«Ҳар яки мо – тавоно!»

№89 (3883) 21.07.2018

37327217_1645588495539660_5342346232780029952_nҲимояи ҳуқуқи шахсони маъюб, алалхусус кӯдакони имконияташон маҳдуд, зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.

Ин маънӣ дар чорабинии миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбӣ садо дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ 16 июл дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси»-и пойтахт  ташкил карда шуд. Ҳадаф аз он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои имкониятҳои маҳдуд, коҳиши рӯҳафтодагӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбӣ, инчунин бунёди ҷомеаи  фарогир бо имконот барои ҳама арзёбӣ гардид.

- Имрӯз дар Тоҷикистон 25 ҳазор кӯдаки дорои имконияти маҳдуд сабти ном шудаанд. Ин дар ҳолест, ки 100 ҳазор кӯдаки дигар ҳанӯз ҳам ба қайд гирифта нашудаанд. Онҳоро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамроҳ бояд кард. Ҷомеа дар ҳалли ин масъала набояд бетараф бошад, — гуфт Лучиано Калес­тини, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон.

- Мо итминон ҳосил кардем, ки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар рушди мамлакати худ низ мусоидат карда метавонанд. Онҳо низ шабеҳи мо ҳастанд, — иброз дошт Сафири фавқулода  ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока. Ба андешаи ӯ, ин маърака метавонад муваффақиятро дар самти зиёд кардани таҳаммулпазирии мардум нисбат ба шахсони маъюб ва аз байн бурдани тамғагузорӣ нисбат ба онҳо асос гузорад.

Зикр шуд, ки 22 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи  кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои СММ, воқеъ дар  шаҳри Ню -  Йорки  Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико, зери Конвенсияи СММ оид ба  ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд. Қабл аз конвенсияи мазкур чанд санади  меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ба манфиати шахсони маъюб равона шудаанд.

Маҳз дар доираи ҳамин сиёсат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  аз 28 октябри соли 2016, таҳти 455 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид ва вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳо ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори  Нақшаи чорабиниҳои барнома муваззаф гардиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода иброз дошт, ки шахсони маъюб аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Бояд ҳуқуқ, шаъну эътибори онҳоро таъмин намуда, барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ  фаъолона шомил  шуданашон мусоидат намоем. Ҳоло барномаву стратегияҳои зиёд дар ин самт амалӣ шуда истодаанд. Дар раванди амалисозии онҳо ҷиҳати  ҳифз ва риояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб гузаронидани  маъракаҳои  миллии иттилоотонӣ хеле муҳим аст. Иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи эҳтиёҷоти кӯдакони имконияташон маҳдуд, дар шуури ҷомеа ташаккул додани муносибати мусбат нисбат ба онҳо ба бартараф кардани монеаҳо мусоидат менамояд.

Дар чорабинӣ, ки таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» ҷараён гирифт, таъкид гардид, ки ҳар як узви ҷомеа барои субот ва инкишофи кишвар саҳми арзанда гузошта метавонад.

Тибқи арзёбии иштирокчиён, чорабинии зикршуда маъракаи нахустини шашмоҳа дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии шахсони маъюб барои солҳои  2017-2020» мебошад, ки ба бунёди ҷомеаи фарогири иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар зеҳни аъзои ҷомеа — кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон нисбат ба шахсони маъюб муносибати мусбат ташаккул меёбад. Аҳли ҷомеа бояд барои бештар гардидани боварии кӯдакони маъюб ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо ба рушди минбаъда талош варзад.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»