Аз толори суд

Амонатро намебояд хиёнат

№70 (3864) 07.06.2018

1_525536da7744b525536da77488Яке аз роҳҳое, ки шахсро ба хатову гуноҳ ва ҷиноят содир намудан водор менамояд, нафс аст.  Беҳуда онро балои ҷон нагуфтаанд.

10 феврали соли 2012  Қурбонов Салим Наҷмиддинович  тибқи фармони раиси ҶСП  БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» директори филиали дар ноҳияи Шаҳринав будаи он таъин гардид ва шояд аз дидани маблағи калон бо асъори милливу хориҷӣ — сомонӣ, долларҳои ИМА ва рубли русӣ сараш чарх зад. Эҳтимол фикр кард, ки: «Ман сарвари филиалам, пас маб­лағҳои он аз мананд». Биноан, дар давраи аввали фаъолият бо истифода аз ваколат ва бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба аз худ кардани молу мулки ғайр, ки ба ӯ бовар карда шуда буд, даст зад. Табиист, ки чунин «амалиёт» — ро дар танҳоӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Зеро  ҳар шуъба масъул дошт ва бидуни ба даст овардани «ризоият»-и онҳо  кореро анҷом додан  душвор буд.

Аз ин рӯ, С. Қурбонов бо мудири хазинаи бонк Ғафуров Икромиддин Сатторович забон як кард. Онҳо бо маслиҳати пешакӣ аз хазинаи филиал пинҳонӣ, қисм — қисм, бидуни тартиб додани  ҳуҷҷатҳои хазинавӣ маблағи нақдиро аз худ менамуданд. Бар замми ин, барои ба даст овардани фоида мунтазам аз  ҷои кор ва филиали бонк дар шаҳри Турсунзода пул қарз гирифта, онро барои корҳои шахсӣ сарф менамуданд. Дар натиҷа, қарзи зиёд ҷамъ гардида, дар хазина камомади зиёди маблағ ба вуҷуд омад. Барои рӯйпӯш кардан С.Қурбонов ва И. Ғафуров ба қароре омаданд, ки  коршиноси қарзии филиал Ҳодиев Файзулло Нарзиқуловичро низ ба ҷиноят шарик созанд. Зеро бе коршиноси қарзӣ  «мушкил» — и онҳо роҳи ҳал пайдо карда наметавонист. Ф. Ҳодиев низ барои ба даст овардани пули муфт «шарикӣ» — ро пазируфт. «Ҳаммаслакон» бо маслиҳати пешакӣ тарҳрезишуда бори нахуст бо номи шаҳрвандон Раҳимова Марҳабо Сатторовна, Ғафуров Камолиддин Сатторович, Асророва Лутфия Ҳасибовна,  Фатҳуллоев Умедҷон Холмуродович аз 2 то 5 ҳазор доллари ИМА, дар маҷмӯъ, 30000 доллари ИМА — ро тасарруф намуданд.

Пас аз ин амалиёти «муваффақона» нафари чорум — коршиноси калони қарзии филиал — Сафаров Ҳабибулло Нарзиқуловичро низ ба худ шарик намуданд. Бо ҷалб гардидани  коршиноси калони қарзӣ «амалиёт» беш аз пеш тавсеа ёфт. Боз ба номи шаҳрвандони ноогоҳ Туманов Хуршед Алихонович, Ҳаётов Нозимҷон Хушмахматович, Шарипов Диловар  ва дигарон шартномаи қалбакӣ тартиб дода, ҷамъулҷамъ  21000  доллари ИМА-ро тасарруф намуданд. Ҳ. Сафаров дидаву дониста, ному насаби шахсони зикршударо ҳамчун қарзгирифта ба сандуқи қарзии барномаи компютерии филиал ворид намуд.

Амалиёти дигари «ҳаммаслакон» воқеан бузург буд. Дар натиҷаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо номи шаҳрвандон С. Қурбонов, И. Ғафуров, Ф. Ҳодиев ва Ҳ. Сафаров 50600 доллари ИМА ва 60000 сомониро  соҳиб гардиданд.

Бегуфтугӯ, соҳибони пули калонро хароҷот низ калон аст. Бинобар ин, пас аз амалӣ намудани ин «амалиёт» низ амалҳои ҷинояткоронаро хотима набахшиданд. Онҳо мунтазам ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, соҳиби маблағ мешуданд.

Нафари дигаре, ки ба ин гурӯҳ шомил гардид, муҳосиби калони филиал Тешаева Сурайё Бобомуродовна  аст. Ӯ бо тартиб додани ордерҳои қалбакии хароҷотӣ аз ҳисоби пасандозҳои шаҳрвандон камомади хазинаро қисман барқарор менамуд.

Дасти ҷинояткорон ба тилловории шаҳрвандон, ки ҳамчун гарав дар филиал нигоҳ дошта мешуданд, низ расид. Онҳо  аз сейфҳои нигоҳдории ҷавоҳирот тилловорӣ гирифта, дар ломбардҳо мефурӯхтаанд.

Дар маҷмӯъ, зарари умумии ба ҶСП  БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» расонидаи «ҳаммаслакон» 154 290,64 доллари ИМА, 80 168,19 сомонӣ ва 278 738,00 рубли русиро ташкил дод.

Табиист, ки ҳеҷ гуноҳ бе ҷазо намемонад ва ҳар ҷинояткор рӯзе барои қонуншикании содирнамуда дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. «Қаҳрамонон» — и мо  ҳам бе ҷазо намонданд.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аъмоли нопоки С. Қурбонов ва ҳаммаслаконашро баррасӣ намуда, муайян кард, ки  дар маҷмӯъ, Қурбонов Салим Наҷмиддинович 63023,17 доллари ИМА, 40084,07 сомонӣ ва 36666,67 рубли русӣ, Тешаева Сурайё Бобомуродовна 17366,67 доллари ИМА, 36666,67 рубли русӣ, Сафаров Ҳабибулло Нарзиқулович 1495,25 доллари  ИМА,  Ҳодиев Файзулло Ҷалолович 5328,12 доллари ИМА ва Ғафуров Икромиддин Сатторович 66 627,42 доллари ИМА, 40 084,07 сомонӣ ва 205 404,67 рубли русиро ба манфиати шахсӣ сарф намудаанд. Барои ҷиноятҳои содирнамуда С.Н.Қурбонов бо банди «б» қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 295 ва бандҳои «а, б, в», қисми 2 моддаи 340, Ҳодиев Файзулло Ҷалолович, Сафаров Ҳабибулло Нарзиқулович ва Тешаева Сурайё Бобомуродовна бо банди «б» қисми 4 моддаи 245 ва бандҳои «б, в», қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд. Дар асоси талаботи қисми 1 моддаи 78 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷазои таъиншуда нисбат ба Тешаева Сурайё Бобомуродовна, ки тифлакони хурдсол дошт, то ҳаштсолагӣ расидани фарзандон мавқуф гузошта шуд. Ҳукм шуд, ки маблағҳои тасарруфкардаи ҷинояткорон  ба фоидаи ҶСП  БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» рӯёнида шавад.

Ҳадафи рӯйи саҳифа овардани «корнома»- и  нафарони зикршуда барои дигарон сабақ шудан аст.

Б. Искандарзода, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»