Маърифати ҳуқуқӣ

Аҳамият ва шакли шартномаи қарз

№106 (3091) 24.08.2013

Тибқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда) моликият, пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда уҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра ба ҳамин андоза маблағ ё баробар ба теъдоди ашёи ба қарз гирифташудаи дорои ҳамон навъ ва сифат (маблағи қарз)-ро баргардонад. Аз мафҳуми овардашуда бармеояд, ки шартномаи қарз шартномаи яктарафа ва реалӣ мебошад. Яъне, шартномаи қарз аз лаҳзаи супоридани пул ё ашё басташуда ба ҳисоб меравад. Тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадории қарзгирандаро шартнома муайян менамояд. Одатан муҳлат ба шартҳои муҳими шартномаи қарз дохил намешавад. Қонун танҳо як ҳолатро, ба монанди пешбинӣ намудани муҳлати баргардонидани қарз ё ин ки лаҳзаи пешниҳод намудани талаботро ба танзим медарорад. Яъне, тибқи қисми 1 моддаи 830 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар муҳлати баргардонидани қарз дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз ҷониби қарзгиранда дар муҳлати сӣ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани талабот аз ҷониби қарздиҳанда баргардонида шавад. Ҳатто дар мавриди дар шартнома пешбинӣ нашудани андозаи фоиз низ шартнома бе музд ҳисоб карда намешавад, зеро мутобиқи моддаи 829 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда барои аз қарзгиранда аз маблағи қарз тибқи андоза ва тартиби муайяннамудаи шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба фоиз андозаи он тибқи ставкаи ба таври дахлдор муайяннамудаи фоизи бонк дар рӯзи аз ҷониби қарзгиранда баргардонидани қарзи худ ё як қисми дахлдори он муайян карда мешавад.

Шартномаи қарз, агар маблағи он на камтар аз бист нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ баландтар бошад, инчунин дар ҳолате ки як тарафи шартнома, сарфи назар аз маблағ, шахси ҳуқуқӣ мебошад, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шартномаи қарз дар сурати мавҷуд будани забонхати қарзгиранда ё дигар ҳуҷҷате, ки ба ӯ аз ҷониби қарздиҳанда додани маблағи муайян ё теъдоди муайяни ашёро тасдиқ мекунад, дар шакли хаттӣ басташуда эътироф мегардад. Забонхат ё дигар ҳуҷҷат ба имзои қарзгиранда ба расмият дароварда мешавад ва дорои аҳамияти далели шайъӣ мегардад. Дар ин маъно, забонхат ба шакли шартномаи оддии муқаррарӣ баробар дониста мешавад ва риоя накардани ин қоида боиси оқибатҳои нохуш мегардад, яъне аз такя ба баёноти шоҳидон маҳрум сохта, вале онҳоро аз ҳуқуқи овардани далелҳои хаттӣ ва далелҳои дигар маҳрум намесозад. Шакли хаттии шартномаи қарз, агар уҳдадории қарз бо вексел, вомбарг ё дигар коғази қиматноки додаи қарзгиранда, ки маблағи қарз ва ҳуқуқи қарздиҳандаро барои ситонидани он муқаррар менамояд, риояшуда ба ҳисоб меравад. Бо асосҳои овардашуда беҳтар мешуд, ки барои таъмини кафолати баргардонидани қарз шартномаи қарз дар шакли хаттӣ баста шавад.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки қонунгузор оқибатҳоро оид ба иҷро накардани уҳдадориҳо дар шартномаи қарз ва ба миён омадани баҳсҳо дар шартномаи қарз ба танзим даровардааст. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 426 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр дар натиҷаи иҷро накардани уҳдадории пулӣ ё гузаронидани муҳлати пардохти он ё бидуни асос гирифтани он ё ба амонат гузоштан аз ҳисоби шахси дигар бояд ба андозаи ин маблағ фоиз пардохта шавад. Андозаи фоиз бо назардошти ставкаи миёнаи фоизи бонк, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи иҷрои уҳдадории пулӣ ё қисми дахлдори ин уҳдадорӣ муайян кардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми аз тариқи суд рӯёнидани қарз суд метавонад талаботи кредиторро бо назардошти ставкаи миёнаи баҳисобгирии фоизи бонк дар рӯзи пешниҳоди даъво ё дар рӯзи баровардани қарор ё дар рӯзи пардохти воқеӣ қонеъ намояд. Ин қоидаҳо, агар дар асноди қонунӣ ё шартнома фоизи дигар муқаррар нашуда бошад, татбиқ мегарданд. Агар дар шартнома қисман баргардонидани қарз (давра ба давра) пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми аз ҷониби қарзгиранда вайрон кардани муҳлати барои баргардонидани қисми навбатии қарзи муқарраргардида қарздиҳанда ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат баргардонидани ҳамин маблағҳои қарзи боқимондаро якҷоя бо фоизҳои марбута талаб кунад. Агар қарзгиранда беш аз нисфи маблағи қарзро баргардонида бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад.

Ф.ВАЛИЕВА,

сардори шуъбаи қонунгузории конститутсионӣ, мудофиа ва бехатарии сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон