Алӣ Рифъат Кӯксал: Аз дӯстони тоҷик миннатдорем

№ 15.07.2018

15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки дар он 249 нафар ҳалок ва 2000 нафар захмдор гардиданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия бо кумак ва муқовимати қаҳрамононаи мардум ин кӯшиши табаддулотро пешгирӣ намуд.

- Дар паси ин ҳодисаи нангин Созмони террористии FETO қарор дошт, — гуфт ба хабарнигорон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифъат Кӯксал. – Иштирокчиёни табаддулот ба ҷониби шаҳрвандоне, ки зидди иқдоми онҳо муқовимат нишон медоданд, бераҳмона оташ кушода, муассисаҳои асосии Ҷумҳурии Туркия, махсусан Қасри Президент ва бинои Маҷлиси бузурги миллиро бомбаборон карданд. Аммо аҳолӣ навобаста аз дидгоҳҳои сиёсии худ як навъ ваҳдати таърихӣ нишон дода, фидокорона бар зидди танкҳо истод ва барои ҳифзи ҳуқуқҳои демократӣ пофишорӣ намуд. Барои ба таври фаврӣ ва муассир қарор қабул намудани мақомоти давлатӣ вазъи фавқулода эълон гардид.

Сафир иброз дошт, ки Ҷумҳурии Туркия, бо такя ба волоияти қонун, ахлоқ ва демократия, дар баробари Созмони террористии FETO бар зидди РКК (Ҳизби коргарии Курдистон) ва ДИИШ низ мубориза бурда истодааст ва дар ин самт ниёзманди кумаки  дӯстони байналмилалиаш мебошад.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди Созмони террористии FETO ҳамеша дар паҳлӯи мо буд- гуфт Алӣ Рифъат Кӯксал. – Аз ин рӯ, мо аз дӯстони тоҷик миннатдорем. Дар ҳар ду кишвар кӯшишҳои табаддулоти калон анҷом дода шудаанд. Ин таҷриба имкон дод, ки якдигарро дар соҳаи амният беҳтар фаҳмем. Миёни мақомоти Тоҷикистону Туркия ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи маориф низ қаноатбахшанд.

Ҳоло аз Тоҷикистон 771 нафар донишҷӯ дар мактабҳои олии Туркия таҳсил карда истодаанд. Аз ҷумла 87 нафари онҳо дар курсҳои забономӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Туркия ҳанӯз соли 1992 оғоз ёфта буд. Соли таҳсили 2017-2018 дар мактабҳои олии Туркия ба 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бурсияи таҳсил ҷудо гардид, ки аз ин ҷумла 20 нафар ба донишгоҳҳо, 7 нафар ба магистратура ва 2 нафар ба докторантура роҳхат гирифтанд. То охири моҳи июл теъдоди бурсияҳо барои соли таҳсили 2018- 2019 низ муайян хоҳад шуд.

- Илова бар бурсияҳои таълимӣ боз 553 нафар ҷавони тоҷик аз ҳисоби маблағҳои худ дар мактабҳои олии Туркия таҳсил карда истодаанд. Ҷавонони тоҷик бештар ихтисосҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва менеҷментро интихоб менамоянд, — гуфт Алӣ Рифъат Кӯксал.

 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»