Ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

Чанде пеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон Андреас Протманн, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран ва машвартчӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилс Янсон мулоқот намуд, ки мақсад аз он баррасии имконоти минбаъдаи ҳамкориҳо ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19, ҳимояи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳифзи ҳуқуқи занон ва духтарон, масъалаҳои вобаста ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, мутобиқати фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар суханронии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти мубориза бо коронавируси нав, хусусан, ташкили шароити табобат ва пешгирӣ, роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва қишри осебпазири он, ҳамчунин фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дода шуд.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва сафирони кишварҳои Олмон ва Фаронса дар Тоҷикистон талошҳои пайваста ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони имконияташон маҳдуд, назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст.

Зикр гардид, ки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамкориро дар соли ҷорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад.

«Садои мардум»