1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

12566 ПРОТОКОЛ — «САМАР»-И НАҚЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

№70 (3550) 31.05.2016

DSC_1732Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Бадридинова муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон хабарнигорамон бо ӯ мусоҳиб шуд.

- Зарурати таъсис додани ин ниҳод чист?

- Бо мақсади  таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар бораи таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак масъалагузорӣ намуданд.

Бобати иҷрои ин дастури Президенти мамлакат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Бинобар таъсиси ин мақом ба як қатор қонунҳои амалкунанда низ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардид.

Оид ба таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҷрибаи давлатҳои дигар ба назар гирифта шуд. Масалан, дар Маҷористон, Словения, Испания низ ин сохтор дар таркиби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст.

- Вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз чӣ иборат аст ва ба кадом самтҳо афзалият дода мешавад?

- Сохтори мазкур ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқ, барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла амалӣ гардонидани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.

Барои иҷрои ин вазифаҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз  он  ваколатҳое, ки қонун барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ намудааст, истифода мебарад.

Диққати бештар ба ҳифзи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир, кӯдакони дорои маъю­бият, духтарон, кӯдакони ақаллиятҳои миллӣ, хусусан ҳуқуқи онҳо ба таҳсил дода мешавад. Бо ин мақсад мониторинги риояи ҳуқуқу озодиҳои ин  гурӯҳи кӯдакон баргузор мегардад.

- Ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1993 онро ба тасвиб расонид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои он ба Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ ду маротиба маърӯзаи миллӣ пешниҳод намуда, бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак чораҳои мушаххас андешид.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ нақшаву барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳои дахлдор қабул ва амалӣ мегарданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, ҳимояи онҳо аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул гардиданд.

Ҳамрадиф бо ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории алоҳида – шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ яке аз тавсияҳои кумитаи мазкур аст.

- Оид ба масъалаи мавриди назар кадом омилҳо бештар сабаби муроҷиати шаҳрвандон мегарданд?

- Солҳои 2012-2015 дар шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 286 муроҷиати шаҳрвандон  ба қайд гирифта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мазмуни шумораи зиёди муроҷиатҳоро  ҳуқуқ ба таҳсил ва алимент  ташкил медиҳанд.

Мушкилиҳои дигари дар ин самт ҷойдош­та ба худкушӣ даст задани кӯдакон, дар кӯча мондани онҳо, содиршавии ҷиноятҳо нисбат ба кӯдакон ва аз ҷониби онҳо, дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб- интернатҳо ҷойгир намудани кӯдакон, бемасъулиятии волидон дар таълиму тарбияи кӯдак маҳсуб мешавад. Барои мисол, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 106 ҳолати суиқасд ва худкушии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, нисбат ба падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд, 12 ҳазору 566 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳо нисбат ба онҳо ҷазо таъин карда шуд.

 Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»