Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Агар бемор барои табобат маблағ надорад…»

№90 (3727) 27.07.2017

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар иртибот ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода «Агар бемор барои табобат маблағ надорад…», ки 10 июни соли 2017, № 69 чоп шудааст, посух медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти № 600, инчунин «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, таҳти №20 тасдиқ гардидаанд, мавриди амал қарор доранд.

Нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ таҳия гардида, он бо Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ба категорияи алоҳидаи шаҳрвандон хизматрасонии ройгон пешбинӣ шуда, номгӯи шахсоне, ки ба хизматрасонии ройгон ҳуқуқ доранд, бо фармоиши муштараки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2014, № 938-135 тасдиқ шудааст. Қарори номбурда ва категорияи шаҳрвандоне, ки дорои имтиёз ҳастанд, дар сомонаи расмии вазорат www.moh.tj қобили дарёфт аст.

Ғ. Муҳсинзода,

сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолият тиббӣ аҳолӣ