Ҷамъоварии коғазпора моҳиятан ҳифзи ҳавои тоза аст

№67 (4173) 06.06.2020

Маклатура111Аз рӯи ҳисоби коршиносони соҳаи экология, қариб 40 дарсади ҳаҷми партовҳои сахти маиширо коғазу маснуоти картонӣ ташкил медиҳанд., ки баъди ба партовгоҳ ворид карданашон солу моҳҳо дар фазои кушод пӯсида ё сӯхта муҳити зистро ифлос мекунанд. Агар маъракаи ҷамъоварии коғазпора дуруст ба роҳ монда шавад, ҳаҷми партов кам ва ифлосшавии ҳаво пешгирӣ шуда, ҳазорон дарахт эмин мемонад.

Тибқи маълумоти олимони соҳаи экология, коркарди такрории сад кило коғазпора буридани як дарахти калони бисёрсоларо пешгирӣ мекунад. Ҳар рӯз дар сайёра ҳазорон дарахтро барои истеҳсоли коғазу картон мебуранд. Танҳо барои истеҳсоли табрикномаҳо дар Ҷумҳурии Халқии Хитой соле 10000 дарахтро мебуранд. Мувофиқи маълумоти созмони Global Forest Watch, соли 2017 дар ҷаҳон дарахтони 29,4 миллион гектар ҷангал бурида шуд. Ин қариб ба масоҳати давлати Италия баробар аст. Як дарахти калон соле барои як оилаи иборат аз 4 нафар оксиген (кислород) медиҳад. Барои ба воя расидани як дарахт зиёда аз даҳ сол лозим мешавад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки суръати барқароршавии ҷангалҳо нисбат ба буридани ҷангал сусттар аст. Агар ин раванд пешгирӣ нашавад, норасоии ҳавои тоза тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, хушксолӣ, тӯфон, эрозия (бодхӯрдашавӣ)- и замин бештар мешавад.

Аз рӯи маълумоти ташкилоти экологии «Линия жизни» («Хати ҳаёт»)-и Федератсияи Россия, коғазро метавон то шаш маротиба коркард намуд. Масалан, дафъаи аввал аз коғазпора коғази тоза, дуюм — сачоқи коғазин (салфетка), сеюм — картон, чорум — коғази ташноб, панҷум — масолеҳи сохтмон ва шашум — брикети сӯзишворӣ (хиштҳои коғазин) истеҳсол кардан мумкин аст. Олимони Академияи илмҳои Россия баъди чандин маротиба истифода бурдан аз нодаркортарин картону коғазпора истеҳсоли неруи барқро ба роҳ мондаанд.

Мувофиқи ҳисоби олимон, барои истеҳсоли 12 000 дона варақи сафед як дарахт бурида мешавад. Агар 100 кило коғазпора такроран истеҳсол шавад, он дарахт аз буридан эмин мемонад. Коркарди такрории як тонна коғазпора 20 000 литр оби тозаро аз ифлосшавӣ ҳифз намуда, 1000 киловатт неруи барқро сарфа ва ба атмсофера ихроҷшавии 1700 кило гази карбонатро пешгирӣ мекунад. Ҳангоми ҷамъоварию коркарди 1 тонна коғазпора аз ҳисоби ҳифзи дарахтон 30 нафар дар як сол бо оксиген таъмин мешаванд.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъоварии коғазпораю оҳанпора хуб ба роҳ монда мешуд. Дар ҳар шаҳру ноҳия нуқтаҳои қабули коғазпора фаъолият менамуданд. Идораю муассиса, мактабу донишкада ва шахсони алоҳида рӯзномаю маҷалла, китобу дафтарҳои куҳна ва бастаи ҳуҷҷатҳои нодаркорро ба онҳо супурда, ба ивазаш маблағи муайян ва китобҳои нодир мегирифтанд.

Мутаассифона, ҳоло нуқтаҳои муайян нестанд. Ширкатҳои алоҳида ва миёнаравҳо баъзан коғазпораҳои ҷамъшударо мехаранд, вале ҳастанд шахсоне низ, ки 15 — 20 кило коғази ҷамъкардаашонро намедонанд ба куҷо баранд. Агар ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти коғазӣ ва картон бо фурӯшандагони мағозаҳои шаҳру деҳот шартнома баста, хариди коғазпора аз аҳолиро ба роҳ монанд, метавонанд, садҳо тонна картону коғазро аз беҳуда пӯсидану сӯхтан эмин нигоҳ доранд.

Шояд дар ҳар хонавода маҷаллаю рӯзнома ва дафтару коғазҳои нодаркор бошанд. Онҳоро ба нуқтаҳои қабул супурда, дар маҷмӯъ, метавон соле садҳо тонна ашёи барои истеҳсоли коғаз зарурро ҷамъ овард.

Раёсати Шӯрои мусулмонони Ҷумҳурии Тотористон аз 1- уми июн то 1- уми июли соли равон маъракаи ҷамъоварии коғазпора зери унвони «Ба коғаз умри дубора бубахш!»- ро ба роҳ мондааст. Масъулон ҳар рӯз аз соати 9 то 17 дар масҷиду муассисаҳои таълимоти динӣ аз аҳолӣ коғазпора ҷамъ меоранд. Ин маъракаи муҳими экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тотористон тӯли як моҳ идома меёбад.

Агар мо низ чунин кори хайрро ба роҳ монем, нуран алонур мешуд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»