25 соли хизмат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол

№134 (4084) 05.11.2019

Ваколатдор  (1)Вожаи лотинии «сonstitutio», ки маънои тоҷикии он «муқаррар» ё «муайян менамоям» мебошад, садсолаи сеюм аст, ки ба сифати истилоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муоширати сиёсӣ, назария ва амалияи давлатдорӣ истифода мешавад.

Давлатдории имрӯзаро бе Конститутсия тасаввур кардан номумкин аст, зеро масъалаҳои асосӣ, бунёдӣ ва калидии ҷомеа дар ин санад муқаррар карда мешаванд. Аз ин ҷо Конститутсияро ҳамчун қонуни асосӣ низ ном мебаранд.

Аз дигар тараф, муқаррар намудани масоили асосии ҷомеа ва давлат дар Конститутсия имкон медиҳад, ки тибқи меъёрҳои ин санад масъалаҳои дигар дар қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ муайян ва танзим карда шаванд.

Ҳамчунин, муқаррар намудани масъалаҳои бунёдии ҷомеа дар Конститутсия тақозо менамояд, ки ин санад ба сифати қонуни асосӣ эътироф гардида, ба он қувваи олии ҳуқуқӣ дода шавад ва дигар санадҳо (қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ) дар асос ва барои амалишавии меъёрҳои он таҳия ва қабул гарданд.

Дар Тоҷикистон то эълони Истиқлолияти давлатӣ чор маротиба — солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул шудааст. Ин конститутсияҳо дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шудаанд ва моҳияту мақсаду мароми ҳамон сохти ҷамъиятиро инъикос карда, Тоҷикистонро ҳамчун узви федератсияи шӯравӣ ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ муайян карда буданд.

Баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) зарур буд, ки Конститутсияи нав таҳия ва қабул карда шавад. Ин зарурат ба чунин омилҳо вобаста буд:

Якум, мутобиқат накардани меъёрҳои конститутсияи амалкунанда, яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 1978, ба воқеияти бавуҷудомада, гарчанде ба ин санад ҳангоми эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид гардида буданд.

Ба ин нигоҳ накарда, моҳият, рӯҳ, қолаб, сохтор ва тарзи ифодаи (навишти) меъёрҳои ин конститутсия шӯравӣ буданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузаш­та ба фаъолият шурӯъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Дуюм, зарур буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон, ки масъалаи бунёдии ҷомеа мебошад ва масъалаҳои дигари калидии ҷомеа — соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ – соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ғайра дар Конститутсия ифода (сабт) гарданд.

Сеюм, лозим буд, ки роҳи рушди минбаъдаи кишвар муайян, мақсаду вазифаҳо, арзишҳои асосӣ ва тарзу воситаҳои барпо кардани ин ҷомеа дар қонуни асосӣ мушаххас карда шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони соҳибис­тиқлолии Тоҷикистон тарафкашиҳои қувваҳои сиёсӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Баъзеи онҳо тарафдори нигоҳ доштани сохти шӯравӣ, қисме ҷонибдори барпо кардани давлати исломӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои шариат, гурӯҳи дигар хоҳони созмон додани ҷомеае ба мисли ҷомеаҳои пешрафтаи Ғарб буданд. Қисми боқимонда (аксарияти мардум) донистаю надониста аз дунболи ин қувваҳо мерафтанд. Дар чунин вазъият зарур буд, ки роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа, мақсаду маром ва арзишу меъёрҳои он муайян ва интихоб карда шавад. Ин масъала танҳо дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани қувваи нави сиёсӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро пайдо кард. Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия ба таври қатъӣ иброз намуданд, ки: «мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем».

Дар натиҷа, дар моддаи якуми Конститутсияи соли 1994 шоҳроҳи рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, сабт гардид. Барои барпо кардани чунин давлат дар Конститутсия принсипу арзишҳои нав, ки барои ин раванд заруранд, аз қабили баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқи Тоҷикистон, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, волоияти Конститутсия ва қонунҳо, гуногуншаклии моликият ва ҳифзи баробари онҳо, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ пешбинӣ гардиданд.

Албатта, барпо кардани чунин ҷомеа ва давлат давраи муайянеро тақозо менамояд, зеро: — Якум, асосҳои илмӣ ва назариявии ин давлат вобаста ба воқеияти Тоҷикистон мавриди баррасию коркард қарор нагирифта буданд. Ҳаёт низ нишон дод, ки созмон додани чунин ҷомеа ва давлат вақти тӯлонӣ ва меҳнату заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки асосҳои илмӣ ва назариявии чунин давлат дар ҷомеаҳои пешрафта, хусусан, давлатҳои аврупоӣ, ҳанӯз дар аввали садаи 18 мавриди тадқиқ қарор гирифта буданд. Аз ин ҷо, зарур буд, ки асосҳои илмӣ ва назариявии давлат вобаста ба хусусиятҳои хоси Тоҷикистон (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ, таърихӣ, сиёсӣ) мутобиқ сохта шаванд.

Дуюм, зарур буд, ки мафкура, муносибати одамон, кирдор ва рафтори онҳоро вобаста ба ин арзишу меъёрҳо (аз ҷумла, волоият ва ­эътирофу эҳтироми қонун, иҷрои бечунучарои талаботи меъёрҳои он, тибқи меъёрҳои қонун фаъолият намудани мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо) дигар кард. Ин масъала хеле мушкил, мураккаб ва тӯлонӣ буд, ки ҳатто мумкин аст ивазшавии як насл ба насли дигарро тақозо намояд.

Сеюм, мутобиқгардонии (мукаммалгардонии) низоми ҳуқуқии мавҷудаи мамлакат (меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сохтору мақомоти ҳифзу татбиқи ҳуқуқ) ба талаботи принсипу меъёрҳои давлати ҳуқуқбунёд зарур буд. Солҳои сипаришуда собит сохтанд, ки на ҳама меъёру талаботи давлати ҳуқуқбунёд якуякбора амалӣ мешавад. Дар ин раванд гуногунфаҳмиҳо, мушкилоту ихтилофоти зиёд ба вуҷуд меоянд. Масалан, тавре аз амалияи солҳои аввали баъди истиқлолият (солҳои 1991 – 2000) бармеояд, на ҳама меъёрҳои қонунҳои қабулшудаи он замон амалӣ гаштанд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки на танҳо ба қонунҳои алоҳида, ҳатто ба Конститутсия тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ қарор гирифт. Пешвои миллат дар ин робита, аз ҷумла, таъкид карданд, ки: «… бо рушду такомули ҷомеа Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Чунин зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикис­тон низ пеш омад, ки мо онро сари вақт анҷом додем».

Ҳамин тариқ, ба Конститутсияи соли 1994 се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) тағйироти дахлдор ворид карда шуданд, ки онҳо, аз як тараф, Конститутсияро такмил бахшанд, аз тарафи дигар, барои пешрафти ҷомеа, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои берунии мамлакат заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ муҳайё намуданд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «… такмили Конститутсия ба мо имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди воқеан ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Дар ҳақиқат, нақши Конститутсияи соли 1994 дар тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ҳаёти ҳар як шахси алоҳида муҳим мебошад. Итминон дорем, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа якҷо бо он такмил меёбад ва муддати тӯлонӣ ба халқу Ватан хизмат мекунад.

Зариф АЛИЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон