Ҳар сол 15 дарсади навхонадорон аз ҳам ҷудо мешаванд. Чаро?

№11 (3961) 26.01.2019

23 январи соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ташкилоти «ГОПА» дар ҷумҳурӣ таҳти унвони «Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ) – и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суҳбати гирди миз доир шуд. 

Онро муовини раиси кумитаи зикршуда Аҳмадзода Дилнозаи Давроналӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҷудошавии оилаҳо солҳои охир дар кишвар афзуда, пешгирии он ногузир аст.

Маълум гардид, ки масъала чанд сол боз мавриди омӯзиши мутахассисони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қарор дошта, солҳои 2017-2018 тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст. Ва Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони  дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли нишастро бо натиҷаҳои тадқиқот ошно намуд. Зикр гардид, ки соли 2017 дар мамлакат 10 ҳазору 53 оила аз ҳам ҷудо шудааст. Дар 11 моҳи соли 2018 аз 71592 оилаи нав барпошуда 10140 — тоаш пош хӯрд, ки қисми асосии онро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Далелҳо аз он ҳокианд, ки омода набудан ба оиладорӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, надонистани одоби муошират, зӯроварӣ, ҳамдигарнофаҳмӣ сабабҳои асосии парокандашавии оилаҳо мебошанд.

Зулфия Давлатзода — муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳар сол аз теъдоди умумии оилаҳои дар тӯли сол барпогардида қариб 15 фоиз пароканда мешаванд.

Оид ба мавзӯи роҳу воситаҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҳамчунин Мирзозода Азизуло Файз — муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Абдурафӣ Қулов — сардори Раёсати омори демографии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотам Ятимзода — муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ва Саидмукаррам Абдуқодирзода — раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ андешаю пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»