Ба пешвози Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҷанг даҳшатбор буду ғалаба бузург

№50 (3844) 24.04.2018

717513Имсол ба ғалабаи бузурги халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм 73 сол пур мешавад. Он бар ивази қаҳрамониҳои даҳҳо миллион сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омадааст.

Дар он ҷанги хонумонсӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 290 ҳазор нафар ва аз собиқ ноҳияи Обигарм (ҳоло шаҳри Роғун) 2000 нафар иштирок намуда, далерӣ нишон додаанд.

Аз шаҳри Роғун Пӯлод Ғолибов, Кабир Қодиров, Ғоиб Қаландаров, Тоҷиддин Қодиров, Раҷаб Муҳаммадиев, Ҳоким Зайдов, Лоиқ Каримов ва ҳамсараш Боровик Олга, Муҳаммадамин Булбулов  ва ҳамсараш Вера Закаблучная, Қурбон Раҳмонов, Назул Рабиев ва дигарон дар ҷанг ҷонбозиҳо карда, бо ордену медал мукофотонида шуданд. Ман бо аксари онҳо шинос будам. Таърих далерию қаҳрамонии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Имрӯз аз номбаршудагон ду нафар — Дӯст Умаров, Ҳафиз Аминов ва заҳматкаши ақибгоҳ Баргак Раҳимова дар қайди ҳаёт мебошанд.

Дар маърӯзаи раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии Иттифоқи собиқадорони ҷанги Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, адмирали флот А. И. Сорокин омадааст: «Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 аз ҳодисаҳои даҳшатбори таърих мебошад. Ғалаба дар он бар ивази қаҳрамониҳои миллатҳои бародар ба даст омада, дар ин ҷанг 26,6 миллион нафар ҷони худро бохтанд. Даҳҳо ҳазор шаҳру деҳот ба хок яксон гашт. Хисороти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва шаҳрвандони Иттифоқи Шӯравӣ дар ин ҷанг 680 миллиард рублро ташкил дод.

Дар замони бархӯрди тамаддунҳо, тезутундшавии вазъи геополитикии ҷаҳон зарур аст, ки дӯстию рафоқати миллатҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро аз нав барқарор намоем.

Бояд қаҳрамонии падару бобоёнро ба насли наврас ва ҷавонон пайваста тарғиб карда, дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқатмандиро нисбат ба Ватан афзун намоем. Ҷавонон бояд ватандӯст, худшиносу худогоҳ бошанд, то марзу буми Ватани азизамон дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллиро, ки бо ҷаҳду талошҳои пайваставу шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ҳифз карда тавонанд.

Абдухолиқ ҶОЙЛОБОВ,

раиси Шӯрои собиқадорони

ҷангу меҳнати шаҳри Роғун