Иқдоми неки бародарони соҳибкор

№124 (3761) 19.10.2017

Бо кӯшишу талошҳои раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб дар деҳоти «Сартало» пойгоҳи обкашӣ дар масофаи тақрибан як километр аз дарёи Мук сохта шуд. Ин иншоотро бародарон Сиддиқовҳо — Ҳакимбек, Завқибек, Аҳтамбек ва Ҷамшед маблағгузорӣ карданд.

Онҳо дар 50 гектар замини бекорхобидаи мавзеъ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, баҳори соли равон онро обёрӣ карданд. Соҳибкорон дар 12 гектар замин бори аввал картошка кишт намуда, ният доранд, ки рӯзҳои наздик ба ҷамъоварии ҳосили он шурӯъ кунанд. Қисми зиёди ҳосили бадастоварда барои тухмӣ захира мешавад. Онҳо мақсад гузоштаанд, ки соли оянда майдони кишти картошкаро  васеъ намоянд.

- Мушкили асосии кишоварзони ноҳия обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида мебошад. Боварии комил дорем, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ин масъала пурра ҳал ва дар ноҳияи Лахш садҳо гектар замини нав ба истифода дода мешавад. Бародарон Сиддиқовҳо барои дигар соҳибкорон роҳ кушоданд ва онҳоро ба бунёдкориву созандагӣ роҳнамоӣ карданд. Бешубҳа, мардони бонангу ори ноҳия ин иқдоми наҷибро дастгирӣ хоҳанд кард, — гуфт раиси ноҳия.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»