Агар ҳадаф медоштем, ки…

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

Мо — инсонҳо маъмулан ҳадаф мегузорем «карера» созем, сарватманд шавем ва зиндагиро сомон бахшем, аммо кам мешавад, ки мақсад гузорем, то бемор нашавем. Хусусан, то замоне ки дунёро бемории сироятии COVID-19 ба таҳлука наовард, на ҳар кас чунин ҳадаф дошт. Ҳоло гӯё ҳама дар талоши нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагӣ афтодааст, вале агар инсон пеш аз омадани хатари бемории сироятӣ, монанди орзуву омоли сершумор, ҳадафи солим будан ё бемор нашудан ҳам медошт, шояд камтар ранҷ мекашид. Зеро ҳадафи бемор нашудан ҳадди ақал моро водор мекард, то ин ки ба саломатӣ ҳар чӣ бештар аҳамият диҳем, кӯшиш кунем, то аз зуком, табу гулӯдард ва дигар бемориҳо эмин монем. Агар имкон бошад, худро аз бемориҳои зикршуда дур нигоҳ дорем. Ба назар ноил шудан ба ин ҳадаф душвор нест. Пеш аз ҳама, бояд ба чанд масъала диққат дод. Масалан, агар либосро мувофиқ ба фасли сол пӯшида, ба тозагӣ риоя кунем, хӯрокро бонизом хӯрем, яъне, онро дуруст интихоб ва ба миқдори муайян истеъмол намоем, аллакай яке аз шартҳои солим монданро риоя кардаем. Илова бар ин, ҳар нафар бояд асабро ором ё осуда нигоҳ дошта, машғулиятҳои ҷисмониро афзояд, кӯшиш кунад, то бештар хушҳол бошад ва барои он, яъне хушҳолӣ, сабабу васила ҷӯяд. Аз ҳама муҳим, бояд бо аҳли оила муносибати хубу солим ­дошта бошад.

Ба маҳсулоти гӯштӣ бештар таваҷҷуҳ дорем. Хуб мебуд истеъмоли ғизои гӯштиро кам карда, ба ҷои он меваи тару тоза ва сабзавот истифода барем ё аз хӯришҳои, ба истилоҳ, «химикат» то қадри имкон худдорӣ варзем, метавон аз гирифторӣ ба баъзе аз бемориҳо эмин монд.

Риоя кардан ба тозагӣ ва пайваста шустани дасту дандонҳо низ бисёре аз бемориҳоро пешгирӣ мекунад.

Меъёри баъзеҳо дар либоспӯшӣ «либоси сабук пӯшам», «зебо намоям» аст. Дар ҳоле ки аз либоси тунук пӯшидан эҳтимоли шамолхӯриву зуком шудан бештар мебошад. Пас, беҳтар он аст, ки ҳангоми либоспӯшӣ, дар баробари зебо намудан, ба муҳофизати тану саломатӣ низ фикр кунем.

Дар ҷомеа, мутаассифона, фарҳанги китобхонӣ хеле заифу беҷон гаштааст. Ҳол он ки шахс агар ҳар моҳ дар бораи саломатӣ ва тандуруст будан як китоб хонад, фикри солим мондан аз зеҳнаш ҳеҷ гоҳ дур намешавад. Илова бар он, хонда тамом кардани ҳар як китоби хуб ба кас ҳаловату оромиш мебахшад.

Яке аз сабабҳои беморӣ муносибати нодуруст бо атрофиён аст. Чунин муносибат ба маризӣ мебарад, зеро он ба асабоният, рӯҳафтодагӣ ва бемориҳои дигар боис мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо атрофиён ва аҳли оила роҳу василаи муносибати дурусту самимона ба роҳ монданро пайдо кунем. Инсон агар бо атрофиён самимӣ бошад, озодона ҳазлу шӯхӣ мекунад. Суҳбату шӯхиҳои дӯстона бошад, сабаби нишоту болидарӯҳӣ мегардад.

Зимнан, мушкилоти вобаста ба саломатӣ ба вазъи иқтисодӣ низ сахт алоқаманд аст ва сарчашмаи асосиаш масоили молиявист. Вақте ки сарфу харҷ бо маош мувофиқ наояд, аз стреси зиёд эҳтимоли бемор шудан баланд мешавад.

Инро, ки яке аз омилҳои солимии бадан ба варзиш машғул шудан аст, ҳама медонад, вале кам риоя мегардад. Гоҳо дар шиштухез ва ҳатто пӯшидани ҷӯроб душворӣ кашидани пиронсолонро дида, ғамгин мешавем. Пас, барои он ки маҷолу ҳаракат дар пиронсолӣ моро тарк накунад, бояд каму беш ба варзиши сабук машғул шавем.

Ҳамин тавр, агар барои «бемор нашудан» ҳам ҳадаф гузорем, ғайриинтизор ба зиндагӣ низому тартиб ворид намуда, намегузорем, ки андешаи солим будан аз сар дур равад. Пас, месазад, ки дар зиндагӣ чунин ҳадаф ҳам дошта бошем. Хусусан, дар ҳоле ки ҷаҳонро хавфу хатари бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст.

М. УСМОН, «Садои мардум»