Амалҳои созандае, ки Пешвои миллатро маъруфтар карданд

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шахсиятҳои таърихӣ мебошанд, ки бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, иродаи хастагинопазир ба миллат дар арсаи сиёсати бузург то дараҷае расидаанд, ки пешрафту комёбӣ ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номашон сахт марбут аст.

Аз нахустин рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидан аввалин суханоне, ки ба забон оварданд, ба сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо ва тинҷию осудагии мардум рабт дошту то он айём чунин суханонро касе ба забон наоварда буд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам», «То даме ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».

Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки сарварии давлатро шахсе ба зимма гирифтааст, ки воқеан ҳам ғамхори миллати азияткашида аст ва бо саъю талош ба зудӣ ҷангу хунрезӣ ва бадбахтиҳо хотима хоҳанд ёфт. Мардуми Тоҷикистон аз суханони самимӣ ва пур аз меҳру муҳаббат ба ояндаи нек бовар ҳосил карданд. Эҳсос карданд, ки Роҳбари мамлакат суханонро на баҳри худнамоӣ ба забон оварданд. Муҳимтар аз ҳама, бо гузашти на он қадар вақти зиёд самимӣ будани гуфтаҳо исбот гардид.

Маҳз бо ташаббуси Роҳбари мамлакат зиёда аз як миллион фирорӣ аз хориҷи кишвар, асосан аз Давлати Исломии Афғонистон, ба Ватан баргардонида шуд, ки дар таърихи башарият беназир аст.

Тавре маълум аст, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳа, махсусан кишоварзӣ ва саноат, зарари калон расид. Ин масъала он рӯзҳо дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз умдатарин буд ва Сарвари давлат баҳри ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл намудани он талош карданд. Аз ин хотир, ба деҳқонон дар муддати ниҳоят кӯтоҳ 75 ҳазор гектар замин тақсим шуд, ки аз иқдомҳои наҷибона ва ҷавонмардонаи муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Тавре Пешвои миллат дар таб­рикоташон бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ изҳор намуданд, дар 27 соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81 то ба 28 дарсад коҳиш ёфт. Бегуфтугӯ, ин натиҷаи фаъолияти пурсамари муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад. Ин нишондиҳанда солҳои оянда боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт, зеро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) иброз дош­танд, ки: «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем».

Кишварҳои ҷаҳон пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 июни соли 1997) дар шахси Президенти ҷумҳурӣ ташаб­бускори асосии ҳаллу фасли як қатор мушкилоти минтақаро эътироф карданд. Махсусан, силсилаташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси боз ҳам боло рафтани обрӯю нуфузи Тоҷикис­тон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфта шудааст: «Соли байналмилалии оби тоза — 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028».

Ҷоиз ба зикр аст, ки Пешвои миллат ба таъриху фарҳанги гузаштаи пуршарафи миллат сидқан эҳтиром мегузоранд, ки ин намунаи олии абармарди асили миллат буданашон аст. Эълон гардидани рӯзҳои «Фалак» ва «Шашмақом», иди байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз, бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани идҳои миллии Сада ва Меҳргон аз арҷгузории Сарвари давлат ба таъриху фарҳанги миллӣ дарак медиҳад.

Натиҷаи заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон имрӯзҳо ба кишвари амну босуботи минтақа табдил ёфта, мардум бо қадамҳои устувор ва азму иродаи матин ба сӯи ояндаи дурахшон роҳ мепаймоянд.

Ҳайбатулло ШОДИЕВ, муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон