Айёми ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсола

№120 (3600) 20.09.2016

ВАЗИРИ РУШДИ ИКТИСОДМусоҳиба бо вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода

- Чанде пеш 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид. Тайи ин муддат иқтисоди мамлакат дар кадом сатҳ қарор дошт?

- Солҳои аввали Истиқлолият барои мардум гарон омад. Танҳо дар нимаи дуюми солҳои навадуми асри бист Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, ҷиҳати барқарорсозии харобаҳои ҷанг камари ҳиммат бандад. Таассуфовар аст, ки бар асари воқеаҳои мудҳиши он солҳо баробари талафоти ҷонӣ, иқтисодиёти кишвар низ пурра хароб гардида, тибқи баъзе нишондодҳо хисороти моддӣ аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ гузашт.

Соли 1996 бори аввал дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат қабул ва чорабиниҳои мушаххаси гузариши иқтисодиёти миллӣ ба муносибатҳои бозорӣ шурӯъ гардид. Соли 1997 нахустин бор дар давраи соҳибистиқлолӣ афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1996 дар ҳаҷми 1,7 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи неку­аҳволии мардуми Тоҷикистон қабул ва татбиқ гардиданд. Дар маҷмӯъ, барои амалӣ шудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз соли 1997 то ин давра 150 барномаи соҳавӣ ва 47 барномаи минтақавӣ таҳия гардидааст.

- Қабул ва амалӣ кардани стратегияву барномаҳое, ки шумо ном бурдед, чӣ натиҷа дод?

- Ин ибтикорот боиси аз 81 фоизи соли 1999 то 31,5 фоиз дар соли 2015 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои мак­роиқтисодӣ гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 3,8 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёт дар ин давра бо сабаби афзоиши мунтазами фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин гардид.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 3,5, маҳсулоти кишоварзӣ 3,7, ҳаҷми боркашонӣ тавассути тамоми навъи нақлиёт 2,1, мусофиркашонӣ 5,2, ҳаҷми гардиши савдои чакана 5,3 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 9,7 маротиба афзуд.

Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари мамлакат аст, ки то имрӯз бо зиёда аз 40 давлати ҷаҳон комиссияҳои байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникию илмӣ амал карда, фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвари моро дар доираи робитаҳои дуҷониба танзим менамояд.

Беҳтар гаштани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод муаррифӣ намуд. Ин аст, ки мавқеи кишвар дар самти дастгирии бахши хусусӣ аз соли 2009 то соли 2016 дар ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат» бештар аз 30 зина боло рафт ва дар солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба радифи даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил гардид. Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон мебошад.

- Хоҳишмандам доир ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот диҳед…

- Дар даврони Истиқлолият бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати расидан ба ин се ҳадафи стратегӣ раванди муттасил аст.

Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахши энергетика 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 млрд. сомонӣ татбиқ гардид.

Барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ ва беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд шудааст. Айни замон дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Дастовардҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ низ назаррасанд, зеро имрӯз соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоби миёна қариб чоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 январи соли 2016 қайд гардид: «Танҳо дар тӯли 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 млрд. сомонӣ татбиқ карда шуд. Айни замон бошад, дар ин соҳа татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 млрд. сомонӣ идома дорад».

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра баҳри рушди соҳаи боғутокпарварӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Масалан, танҳо дар тӯли солҳои 2010-2014 дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, дар ин замина беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё шудааст.

 Шариф Атобуллоев, «Садои мардум»