Алҳол беш аз 20 қонун дар хизмати ВАО қарор дорад

№51 (4001) 07.05.2019

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод 3-юми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенси»-и пойтахт таҳти унвони «Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия» конфронси байналмилалӣ доир гардид. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикис­тон Шаҳло Акобирова зимни ифтитоҳи он иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш рушди гуногунандешӣ ва озодии баён мебошад. Бори аввал чунин ҳамоиш 3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибия — шаҳри Виндҳук баргузор шуда, моҳи декабри соли 1993 тибқи Қатъномаи СММ 3 май расман Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод эълон гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот дар бораи матбуоти озод сухан гуфта, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси бекор намудани тасмими баланд кардани нархи интернет шоистаи таҳсин хонд.

Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм матбуоти озодро ҷузъи муҳими ҷомеа шумурда, таъкид намуд, ки зимни маҳдудсозии сомонаҳо ғайр аз озодии баён иқтисод низ зарар хоҳад дид.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз намуд, ки таъмини озодии баён ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро танқиди созанда ва далелнок ба пешрафти ҷомеа кумак мерасонад.

Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Салимзода зикр намуд, ки алҳол беш аз 20 қонун дар хизмати воситаҳои ахбори оммаи кишвар қарор дорад. Онҳо дар солҳои гуногун таҳия гаштаанд. Ҳоло гурӯҳи корӣ Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда истодаанд, ки шояд дар собиқ шӯравӣ аввалин бошад. Бартарии қабули кодекс дар ин аст, ки аз он ҳамчун як маҷмӯаи комил ба саволҳои зарурии соҳа метавон ҷавоб пайдо кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода зикр намуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоти молиявӣ воситаҳои ахбори омма воқеан минбари озоди баён намудани афкору андешаҳои сокинони мамлакат гардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ВАО таъкид намуданд, ки ВАО сипари асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият мебошанд.

- Агар ҳар қадар, ки барои баёни андеша имкони бештар фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар ташаннуҷ дар ҷомеа камтар мешавад, — гуфт З. Исмоилзода.

Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирасрор Аҳроров аз рушди муносибатҳои дӯстона сухан карда, дар бораи пешрафтҳое, ки тайи ду соли охир дар самти озодии баён дар Ӯзбекистон ба назар мерасанд, ибрози ақида намуд.

Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки баъди танаффуси тӯлонӣ барномаҳои тоҷикии радиои «Фарғона» дубора ба самъи шунавандагон расид. Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғайр аз рӯзномаи «Овози тоҷик», инчунин «Овози Самарқанд» ва «Субҳи Гулобод» мунтазам чоп шуда, дар телевизиони марказии Ӯзбекистон ва вилояти Самарқанд барномаҳои тоҷикӣ пешкаши бинандагон мегарданд. Маҳз бо ибтикори ин расонаҳо дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурии ҳамсоя солҳои охир синфҳои тоҷикӣ кушода шуданд.

- Ҳоло дар расонаҳои тоҷикзабони Ӯзбекистон норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба эҳсос мешавад. Чунончӣ, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» қариб 90 фоизи кормандонро нафақахӯрон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баҳри такмили ихтисоси рӯзноманигорони тоҷики муқими Ӯзбекистон давраҳои бозомӯзӣ ва таҷрибаандӯзиро роҳандозӣ намояд, — гуфт М. Аҳроров.

Хабарнигори телевизиони «Тулуъ нюс»-и Афғонистон Карим Аминӣ иброз дошт, ки тайи ду соли охир 13 ҳамкорашро аз даст додааст. Ҳарчанд дар кишвар озодии баён таъмин бошад ҳам, вазъияти нобасомон барои фаъолияти рӯзноманигорӣ хатарнок аст.

- Агар озодии баён надошта бошем, рӯҳамон мариз мешавад. Мутаассифона, ҳанӯз кишварҳое ҳастанд, ки дар самти озодии баён мушкил доранд. Бояд рӯзноманигорон дар ин ҷода муттаҳид шуда, баҳри рафъи монеаҳои мавҷуда ба ҳамдигар дасти кумак дароз намоянд.

Сардабири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо иброз намуд, ки фаъо­лияти бисёр нашрияҳо бинобар норасоии маблағ мушкил шудааст. Ҳаҷми андози нашрияҳо ба буҷа ночиз, вале барои нашрияҳо гарон аст. Хуб мешуд, ки ба хотири дастгирии фаъолияти ВАО нашрияҳо аз пардохти андоз озод шаванд. Ӯ пешниҳод намуд, ки дар ин бобат аз номи иштирокчиёни конфронс ба унвони парламенти мамлакат муроҷиатнома ирсол карда шавад.

Дар анҷом ба як қатор рӯзноманигорон ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

С. Суннатӣ, «Садои мардум»