Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ

№107 (3901) 01.09.2018

бачаСоле, ки ноҳияи Тоҷикобод аз нав ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил шуд, ӯ бо тақозои вазифа ба он ҷо рафт. Ман бо супориши рӯзнома дар он давра борҳо ба ин ноҳия сафар доштам. Бо чеҳраи хандону табъи кушода маро дар дафтари корӣ пешвоз мегирифт. Аз рафти корҳое, ки он рӯзҳо таҳти роҳбариаш амалӣ мешуд, бо ифтихор ҳарф мезад. Бовар дошт, ки баъди чанд сол ноҳияи навтаъсис ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил меёбад.  Ба мардуми заҳматкашу ободкор умед мебаст.

Маҳмуд Идиевро хеле барвақт мешинохтам. Ҳанӯз бачаи мактабхон будам, ки ӯ дар миёни ҳамдиёрон ба ҳайси роҳбари кордону боистеъдод, ватандӯсту ободкор маъруф буд. Соли 1988 бо ӯ аз наздик шинос шудам. Он солҳо дар вазифаи хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») дар водии Рашт кор мекардам. Маҳмуд Идиев вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ғармро ба уҳда дошт. Марди хоксору донишманд буд. Лаҳзаҳои фориғ аз кор ба наздаш мерафтам ва дар ҳалли масъалаҳои гуногун аз ӯ маслиҳат мепурсидам. Бо тамкину оромии хос бароям маслиҳатҳои муфид медод. Адабиётдӯст буд. Ҳангоми суҳбат аз эҷодиёти бузургони гузаштаву имрӯза барои тақвияти фикр пораҳои шеъриро аз ёд мехонд. Аз нақшаҳо оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, бунёди шаҳраки замонавӣ ва ғайра қисса мекард. Таърихи Раштонзаминро хуб медонист. Аз рӯзгори мардони бузург ҳарф мезад. Ӯ мегуфт, мардоне, ки ба хотири миллат ва Ватани азиз шабу рӯз заҳмат мекашанд, ҷовидона зинда мемонанд, ва байти машҳури Хоҷа Ҳофизро бо завқ мехонд:

 Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Охири солҳои шастум ва оғози ҳафтодум дар Тоҷикистон як қатор вилояту ноҳияҳо барҳам дода шуд. Тоҷикобод низ дар қатори онҳо буд. Онро ба ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) ҳамроҳ карданд.

26 феврали соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод аз нав таъсис ёфт. Дар давоми 28 соли барҳамхӯрии ноҳия Тоҷикобод аз ҳукумати қудратманди шӯравӣ мероси кироӣ нагирифт. Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ва Кумитаи иҷроияи ноҳия фаъолиятро дар бинои собиқи Кумитаи ҳизби коммунист, ки аз  соли 1963 боқӣ монда буд, оғоз карданд.

Нобасомониҳои солҳои навадум имкон надоданд, ки роҳбарияти ноҳияи навтаъсис бо дасту дили гарм пайи ободӣ шаванд. Ноҳияи Тоҷикобод беш аз 10 сол ором набуд ва маълум, ки фазои мусоид барои рушди иқтисодӣ — иҷтимоии он низ фароҳам наомад. Дороии хоҷагии халқи ноҳия ба тороҷ рафт.

Новобаста аз ин, мардони ба — ору номуси Тоҷикобод бо хурдтарин имконияти мавҷуда барои таъмини сулҳу салоҳ, раҳонидани мардум аз гуруснагиву марг, ҳимояи номус ва шарафи хонаводагӣ ҷонсупорӣ намуданд. Он шабу рӯз фаъолияти раиси аввалини ноҳия Маҳмуд Идиев лоиқи таҳсин буд. Бо кӯшиши ӯ ва даҳҳо ҳамсафу ҳаммаслакаш, ки иддае аз онҳо то имрӯз ҳамроҳи мардуманд, рӯзҳои сангин паси сар шуданд.

- Мо мардуми Худододем, — мегуфт дар суҳбатҳо. — Вазифаи роҳбарият дар марҳилаи гузариш ба мардум фаҳмонидани ҳақиқати вазъи имрӯза аст. Мо бояд мардум­ро дар атрофи ҳукумати қонунӣ муттаҳид намоем. Мардум акнун сиёҳро аз сафед, дӯстро аз душман фарқ мекунад.

Оре, Маҳмуд Идиев дар вазъияти фалокатбор роҳбарии ноҳияро ба зимма дошт. Ӯ байни обу оташ фаъолият менамуд. Дар вохӯриҳо бо сарварони мухолифин нотарсона баромад ва мардумро ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, ҷонибдорӣ аз Ҳукумати конститутсионӣ даъват мекард. Кӯшиш менамуд ба ҷавонони роҳгум фаҳмонад, ки фирефтаи суханони ширину ваъдаҳои подарҳавои душманони миллат нашаванд.

- Касе кишвари моро обод намекунад, ободии Ватанамон ба худамон вобаста аст, агар ба корҳои созандагӣ даст занем, баъди чанд сол таҳти сарварии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари гулгулшукуфта бадал мешавад, — такрор ба такрор мегуфт ӯ дар суҳбатҳо.

Барои аз вартаи ҳалокату нобудӣ раҳонидани гурезаҳои аз водии Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба Тоҷикобод воридгардида ҷон мекоҳонид. Кӯшиш менамуд, ки ёрии башардӯстонаи воридгардида аз рӯи адолат ба ниёзмандон тақсим шавад. Дар баробари ин, барои эҳёи босуръати соҳаи кишоварзӣ чораву тадбирҳо меандешид. Бо ҳидояти ӯ сокинони маҳаллӣ дар талу теппаҳо ғалла кишт мекарданд, заминҳои ҳамвору обӣ барои кишти картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум истифода мешуд.

Вале, чӣ мегӯед, ки ҷасорату матонат, хусусан бепардагӯии Маҳмуд Идиев ба баъзе ашхоси нотавонбин хуш наомад. Ошкору ниҳон дар борааш бадгӯйӣ мекарданд. Ҳамин буд, ки ҳангоми сафари корӣ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия 1 августи соли 1996 ваҳшиёна ба қатл расонда шуд.

Маҳмуд Идиев, ки ҷонибдору ташаббускори аз нав ташкил намудани ноҳияи Тоҷикобод буд ва орзу дошт, ки диёраш дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба сафи ноҳияҳои рушдёфта дохил гардад, бо дили пурармон дунёи фониро тарк намуд. Ӯ рӯзҳои некро надида рафт. Орзу дар дил қурбони кирдори ноҷавонмардон гардид.

Баъди марг бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҳмуд Идиев бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз ва яке аз кӯчаҳои марказии ноҳия ба номи ӯ гузошта шуд.

Имрӯз ҳам мардуми Тоҷикобод номашро боэҳтиром ба забон меоранд ва аз зиндагиномаи ӯ барои ҷавонон пора — пора қисса мекунанд. Онҳо медонанд, ки рӯзгори ин марди ватандӯст мактаби хубест барои тарбияи ватанпарас­тию инсондӯстии насли ҷавон.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»