддияти миёни тамаддунҳо мебошад. Ба ин омил зиддият ва бартариҷӯйиҳои давлатҳои муқтадир низ таъсир мегузорад. Вазъи нобасомони Афғонистон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ омилҳои таъсирбахши дигари авҷ гирифтани терроризм ва ифротгаройии хушунатомез мебошанд. Исломпарастӣ, миллатгаройӣ, ба кӯчаи сарбаста даромадани арзишҳои ахлоқӣ, зиддиятҳои динӣ ва тамаддуниро ба миён овардааст. Агар дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта терроризм ва дигар ­тундгаройиҳои динӣ ва нажодӣ дар 15-20 кишвари дунё мавҷуд буданд, имрӯз он, ба хулосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 100 кишварро фаро гирифтааст. Дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ бошад, намояндагони давлатҳои зиёд дар сафи террористони гурӯҳҳои ДИИШ, Ал-қоида ва Толибон меҷанганд. Теъдоди зарардидагон, фавтида ва тарки маконкарда аз миллионҳо нафар афзун аст. Боиси нигаронист, ки теъдоди зиёди зарардидагонро занон ва бачагон, умуман мардуми осоишта, ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва молиявии терроризми байналмилалиро нишон дода, нигаронии худро аз сиёсати духӯраи баъзе давлатҳо ва сиёсатмадорон иброз доштанд. Роҳбари мамлакат огоҳ намуданд, ки ҳанӯз дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта намояндагони баъзе давлатҳо вазъи Афғонис­тон ва терроризмро дар Осиёи Марказӣ танҳо мушкили минтақа ва давлатҳои алоҳида мешумориданд. Баъди воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 дарк намуданд, ки онҳо хеле таъхир кардаанд. Ҳалли он бо роҳи низомӣ мушкилоти зиёд пеш овард: кишварҳо ба майдони задухӯрди ҳарбӣ табдил ёфта, иқтисодашон хароб, мардум сарсон ва дарбадар шуданд. Натиҷаи дахолатҳои ҳарбӣ буд, ки садҳо ҳазор мардум роҳи муҳоҷирати маҷбуриро пеш гирифт.

Имрӯз Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ мебошад. Мувофиқи ахбори фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар марзи бо Афғонистон доштаи Тоҷикистон, ки беш аз 1400 км аст, зиёда аз 7000 ҷангии Давлати исломӣ ҷамъ омадааст. Баъди саркӯб шудан дар Сурия ва Ироқ онҳо Афғонистонро ба саҳнаи ифротгаройӣ ва ҷиноятҳо табдил додаанд, ки ба бехатарии Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд. Ба изофаи террорис­тони гузаро дини мубини исломро барои расидан ба ҳадафҳои зишт шиор намудаанд. Дар ин замина онҳо байни дину мазҳаб рахна зада, исломпарастӣ, миллатгаройӣ, бархӯрди тамаддунҳоро ба миён меоранд.

Дар роҳи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгаройии хушунатпазир Тоҷикистон таҷриба ва бо ташкилоти дахлдори минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкории зич дорад. Дар ин самт Тоҷикистон бо ИДМ, СААД, СҲШ барномаҳои дарозмуддатро роҳандозӣ месозад. Чунин ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна низ ба роҳ монда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Тоҷикис­тон дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгаройии хушунатомез ба ҳамкорӣ ҳамеша омода аст». Сарвари давлат афзуданд, ки «аз роҳи низомии ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон даст кашида, ба роҳи сиёсӣ, муколамаи байни гурӯҳҳои ба ҳам зид, кумаки иқтисодӣ ва молиявӣ ба кишварҳои дучори ҳамлаи ифротгароён ва террористоншуда бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад». Дар ин замина, ҳамкориҳои нав дар самти мубодилаи иттилоот, пешгирии таҳдиди кибертерроризм, гардиши маводи мухаддир ва силоҳ хеле пураҳамият мебошад. Зарур аст, ки натиҷаҳои ҳамоиши байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ­ифротгаройии хушунатомез» чун иқдоми нави Роҳбари пешбар ва ташаббускор васеъ тарғиб ва ташвиқ гардад.

 Муаззамхон Ансорӣ, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор, Шодмон Воҳидов, профессор