Ба мо муроҷиат мекунанд

22 сол аст сарсонам

№70 (4020) 18.06.2019

Ман — Мӯсоева Мавлуда Меликовна, сокини шаҳри Душанбе, модари 4 фарзанд. Аз соли 1997 овораву сарсонам.

Моҳи феврали соли 1997 аз шиносҳоям фаҳмидам, ки дар кӯчаи Мушфиқӣ, бинои 136, хонаи рақами 2 фурӯхта мешавад. Ҳамроҳи соҳибмулки он Сафаров Ривоҷиддин Музаффарович онро аз назар гузаронидам ва бо нархи муайянкардаи номбурда харидорӣ намудам. Пас аз пардохтани маблағ бояд ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиро ба расмият медаровардем. Лекин бо сабаби беморӣ ин корро анҷом дода натавонистам. Пас аз сиҳат ёфтан ба хонаи харидаам маскун гардида, то моҳи августи ҳамон сол дар он ҷо зиндагӣ кардам.

5 августи соли 1997 ашхоси мусаллаҳ ба хонаам даромада, маро бо таҳдид пеш карданд. Тарки манзил намудам ва моҳи ноябр ба номи Роҳбари давлат ариза навиштам. Аз ҷониби Президенти кишвар барои баррасии қазия ба Прокуратураи шаҳри Душанбе супориш дода шуд. Пас аз ин маро кормандони прокуратураи шаҳр даъват карданд. Хулоса ва маслиҳати онҳо чунин буд, ки мушкилии ман ҳалнашаванда аст ва шикоят кардан беҳуда мебошад.

Соли 2007, баъди 11 соли аз манзил маҳрум шудан, рӯзе ҳамсинфамро, ки корманди соҳаи амният буд, вохӯрдаму дарди худро баён намудам.

- «Ин кор ҳалшаванда аст», — маро дилпур кард ӯ. Ҳамин тариқ, бо маслиҳати ӯ бо ариза ба Прокуратураи генералӣ, назди Ином Раҷабов даромадам. Ӯ талаб намуд, ки соҳиби пешинаи хона — Ривоҷиддин Сафаровро наздаш орам. Ба назди Р. Сафаров рафтам. Ӯ мақсадамро шунида, асабӣ шуд. Гуфт, ки аввал ба МБТИ(КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул») меравему баъд ба прокуратура. Ҳамроҳ ба МБТИ рафтем. Р. Сафаров ҳуҷҷатҳои манзили ба ман фурӯхтаашро талаб кард. «Чӣ хел бе ману ту онҳо хонаро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд?», — гуфт ӯ.

Бо ҳуҷҷатҳо ба Прокуратураи генералӣ рафтем. Р. Сафаров ба Ином Раҷабов баёнот дод, ки хонаро ман бо нархи 1250 (ҳазору дусаду панҷоҳ) доллари амрикоӣ харидорӣ намудаам. Ғайр аз ман хонаро ба касе нафурӯхтааст. Баъд аз ин ҳодиса дар дилам умеде пайдо шуду ба Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудам. Дар раванди тафтиши ариза кормандони он ошкор намуданд, ки 11 августи соли 1999  байни соҳибмулки пешинаи манзил Сафаров Ривоҷиддин Музаффарович ва шаҳрванд Зоҳиров Қурбоналӣ Ҳасанович шартномаи хариду фурӯш баста шуда, он аз тарафи Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти феҳрасти №6д-2027 ба қайд гирифта шудааст, дар он имзои Р. Сафаров мавҷуд нест. Вале Зоҳиров Қурбоналӣ Ҳасанович бо истифода аз ҳуҷҷати қалбакӣ манзили истиқоматиро бо ваколатномае, ки 22 апрели соли 2008 аз тарафи Идораи давлатии нотариалии шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст, ба шаҳрванд Одинаев Холбозор Холмуминович мефурӯшад. Дар навбати худ, Х. Одинаев тавассути ваколатнома шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматиро  аз номи Қ. Зоҳиров ба номи Қосимова Назокат Хуҷаевна таҳти феҳрасти №1Ш-1073, аз 15 майи соли 2008 ба қайд мегузорад.

Бар замми ин, дертар, бо супориши яке аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ маро гунаҳкор бароварданд, ки гӯё Р. Сафаров ба ман 900 (нуҳсад) доллар дода бошад ва гӯё писарам аз ӯ 300 (сесад) доллар қарздор бошаду  бо ҳамин ҳисоби мо баробар шудааст. Ман — нафақагири иҷорашини саргардон, модари 4 фарзанд, талаб дорам, ки туҳматчиён ба ҷавобгарӣ кашида шуда, масъала аз нав баррасӣ шавад.

М. МӮСОЕВА, сокини шаҳри Душанбе