Аҳамияти сиёсию иқтисодии НБО «Роғун» барои Осиёи Марказӣ

№115 (4065) 26.09.2019

11111119 сентябри соли 2019 дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба кор даровардани иншооти стратегии мамлакат — агрегати дуюми НБО «Роғун» баргузор гардид. Тақрибан як сол қабл, аниқтараш 16 ноябри соли 2018, зимни чорабинии бошукӯҳи дорои аҳамияти махсус, ба кор даровардани чархаи аввал, ки ташаббускораш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон аст, сохтмончиёни лоиҳаи гид­роэнергетикӣ ва сокинони мамлакат, меҳмонони сершумори хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон аз агентиҳои бонуфузи иттилоотии хориҷи дуру наздик иштирок намуда буданд. Ба туфайли кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли гузашта ва имсол муттасил бо барқ ва гармӣ таъмин гардиданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюм иқтидори НБО «Роғун» чандин маротиба афзуд.

Тавре ба ҳама маълум шуд, НБО «Роғун» танҳо як иншооти энергетикӣ нест. Он, пеш аз ҳама, ифтихори муҳандисӣ, музаффарияти технологияи муосир, тафаккури муҳандисӣ ва меҳнати инсонӣ мебошад.

Об сарвати бебаҳои инсоният, ҳаёт ва шукуфоист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, роҳҳои истифодаи оқилонаи иқтидори обиву энергетикии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, борҳо изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ лоиҳаҳоеро, ки бар зарари ҷониби дигар бошад, амалӣ намекунад ва масъалаҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд. Борҳо дар сатҳи олӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари дар болооб қарордошта буда, нисбат ба уҳдадориҳои худ ҳамеша ҷиддӣ рафтор менамояд. На дар гузашта, на ҳоло ва на дар оянда, яъне, ҳеҷ гоҳ, ҷараёни обро ба кишварҳои ҳамсоя дар дарёҳои поёноб маҳдуд накардааст ва намекунад. Талабот ба об дар Тоҷикистон аз маҷрои Амударё 15 фоизро ташкил медиҳад. Вале, Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 10 — 11 фоизи онро истифода мебарад. Пас аз ба истифода додани НБО «Роғун» ҳамин меъёр ҳам боқӣ хоҳад монд. Азбаски Тоҷикистон мамлакати кӯҳистон аст ва минтақаҳои обёришаванда зиёд намегарданд, оби НБО «Роғун» танҳо дар гидроэнергетика истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» дар замони побарҷоии ИҶШС таҳия шуд. Сохтмони он охири солҳои 1970 — ум оғоз ёфта, пас аз пошхӯрии ИҶШС кор то соли 2008 ба муҳлати номаълум боздошта шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ татбиқи лоиҳаи бузургтаринро ба таъхир андохт. Аввалин лоиҳаи техникӣ соли 1974 тасдиқ шуда бошад ҳам, ба омӯхтани майдони сохтмон ва корҳои омодагӣ мутахассисон хеле пештар оғоз карданд. Танҳо дар марҳилаи аввал зиёда аз 300 корхонаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар лоиҳа ширкат варзиданд. Муҳандисон, лоиҳакашон ва сохтмончиёни беҳтарин аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар макони НБО — и ояндаи «Роғун» кор мекарданд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият, Тоҷикистон аз лоиҳаи неругоҳ даст накашид. Сохтмони фаъолона баъд аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи барқарорсозии иқтисодиёт идома ёфт.

НБО «Роғун» аз 6 агрегат иборат хоҳад буд, ки пас аз пурра ба истифода додан ҳар сол 17 миллиард кВт / соат барқ тавлид хоҳад кард ва ба гуфтаи коршиносон, на танҳо Тоҷикистон, балки Покистон ва Афғонистонро низ бо неруи барқи арзон таъмин карда метавонад.

Ҳамчунин, дар сурати ба анҷом расидани сохтмони НБО, миқдори ҳадди охири истеҳсоли неруи барқ, ​​тибқи баҳои S&P, метавонад ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таъсири мусбат расонад ва НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (зиёда аз 17 миллиард кВт/соат) ба бузургтарин неругоҳи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Баъди анҷоми сохтмон, сарбанди НБО «Роғун» баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Он бояд ба баландии 335 метр расад. Дар назар аст, ки лоиҳаи пурраи сохтмони шаш агрегат то соли 2024 ба анҷом расонида шавад.

Директор оид ба ­масъалаҳои истеҳсолии ҶСК «НБО Роғун» Анвар Раҳмонов дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо ба кор андохтани ду агрегат НБО метавонад тавассути ду хати барқи баландшиддати 220 кВ ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ва шаш хати баландшиддати 500 кВ ба кишварҳои ҳамсоя неруи барқ интиқол диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар оянда боз чор хати баландшиддат барои содироти барқ на танҳо ба Ӯзбекистон ва Афғонистон, балки ба Покистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамҷавор — Ӯзбекистон ва Афғонис­тон дар фасли тобистон бо нархи 40 дирам (4 сент) барои ҳар киловатт неруи барқ интиқол медиҳад. Дар шаш моҳи аввали соли 2019 ба Афғонистон тақрибан 1 миллиард кВт/соат неруи барқ интиқол дода шудааст. Интизор меравад, ки то охири сол 1,5 миллиард кВт / соат неруи барқ интиқол дода шавад. Бо ба кор даровардани агрегати дуюм, неруи барқи тавлидшуда барои таъминоти мунтазами аҳолии кишвар кофӣ хоҳад буд.

Мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла, дар масъалаи НБО «Роғун», Иттиҳоди Аврупо якдилона дастгирӣ менамояд, ки намояндагони он бехатарии Неругоҳи барқи обии «Роғун», зарурат ва манфиати онро расман тасдиқ карданд. Инро сармоягузориҳои Бонки Аврупо дар шакли қарзи аввал ва грант ба маблағи 21 миллион доллар барои рушди бахши энергетика тасдиқ мекунад. Илова бар ин, вакилони парлумони Аврупо иброз доштанд, ки бунёди НБО «Роғун» метавонад дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ хидмат кунад: «Ҷойҳои кориро барои афғонҳо, покистониҳо, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавлид мекунад. Ҳалли мушкилоти иқтисодии онҳо метавонад таъсири рехтани обро ба осиёби терроризм боздорад ва дар ин масъала, арзиши манфиатҳои «Роғун» даҳҳо маротиба боло меравад».

Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ лоиҳаи НБО «Роғун» — ро «саривақтӣ» номида, ба истифодаи самараноки об дар Осиёи Марказӣ даъват намуд.

Федератсияи Россия аз рӯзҳои аввал лоиҳаи НБО «Роғун» ва сохтмони онро дастгирӣ кард. Дар марҳилаи аввали сохтмон намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Александр Лукашевич изҳор дошт: «Россия ҷонибдори он аст, ки лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи наздик ба мо, «майдон» барои ҳамкории умумиминтақавӣ бошанд».

Раиси палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ӯзбекис­тон Нурдинҷон Исмоилов, ки дар рӯзи ба кор даровардани агрегати якуми НБО «Роғун» бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, аҳамияти бузурги НБО «Роғун»-ро барои кишварҳои минтақа тасдиқ кард. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро самимона табрик намуда, изҳор дошт: «Ман аз муваффақона ба кор андохтани ин иншооти азим хурсандам. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, инчунин, барои мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ин лои­ҳаи беназир ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азми устувор, матонат ва сиёсати дурбинона амалӣ гардид».

Муносибати мусбати хешро нисбат ба бунёди НБО «Роғун» дар маросими тантанавӣ ба ифтихори ба кор даромадани агрегати якум бисёре аз меҳмонон, аз ҷумла, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер бо суханони табрикӣ иброз доштанд. Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки НБО «Роғун» марҳилаи муҳим барои бахши энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд, зеро метавонад барои мардуми Тоҷикистон сатҳи баландтари некуаҳволӣ ва шукуфоиро таъмин намояд. НБО «Роғун» метавонад барои аҳолии Тоҷикистон манбаи неруи барқи зарурӣ, арзон, барқароршаванда ва боэътимод гардад. «Роғун», инчунин метавонад манбаи муҳими содироти неруи барқ бошад, ки даромад аз он ба сармоягузориҳои дигар, дигаргун сохтани иқтисодиёти Тоҷикистон ва гузоштани таҳкурсии ояндаи шукуфон кумак мекунад».

Муовини вазири корҳои хориҷии Италия Манлиоди Стефано низ ба раванди сохтмон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки бо ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» аҳолии кишвар дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин мегардад ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дар шаҳрҳо ва минтақаҳои мамлакат такони нав гирифта, иқтидори истеҳсолии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол дар самти маҳсулоти рақобатпазир ва барои содирот нигаронидашуда боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

НБО «Роғун» — и бунёдшаванда на танҳо ба эҳтиёҷоти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва аҳолии нуҳмиллионаи он, балки ба содироти неруи барқи арзон ба кишварҳои СҲШ — Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин мусоидат мекунад. Ба анҷом расидани НБО «Роғун» ва лоиҳаҳои дигари гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки содироти неруи барқро ба миқдори то 4 ҳазор МВт дар як сол татбиқ намояд. Яъне, неру ва оби НБО «Роғун» ба пешрафти на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, ба эҳёи иҷтимоию иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзии Афғонистон кумаки назаррас мерасонад. Зеро рафъи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии афғонҳо ягона алтернатива дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.

Анҷоми сохтмони НБО «Роғун» ба дигар ҳамсояҳои наздиктарин — Ӯзбекистон ва Туркманистон низ манфиати назаррас хоҳад овард. Ин неруи барқи арзон хоҳад буд, ки ин кишварҳо барои харидани он омодаанд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки пас аз бунёди сарбанди НБО «Роғун», Ӯзбекистон ва Туркманистон метавонанд ҳар сол 6 километри мукааб об гиранд, ки барои обёрии 300 ҳазор га кофӣ хоҳад буд. Чунин ҳаҷми об метавонад барои боздоштани хушкшавии баҳри Арал кумак расонад, моҳияти пештараи моҳипарварӣ ва нақлиётро барқарор кунад, муҳимтар аз ҳама, системаи экологиро эҳё намояд ва дар маҷмӯъ, вазъи иҷтимоӣ ва саломатии аҳолии минтақаро беҳтар созад.

Таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ қобилияти ҳаётӣ ва дарозумрии сарбанди НБО «Роғун»-ро дар шароити муайян тасдиқ мекунад. Истифодаи дурусти ин иншооти гидротехникӣ бо ба кор андохтани тамоми иқтидор метавонад барои Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои поёноб манфиати бештар орад. Дар ҳама шароит сарбанди НБО «Роғун» барои кишварҳои наздисоҳилӣ дар самти таҳияи механизмҳои иловагии институтсионалӣ — ҳам уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳам кафолати молиявӣ ва ҳам дигар манфиатҳо бе баҳс манфиатовар аст.

Маҳз НБО «Роғун» имкон медиҳад, ки амнияти таъминоти барқ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш дода шавад ва ба истеҳсоли миёнаи тақрибан 30 фоиз қувваи барқ барои солҳои 2020 — 2050 мусоидат намояд.

Лоиҳаи НБО «Роғун» ба ҳалли масъалаи шуғл низ мусоидат мекунад. Он аллакай сатҳи бекорӣ ва сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст. Дар он зиёда аз 25 ҳазор бинокор бо ихтисоси гуногун кор мекунанд, ки 90 фоизи онҳо коргарони тоҷик мебошанд. Аммо, сохтмон воқеан байналмилалӣ аст. Корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчиёни маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ бо истифода аз 3700 мошину механизмҳо анҷом дода мешавад. Сохтмонро Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ- илмии «Гидропроект» -и Москва ҳамоҳанг месозад. Зиёда аз 50 ширкат аз Россия, Украина, Беларус, Чин, Германия ва Эрон ба ҳайси пудратчӣ фаъолият мекунанд. Таҷҳизоти барқӣ дар Россия ва Украина истеҳсол карда мешавад.

Баҳснопазирии асосноккунии экологӣ, бехатарии техникӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ тибқи ҳуҷҷат исбот ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шудааст. Дар гузоришҳои ниҳоии БҶ дар сомонаи расмияш, ки 1 сентябри соли 2014 интишор гардидаанд, НБО «Роғун» марҳилаи муҳим барои бахши энергетикаи Тоҷикистон унвон шудааст.

Барои Тоҷикистон ин лоиҳаи дарозмуддати стратегист, ки ба манфиати мардум он ва ҳамсоягон тақрибан 120 сол хидмат мекунад. Илова бар ин, ба шарофати НБО «Роғун» ва навсозии НБО «Норак» Тоҷикистон метавонад пешсафи содиркунандаи неруи барқ ​​дар Осиё гардад, иқтидор ва имкониятҳо барои содироти барқи бештарро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон тавассути лоиҳаи CASA-1000, ки дар он Қирғизистон низ иштирок мекунад, тақвият диҳад. Дар оянда Россия ва Чин метавонанд ҳамроҳ шаванд. Дар муддати кӯтоҳ, НБО «Роғун» метавонад барои густариши бозори минтақавии энергетикӣ, ки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро фаро мегирад, асос шуда, ба ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаи Амударё мусоидат кунад.

Барои кишвар ин рӯйдоди муҳим аст, на танҳо барои он ки яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон ба истифода дода шуд. Ин ҷо пирӯзии маънавӣ муҳимтар аст, зеро сохтмони дарозмуддат, ки солҳои 70 — ум оғоз ёфтааст, ниҳоят ба натиҷаҳои аввалини муваффақият ноил гардид. Неругоҳи барқи обии «Роғун» аллакай дар минтақа ва ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад, ки хусусиятҳои техникии он дар андоза ва миқёс баҳайратоваранд. Ифтитоҳи он дар таърихи нави Тоҷикис­тон сабт шудааст ва татбиқи ниҳоии ин лоиҳа барои мардуми минтақа муҳим аст.

Семён ЗОЛОВ, шореҳи иқтисодии Ташкилоти ҷамъиятии «Modern industry»