Ақли солим муқобили зуҳуроти хатарнок

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

Зуҳуроти номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, хатари паҳн гардидани терроризм мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нопок расидан аксар ҳаракату равияҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопок ноил шудан суиистифода баранд.

Нишонаи дигари ин зуҳуроти номатлуб пайдоиши гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» буд, ки бо амалҳои даҳшатноку ғайриинсонӣ дини исломро бадном намуда, дар натиҷаи кирдорҳои разилона ва  амалҳои террористӣ  дар гӯшаҳои алоҳидаи ҷаҳон ҳазорҳо нафарро қурбон намуд, ки  аксарият кӯдакони ноболиғ мебошанд.

Соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣ аз 126 кишвари ҷаҳон бо имзои фатвои муштарак ва фиристодани мактуби якҷоя ба роҳбарони гурӯҳи «Давлати исломӣ» эълон намуданд, ки амалҳои онҳо пурра зидди таълимоти ислом аст ва ҳақ надоранд, ки худро гурӯҳи исломӣ номанд.

Дар ҷангҳои Сурияву Ироқ садҳо ҷавони тоҷик фирефтаи ваъдаҳо шуда, бо мақсади иштирок дар «ҷиҳод» ба сафи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шомил гардиданд. Дар натиҷа, онҳо беному нишон ба ҳалокат расида, фарзандонашон ятим монда, муддате дар бошишгоҳҳои Сурия ва Ироқ бо хориву зиллат нигоҳдорӣ мешуданд. Хушбахтона, бо дастгирӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 нафар кӯдаки ноболиғи аз волидайн маҳрум ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори терроризм ҷилавгирӣ намояд.

Танҳо муборизаи дастаҷамъона ва зиракии сиёсии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Вагарна метавонад ҳазорон нафар сокини осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки зулму ситам ва тафаккури ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ овардан андешаи дигар нест.

Барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ва гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ насли калонсол вазифадор аст, ки ҷавононро пайваста ба донишомӯзӣ ва амалҳои созанда раҳнамо бошад.

Қобили зикр аст, ки ҳоло садҳо нафар ҷавонписарону духтарони донишманду боистеъдод дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд. Дар ин замина мутахассисони ҷавони соҳаи тиб дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият тарбия ёфта, барои пешравӣ ва баланд бардоштани иқтидори илми тиб фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, дар шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар аспирант аз 14 муассисаи илмӣ таҳсил доранд, ки ба онҳо олимону омӯзгорони варзида роҳбарӣ мекунанд. Роҳбарияти муассиса бо онҳо вохӯриҳо баргузор намуда, доир ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, татбиқ намудани барномаҳои стратегии кишвар дар самти тандурустӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва истифодаи технологияи муосир суҳбат доир менамоянд. Зеро маҳз донишомӯзӣ ва маърифатнок будани ҷавонон метавонад ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза барад.

Чунки ҷавонон қувваи бузург ва давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ин зуҳурот муҳим мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат намоянд, ки таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҷомеаи солими кишварро мебояд бар зидди ин хатари чаҳонӣ муборизаи беамон барад, ки ҷавонон дар баробари он қувваи асосии пойдории  сулҳу оромӣ ва мустаҳкамии  диёр маҳсуб мешаванд.

Алиҷон  ҒОИБЗОДА, президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон