Ҳар дардеро давоест

№124 (4074) 17.10.2019

Агар касе мегӯяд, ки пулро дӯст намедорад, бовар намекунам. Ҳама пулро дӯст медоранд. Ба ҳар ҳол, ҳар яке мехоҳем, ки пул дошта бошем ва бар ин андешаем, ки пуламон боз бештар бошад, боз беҳтар аст. Аммо категорияи муайяни одамоне низ ҳастанд, ки «муҳаббат»-и онҳо ба пул охир надорад. Аксари одамон бар ин андешаанд, ки ин гунаҳо «бемор»-анд, бемори бедаво.

Вале, барои қаҳрамони мо, ки кайҳо боз гирифтори ин «беморӣ» буд, мегӯянд имрӯз «даво» пайдо кардаанд. Боварамон наомад, аз ин хотир, маҷбур шудем, ки дафтари аъмолашро варақгардон кунем.

Кенҷаев Қурбон Исроилович (5 августи соли 1986) дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст. То 28 ноябри соли 2018 бо рутбаи лейтенанти калони милитсия ба ҳайси афсари муҳофизи шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Ёвон кор мекард. Вале, қабл аз ин, дар филиали ҶСП «Тоҷпромбонк» (ноҳияи Ёвон) ҳамчун хазиначии бахши интиқоли маблағҳо фаъолият менамуд ва дар як вақт ба падараш Исроил Кенҷаев, ки дар наздикии бозори марказии ноҳияи Ёвон нуқтаи мубодилаи асъор дошт, ёрӣ мерасонд. Дар ҳамин давра ӯ бо соҳибкорони зиёде, ки бо мубодилаи асъор шуғл меварзиданд, шиносоӣ пайдо намуд. Медонист, ки «рӯзе лозим мешаванд».

Соли 2015 вазъи молиявии ҶСП «Тоҷпромбонк» вазнин гардид ва роҳбарият маҷбур шуд, ки чанд нафар кормандро аз кор озод намояд. Қурбон Кенҷаев низ ба ин рӯйхат шомил гашт.

Баъди ин дар майнаи Қурбон фақат як фикр чарх мезад: дарёфти пули зиёд, вале бедардимиён. Бо ин ният роҳи хонаи шиноси деринааш — сокини шаҳри Исфара Абдумубин Самадовро, ки солҳои зиёд бо мубодилаи асъори хориҷӣ машғул буд, пеш гирифт. Ҷӯраҳо бо ҳам забон ёфтанд. Пас аз таҳлили вазъи молиявиашон онҳо ба хулоса омаданд, ки корро якҷоя бо маблағи калон ва бо ҷалби шиносҳои боэътимод (ҳамчун гурӯҳ) ташкил намоянд. Вазифаи дигарон бояд танҳо таъмини амният ва интиқоли маблағ бошад, ба хулоса омаданд шарикон. Ҳар ду андеша доштанд, ки аз мубодилаи маблағҳои калон суди бештар ба даст меояд.

Табиист, ки пул ва хусусан, маблағи калонро ба ҳар кас бовар намекунанд. Бинобар ин, Қ. Кенҷаев барои гурӯҳи худ ду нафари дигарро ҳамчун муҳофиз ва интиқолдиҳанда аз байни хешовандон — Ибодулло Толибов – писари аммааш ва Нурулло Абдулов — писари тағояш интихоб намуд. Ҳамин тариқ, гурӯҳ созмон ёфт ва сардории онро худи Қ. Кенҷаев ба уҳда гирифт.

Акнун маблағ ҷамъ овардан лозим буд. Қурбон барои ёрӣ, пеш аз ҳама, ба падари худ Исроил Кенҷаев муроҷиат намуд, вале ӯро фиреб дод, гуфт, ки ба тиҷорати мошинҳои гаронарзиш машғул хоҳад шуд. Падар ба писар бовар карда, пасандозашро ба маблағи 260 ҳазор доллари ИМА ба дасташ дод. Қурбон бо ҳамин дурӯғ — равнақ додани тиҷораташ бо мошинҳои гаронарзиш аз шавҳари хоҳараш Азалшо Хуҷаев низ 50 ҳазор доллар гирифт. Шарикаш Абдумубин Самадов барои оғози кор 400 ҳазор доллар саҳмгузорӣ намуд.

Барои таъмини амнияти кори гурӯҳ Қ. Кенҷаев ба шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Ёвон ба кор даромад. Ӯ  медонист, ки ҳуҷҷати ин хадамот ва либоси низомӣ дар раванди корҳо ба ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳатман ёрӣ мерасонад. Танҳо баъди ин фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳ оғоз гардид. Чун сардори гурӯҳ корҳои асосӣ — пайдо кардани мизоҷ, муайян намудани қурби хариду фурӯши асъорро Қ. Кенҷаев бар уҳда ­дошт. Дар ҳалли баъзе масъалаҳо танҳо бо Абдумубин Самадов машварат мекард. Нархи хариду фурӯши асъори хориҷиро дар пойтахт ба А.Самадов хабар дода, аз ӯ дар бораи нархи доллари ИМА ва рубли русӣ дар вилояти Суғд маълумот мегирифт. Пас аз таҳлили вазъ тасмим мегирифт, ки маблағи барои мубодила омодашударо ба Суғд фиристад ё ин ҷо нигаҳ дорад. Вазифаи Нурулло Абдулов, тибқи супориши Қ. Кенҷаев ё аз соҳибкорон асъор ҷамъ намуда, ба ӯ овардан ё ба онҳо асъор фурухтан буд. Ибодулло Толибов бошад, дар сафарҳо амнияти аъзои гурӯҳро таъмин менамуд. Ҳамчун коргарони одӣ Н. Абдулов барои як рӯзи корӣ 50-60 сомонӣ ва И. Толибов барои ҳар сафар 200-300 сомонӣ аз  сардори гурӯҳ маош мегирифтанд. Баъзан Қ. Кенҷаев ба онҳо кумакҳои пулӣ низ мерасонид.

Хулоса, фаъолияти ғайриқонунии Қ. Кенҷаев ва ҳамроҳонаш  хуб ҷараён дошт. Моҳи ноябри соли 2018 сардори гурӯҳ бо Н. Абдулов ва И.Толибов ба шаҳри Хуҷанд сафар намуданд. Баъди додугирифти асъори хориҷӣ Абдумубин Самадов ба ӯ мужда расонд, ки айни ҳол қурби пули Федератсияи Россия боло рафта, 1 доллари ИМА ба 67 рубл баробар шудааст ва афзуд: агар гурӯҳ 400 ҳазор доллари ИМА ҷамъ орад, онро ба зудӣ иваз намудан ва фоидаи хуб ба даст овардан мумкин аст. Қ. Кенҷаев аз ин хабар хурсанд шуда, барои ҷамъ овардани маблағ бо ҳамроҳонаш ба Душанбе бармегардад ва дар якҷоягӣ 38 миллион рубли русӣ харидорӣ менамоянд. Ҳамзамон, аз болоравии қурби доллар хабар ёфта, бо иваз намудани асъори миллӣ-сомонӣ 100 ҳазор доллари ИМА ҷамъ меоранд.

28 ноябри соли 2018 сенафарон барои ба вилояти Суғд бурдан то бегоҳ 37 миллиону 466 ҳазору 500 рубли русӣ ва 469 ҳазору 686 доллари ИМА-ро бастабандӣ ва ба борхалтаҳои варзишӣ ҷой карданд. Соати 21.30 дақиқа Қ. Кенҷаев калиди мошини шахсиаш — тамғаи «Волсваген», рақами давлатиаш 29-20 НР01-ро ба Н. Абдулов дода фармуд, ки муҳаррики мошинро ба кор дароварда, гарм кунад. Чун Н. Абдулов аз дар берун гардид, И.Толибов ҳам борхалтаҳои пулро ба даст гирифта, аз паси ӯ равона шуд.  Қ. Кенҷаев бошад, барои бе мамониат гузаштан аз дидбонгоҳҳои БДА либосҳои низомиашро ба бар намуда, каме дертар аз хона баромад ва дид, ки кормандони милитсия ҳамроҳонашро дастгир карда, дастонашонро ба пушт мебанданд…

Аз тарс карахт шуд, вале зуд ба худ омад ва ба мошини дигараш савор шуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард, аммо дур нарафт. Ба зудӣ ӯ ва Абдумубин Самадовро низ дастгир намуданд…

26 феврали соли 2019  Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Кенҷаев Қурбон Исроилович, Самадов Абдумубин Хоҷаевич, Толибов Ибодулло Саъдуллоевич ва Абдулов Нурулло Муродович, тибқи моддаи 286 қисми 3 бандҳои «б, в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Аъзои гурӯҳ зуд ба ҷинояти содирнамудаашон иқрор гардиданд. Зимни таъини ҷазо суд талаботи моддаи 70 қисми 3 ва моддаи 49 қисми 10 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муҳлати дар ҳабс будаи онҳо (бо ҳисоби як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробар бо 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба назар гирифт. Ҳамин тариқ, ба Кенҷаев Қ. И.  ба маблағи 61675, Самадов А. Х.- 61775, Толибов И.С. ва Абдулов Н.М. — 61700 сомонӣ ҷарима таъин шуд. Далелҳои шайъӣ-асъори хориҷӣ — 469 ҳазору 686 доллари ИМА ва 37 миллиону 466 ҳазору 500 рубли Федератсияи Россия ба фоидаи давлат мусодира гардид.

Бо ҳамин усул мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин «беморон»-и дарди илоҷнопазирро «даво» бахшидаанд.

- Мешудааст — ку…

Б. Искандарзода, судяи Суди ноҳияи Сино, ш. Душанбе,

Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»