Аз нишастҳои матбуотӣ

82,4 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 11 ҳазор ҳолати ҷудошавии оилаҳо сабт гардид

№20 (3970) 19.02.2019

ОМОР (3)Соли гузашта 82,4 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,9 дарсад зиёд мебошад. Аммо 11 ҳазор ҳолати ҷудошавии оилаҳо сабт гардид, ки нисбат ба як соли пеш 9,4 дарсад зиёд аст. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 228,9 ҳазор навзод ва 32,3 ҳазор фавтидаро ба қайд гирифтаанд. Ин маълумотро зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврал баргузор шуд, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз кард.

Номбурда гуфт, ки соли гузашта лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» ба анҷом расид ва ҷиҳати кам кардани шумораи ҳисоботи оморӣ ва гузариш ба ҳисоботи электронӣ чораҳои мушаххас андешида шуд. Аз ҷумла, 14 шакли ҳисоботи оморӣ ихтисор карда, дар сомонаи расмии агентӣ 25 ҳисоботи электронии моҳона, семоҳа ва солонаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, савдо, хизматрасонӣ, молия, сохтмон ва меҳнат ҷой дода шуд. Инчунин, бо мақсади таҳияи хазинаи маълумот оид ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ҳисоботи 168 ҳазору 196 хоҷагӣ ба хазинаи электронӣ ворид гардид.

Барои дар амал санҷидани лоиҳаи қои­даҳои ташкилӣ ва методологӣ, барнома ва ҷараёни коркарди технологии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаҳои 64 ва 91-уми шаҳри Душанбе, шаҳри Нораки вилояти Хатлон барӯйхатгирии санҷишӣ гузаронида шуд. Ҳоло омодагӣ дар ин самт идома дорад.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»