Ҳаққи қалам яке аз шартҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад

№47 (3997) 27.04.2019

DSC_1902Ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи умум ва беҳтар намудани тафаккур дар бораи моликияти зеҳнӣ кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ)  26 апрелро – Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ эълон намуданд. Вобаста ба моликияти зеҳнӣ, ки ҳимояи ҳуқуқи муаллиф яке аз рукнҳои муҳими он мебошад, хабарнигорамон бо сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмонҷон Набизода  мусоҳиб шуд.

- Чаро зарурати ҳифзи моликияти зеҳнӣ  пеш омад?

- Дар моддаи 40 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони эълони истиқлолият қонунгузории худро дар ин бахш такмил дода, созишномаҳои байналмилалии ин соҳаро тасдиқ намуд. Муҳимтар аз ҳама, ҳимояи моликияти зеҳнӣ ба муаллифон имконият медиҳад, ки аз асари эҷоднамуда фоида  ба даст оранд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 27 Эъломияи ҳуқуқи башар низ муқаррар шудааст.

Дар фасли V Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти зеҳнӣ чунин таъриф шудааст: «Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ё ғайримулкии шахсӣ, нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии  иштирокчиёни аҳдҳои граждании фардикунонии маҳсулот  ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад».

Ҳарчанд аз ҷониби мо дар ин самт  корҳои зиёд амалӣ шудаанд, вале барои дар амал татбиқ намудани талаботи қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои қабулгардида ҳамкории мақомоти дахлдор зарур аст.

- Аввалин қонунҳои ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф рабтдошта кай ва дар куҷо  қабул шуданд?

- Якумин қонун, ки бо номи «Қонуни Малика Анна» машҳур аст, соли 1710 дар Англия ба тасвиб расид. Мутобиқи он  муаллиф ҳуқуқ пайдо кард, ки ба тайёр  намудани нусхаҳои асараш иҷозат диҳад. Аз ҳамон вақт истилоҳи «Copyrght», ки маънои «ҳуқуқ ба нусха» ё «ҳуқуқи муаллиф»-ро дорад, пайдо шуд. Тибқи муқаррароти қонуни номбурда, муаллифи асари нашргардида ҳуқуқи комилро  барои таҷдиди нашри асар ба муддати 21 сол пайдо намуд.

Конгресси ИМА, соли 1790 қонуни федералиро «Оид ба ҳифзи китоб, харита ва нафақа» қабул намуд, ки дар асоси он асарҳои бадеӣ ва саҳнавӣ, сурудҳо ва ғайра ҳамчун объекти ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешуданд.

Дар аввалҳои асри XIX дар бисёр кишварҳои Аврупо ва Америкаи Лотинӣ низ доир ба ҳуқуқи муаллиф қонунҳо  қабул шуданд. Дар Россия қонуни нахустин, ки ҳуқуқи муаллифони асарҳои адабиро ҳифз менамуд, ҳамчун замимаи Оинномаи Сензура соли 1828 «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллифон» қабул шуд. Мутобиқи он, муаллиф ва тарҷумони асар барои нашр ва фурӯши китоб онҳо пайдо карда, баъд аз фавташ онҳо ба муддати 25 сол ба меросхӯрон мегузаштанд.

- Аслӣ будан ва истифодаи ғайриқонунии асар чӣ маънӣ дорад?

- Қонун ҳар як асари илм, адабиёт ва санъат­ро, ки маҳсули эҷоди шахс аст, ҳамчун объекти ҳуқуқи муаллиф ҳифз менамояд. Аслӣ будани  асар маънои онро дорад, ки он аз асари дигар кӯчонда нашуда, дар натиҷаи заҳмат ва эҷоди шахсии муаллиф офарида шудааст. Истифода ва паҳн намудани асарҳо бе ризояти муаллиф ва дигар соҳибҳуқуқон истифодаи ғайриқонунии асар мебошад. Пайдо шудани дастгоҳҳои муосири нусхабардорӣ имкони истифодаи ғайриқонунии асарҳоро васеъ намуд. Масалан, ҳоло ҳар як шахс қодир аст консертро сабт намуда, бо теъдоди зиёд онро паҳн намояд ва ё асареро нашр кунад.

- Асардуздӣ гуфта, чиро дар назар доранд?

- Асардуздӣ маънои барқасдона, мақсаднок ва дидаю дониста, аз худ намудани маҳсули эҷоди шахси дигарро дорад. Аз замоне, ки асар ба муаллифи он обрӯ ва даромади молиявӣ овард, асардуздӣ ба мушоҳида мерасад. Ин амал бо истилоҳҳои гуногун Plagiatus – плагиат, дуздидашуда ва ба тоҷикӣ – форсӣ сирқат, шеърдузд, дар маҷмӯъ, азхудкунандаи эҷоди шахси дигар, маъмул буд. Асардуздӣ дар адабиёти классикӣ ҳам таърихи дерина дорад. Дар асарҳои гузаштагон  бе иҷозат истифода кардани асари шахси дигар зикр ва маҳкум шудааст. Шамсиддин Муҳаммад бинни Қайси Розӣ, донишманди маъруфи асри XIII,  дар китоби пурарзишаш «Ал-муъҷам» (1217-1233) навиштааст: «Шоир бояд шеъри шоиронро ғорат накунад ва маъонии эшонро ба тағйири вазну ихтилофи алфоз дар шеъри худ ба кор набарад, ки мулки мардум ба тасарруфи нораво аз худ кардан напазирад ва сухани дигарон ба хештан бастан далолат ба фазл накунад».

Мутафаккири дигари асри XI Алии Ҳуҷвирӣ дар асараш «Кашф-ул-маҳҷуб» ба ғайриқонунӣ истифода кардани асар таваҷҷуҳ  намуда, дар муқаддимаи он сабаби дар аввали китоб овардани номашро бо ду далели муътамад шарҳ медиҳад. Аз шарҳи муаллиф равшан мегардад, ки ду китоби ӯ — «Девони ашъор» ва «Минҳоҷ-уд-дин»-ро ду нафар аз худ карданд. Яке девони ашъорашро ба хати дигар баргардонида, бо номи худ ба мардум пешкаш мекунад, дигар асари ӯ «Минҳоҷ-уд-дин»-ро  аз худ намуда, номи муллифро  аз байн бурда, китобро бо номи худ пешниҳод  мекунад.

Алии Ҳуҷвирӣ барои пешгирии чунин амалҳои ношоиста, сабти ному насабро дар асари таълифгардида, заруру савоб медонад. Ин пешниҳоди  муаллиф то ҳол  моҳияти худро гум накардааст.

- Оё кас ҳуқуқ дорад, ки бе ризояти муаллиф асареро тарҷума ва ё нашр намояд?

- Барои тарҷумаи асар гирифтани иҷозати муаллифи аслии асари тарҷумашаванда зарур аст. Муаллифи асар ҳақ дорад, ки аз нашриёт матни асари тарҷумашударо талаб намуда, бо он шинос шавад ва ҳангоми қонеъ накардани матни тарҷума, нашри онро манъ кунад.

- Ҳангоми муайян намудан ва эътироф кардани асар ҳаққи қалами  муаллифон чӣ тавр пардохт мешавад?

- Муаллиф барои асари эҷоднамудааш, ки аз ҷониби мардум  истифода мешавад, бояд аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадр карда шавад. Барои ҳар тарзи истифодаи  асар муаллиф ҳақ дорад, пардохти ҳаққи қалам талаб намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» ва як қатор қарорҳои дигар ин масъаларо танзим менамоянд.

Дар маҷмӯъ, маблағе, ки барои эҷоди  асар ва истифодаи он ба муаллифи асар пардохт мешавад, ҳаққи қалами муаллиф ном дошта, яке аз шартҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»