Ҷашни муқаддас

№74 (4180) 23.06.2020

Воқеа ва рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлат саҳифаи сифатан нав ворид месозанд, аз истиқлолияти комилу сулҳу ваҳдату ризоят маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир доранд. Ваҳдати миллӣ, ки сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсат аст, дар таърихи тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комил, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шакл­гирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Воқеан, дар сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии том ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мардуми шарифи кишвар 27 — уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад, ки  дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллат бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рӯзи мубораку саид, пас аз талошу қаҳрамононӣ ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он барои мардум иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳам­зистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро ҳадя кард. Дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагӣ нақши мондагор гузошт ва аз оғози солҳои соҳибис­тиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.

Воқеан ҳам, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақо мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтарини рушду нумӯ расидааст.

Алҳол кишвар аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дорад ва сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ, эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанон торафт таҳкиму густариш меёбад.

Мутаассифона, дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар нуқоти  гуногуни сайёра  миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шуданд. Терроризм ва ифротгаройӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмона ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст ва ба кишварҳои олам, аз ҷумла, Тоҷикистон, таҳдид намуда истодааст. Ҳадафҳои сиёсии ашхоси алоҳида ва гурӯҳҳои онҳо таҳдиду зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм ва найрангу ҳангомаҳои ифротгаройӣ ба дину мазҳаб ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархӯрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд, балки сатҳи пасти маърифат, бесаводию ноогоҳӣ, канор мондан аз маданияту фарҳанг, разолат, ноҷавонмардӣ, кӯрдилӣ, миллатбадбинӣ ва ватанфурӯшӣ сарчашмаи асосии пайдоиши ин зуҳуроти номатлуби замон мебошанд.

Аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ ашхоси дурӯяи фурӯхташуда, ки душманони давлату миллат, нафарони заиф, кундпеша, кинаҷӯву адоватхоҳ мебошанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои нопок аз бадбахтии ба сари халқи ҷаҳон омада истифода бурда, барои ба таҳлука андохтани мардуми кишвар, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя ва сиёҳ намудани Давлату Ҳукумати кишвар кӯшиш намуда истодаанд.

Аксар давлатҳои дунё, ки мубталои бемории сироятӣ гардидаанд, дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолиф доранд, лекин дар ин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоме аз онҳо, ба монанди аъзои бадхоҳ ва бадбини ТТЭ ҲНИ, бо афкору ақидаи фитнаангез ба сари давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ теғи душманӣ кашида, туҳмату надомат намуда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурӯғ наангехтанд. Барои мухолифини давлати мо бошад, мусибати ба сари мардум­омада мояи хурсандӣ гардидааст. Амалҳои ғайриинсонии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифони давлат нестанд, балки душманони ашаддии миллати тоҷик мебошанд. Барои онҳо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ кайҳо вуҷуд надоранд, чунки виҷдону имону муҳаббату садоқату вафоро нисбат ба Ватану миллат кайҳо қурбони хоҷаҳои зархариди хориҷӣ кардаанд. Онҳо фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварро нодида мегиранд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинӣ дар зеҳну шуури мардуми осудаҳол мехоҳанд ақидаҳои бадбиниро бунёд созанд. Ба андешаи онҳо Ҳукумати кишвар барои паҳншавии бемории сироятии коронавирус гунаҳкор аст ва гӯё танҳо мардуми тоҷик гирифтори он гардида бошад. Дар ҳоле ки шумораи гирифторони беморӣ дар ҷаҳон ба беш аз 8 миллион нафар расидааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳатто кишварҳои абарқуд­рати олам натавонистанд пеши роҳи паҳншавии онро бигиранд.

Чанд садсола муқаддам Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил гуфта буд:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Воқеан ҳам, чунин аст. Ҳар боре, ки ашхоси гурезаи ватангумкарда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз «дарду доғҳо»-и аҳли ҷомеа сухан мегӯянд, бинобар беасосию бебунёдии даъвоҳояшон худро дар назди мардуми кишвар расвотар месозанд.

Дар асл суханҳои онҳо, ки гоҳҳо бо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳои набавӣ, гуфтаҳои бузургон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иқтибосҳо «оро» дода мешаванд, аз беасосию бебунёдӣ, фиреби маҳзу туҳмати хушку холӣ будан шаҳодат медиҳанд ва қадру қимати онҳоро ба хоки сиёҳ баробар месозанд.

Ин тоифа доир ба ҳама мавзӯъ изҳори андеша мекунанд. Аз мадди назари онҳо на танҳо масоили рӯзгори сокинони мамлакат, балки зиндагию фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии дар дигар давлатҳо қарордошта ҳам берун намемонад. Доир ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ — маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва ғайра сухан меронанд ва гуфторашон ҳамеша бо сиёҳ кардани роҳбарони болоии ҳокимият хулоса мешавад. Ба ибораи дигар, мақсади асосии ин тоифаи хоину ватанфурӯш бо кадом роҳу воситае, ки набошад, нодида гирифтани пешравию даст­овардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бадном сохтани Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резонидани обрӯю эътибори халқи тоҷик ва Ватан дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Барои рӯсиёҳии онҳоро исбот намудан пешниҳоди саволи зерин басанда аст: «Шумо ҳангоми дар Ватан қарор дош­тану сари кор будан барои халқу Ватан чӣ хизмат кардаед?». Агар аҳли ҷомеа аз ин гурӯҳи сиёҳтинату сиёҳкор хайру хубӣ медид, ҳаргиз аз онҳо рӯй намегардонд.

Бо дарназардошти паҳншавии бемории коронавирус ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ҳоло ин тоифаи рӯсиёҳ дари бозори дурӯғу фитнаро аз ҳарвақта дида, бештар боз намудаанд. Вале, хушбахтона, дар баробари ин хурду бузурги кишвар қадру манзалати сулҳу ваҳдати миллиро хуб дарк намудаанд ва дигар ҳеҷ гоҳ хатову иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунанд. Кӯшишу ғайрат ва талошу заҳмати дастаҷамъона ҳатман моро комёб, ояндаи дурахшонамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю обод табдил медиҳад. Аммо хоинону ватанфурӯшони гуреза рӯсиёҳ буданду мемонанд, киштии умеду орзуҳои ботилу нопоки онҳо ҳатман дар гирдоби дасисаҳояшон ғарқ мешавад ва онҳоро ба вартаи ҳалокату гумномӣ мебарад.

Дар баробари ин, пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпеша дар масири рушди устувор абадӣ ва ҷовидона мебошанд.

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ гуфтанӣ ҳастем, ки тоҷику тоҷикис­тонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад. Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ бояд на танҳо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем, донишу таҷриба, неруи зеҳнию маънавӣ, захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватан, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем.

Бахтовар САФАРЗОДА, Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон