Ҳалолу ҳаром

№58 (4008) 23.05.2019

Рӯзе дар истгоҳ интизори нақлиёт бо марди миёнасоле суҳбат иттифоқ афтод. Чун рӯзноманигор будани маро фаҳмид, риштаи суҳбатро ба қиссаи зер пайваст:

- Солҳост, ки  дар яке аз хонаҳои бисёр­ошёна зиндагӣ дорам. Ҳамсояҳо инсонҳои хубу некдиланд ва намояндагони миллатҳои гуногун. Аз ҷумла, оилае аз мардуми тотор дар ҳамсоягӣ зиндагӣ менамояд, ки касе то ба ҳол кори бадашонро мушоҳида нанамудааст. Яке аз занҳои солдидаи ин оила — Ҳалима каму беш ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошт, вале аз тарафи ӯ ҳам касе таҳқиру озор надидааст. Рӯзе зани номбурда, ки аз дард азият мекашид, ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд. Пайвандонаш бо мақсади маслиҳати гузаронидани маросими дафн ба масҷид, назди мулло рафтанд. Ӯ, ки пеш духтур кор мекардааст, арақнӯшии марҳумаро асос намуда, гузаронидани ҷанозаро ҷоиз надонис­тааст. Хайрият, ки домуллои калони масҷид, ки хатмкардаи яке аз мадрасаҳои бонуфузи Осиёи Миёна будааст, садди ин кор мегардад. Ӯ бо мулоиматии хоси аҳли илму дониш ба мулло мефаҳмонад, ки амалаш хуб нест. Ҳол он ки оилаи марҳум, хешону пайвандонаш худро эътиқодманди дини мубини ислом медонанд.

Баъди анҷоми хоксупорӣ ҷияни зани фавтида, ки бо расму оинҳо кам ошно ва махсус барои иштирок дар маросими дафн аз Россия омада буд, аз  пардохт кардани  хароҷоти гӯручӯб бо маблағи 200 сомонӣ ба мулло боз ягон хизмати дигаре карданро аз ман пурсон шуд. Аз суҳбат маълум гашт, ки мулло аз ӯ пардохти маблағи мазкурро чун «ҳаққи масҷид» талаб кардааст. Нороҳат шудам, вале «изои муъмин ҳаром» гуфта, сир бой надодам.

Бо гузашти ҳафтае пайвандони марҳума ҷиҳози хонаи ӯро пурра берун бароварда, офтоб доданд. Дар ҳамдастӣ бо ҳаққу ҳамсояҳо дар берун дег монда, оши худоӣ пухтанд, то ҳамсояҳо хӯрдаву фотеҳа хонанд. Дар қатори дигарон он мулло ҳам ҳозир гардид, вале баръакси дигарон ба таом бинобар тааллуқ доштанаш ба зани фавтида ва миллияти пайвандони онҳо даст набурд. Узр пеш овард, ки наметавонад таом истеъмол намояд ва хоҳиш кард, ки пайвандони зан маблағе ба ӯ диҳанд. Соҳибони раҳматӣ дархости ӯро бечунучаро иҷро карданд ва мулло баромада рафт. Тоқатам тоқ шуду баъди маърака рост роҳи масҷидро пеш гирифтам ва кори нохуб кардани муллои баднафсро дар ҳузураш нақл кардам. Аз ҷумла, гуфтам, ки фавтида кофиру таоми ӯ ҳаром будаасту пули аҳлу авлодаш ҳалол?

Магар аз тарафи ин гуна муллоҳо чунин амалҳо хизмати хирсона ба дини мубини ислом нест?

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»