Ҳаҷ-2019. Омодагӣ ба он чӣ гуна аст?

№67 (4017) 13.06.2019

kaaba_73Ҳарчанд талабгорони зиёрати хонаи Худо дар кишвар бамаротиб зиёд аст, аммо меъёрҳои муайяннамудаи давлати Арабистони Саудӣ имкон намедиҳад, ки  шумораи бештар сафар кунанд. Аз ин рӯ, масъулони ниҳодҳои марбутаи  кишвар хоҳишмандонеро, ки имкони ба ҷо овардани фаризаи ҳаҷ доранд, ба рӯйхат гирифта, дар навбат мегузоранд. Ҳамин тариқҳар сол наздики 6 ҳазор нафар ҳамватанон ҳаҷи фарзиро ба ҷо меоранд.

Инак, масъалаи сафарбаркунии имсолаи  зоирин низ шурӯъ шуд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз омодагӣ ба он ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҳаҷ ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тавре сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ Абдуғаффор Юсуфов изҳор дошт, айни замон омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2019» ҷараён дошта, қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон ба анҷом расида, ҳаҷравандагон маблағи муайянгардидаро барои хизматрасониҳо пардохт намуданд.

- Ба хотири таъмини саломатии зоирон ҳар сол гурӯҳи табибони баландихтисос сафарбар мегарданд, — изҳор дошт А. Юсуфов.

Азбаски роҳбаладӣ дар мавсими ҳаҷ кори пурмашаққат аст ва бо дарназардошти шароити мураккаби кишвари мизбон (махсусан ҳавои аз ҳад зиёд гарм), роҳбаладон барои ҳама гурӯҳ аз ҳисоби мардон интихоб гардида, ду моҳ қабл аз оғози сафар дарсҳои омодагӣ доир мешавад.

Абдуғаффор Юсуфов доир ба сафархарҷӣ гуфт, ки арзиши имсола дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар асоси талаботи кишвари мизбон ва тавофуқоти ҳосилшуда, чун солҳои қаблӣ, имсол низ 50 фоизи зоиронро ширкатҳои саудӣ ва 50 дарсади боқимондаро ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ интиқол хоҳанд дод.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»