Қадамҳои боэътимод дар ҷодаи рушди саноати миллӣ

№7 (3801) 16.01.2018

cemzavodyvdushanbeЯке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат соҳаи саноат ба шумор меравад. Соли сипаришуда дар роҳи рушди саноати миллии ҷумҳурӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Натиҷаи ҷамъбасти 9 моҳи соли 2017 гувоҳи он аст, ки саноатчиёни мамлакат сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҳиссаи саноатро дар таркиби Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат афзун намуда истодаанд. Дар давраи зикршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзуд. Агар соли 2016 ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 14,9 фоиз бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 17,1 фоиз расид.

Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2017 ба 17,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин 2, 75 миллиард сомонӣ зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,7 фоиз ба саноати коркард, 23,7 фоиз ба саноати истихроҷ ва 19,6 фоиз ба истеҳсоли неруи барқ рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 143,7 фоиз, вилояти Суғд — 132,9, вилояти Хатлон — 121,6 ва шаҳри Душанбе 103,6 фоизро ташкил дод. Соли 2017 дар мамлакат 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3000 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

- Аз нигоҳи мо дар сатҳи имрӯзаи рушди илму техника ва тағйирёбии босуръати таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, пойбанди як номгӯ кардани воридоти имтиёзноки онҳо мувофиқи мақсад нест,- мегӯяд муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар. — Ин монеа, ки дар мулоқоти Сардори давлат бо соҳибкорону сармоягузорон 14 октябри соли 2017 таъкид гардид, аз оғози соли 2018 бартараф мешавад.

Роҳи дигари рушди саноати миллӣ ва истифодаи бештари иқтидорҳои истеҳсолии он, кооператсия ва ба роҳ мондани муносибатҳои васеи ҳамкории истеҳсолӣ байни корхонаҳо барои истеҳсоли якҷояи маҳсулоти муайян ва ё фармоиши қисмҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда тавассути шартномаҳо мебошад, ки алҳол дар сатҳи дилхоҳ нест. То ҳол садҳо намуди қисмҳои эҳтиётӣ, ки истеҳсоли онҳо дар дохили Тоҷикистон имконпазир аст, аз хориҷа харида мешаванд.

- Дар соли 2018 бо мақсади ривоҷ додани ҳамкории истеҳсолӣ байни корхонаҳои ватанӣ, махсусан корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва корхонаҳои соҳаҳои дигари саноат ҳамкорӣ густариш дода мешавад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Хол Ҳайдар.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»