Асрори «ҳалқа»-ҳо кушода шуд

№71 (4177) 16.06.2020

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва қонунмеҳвар аст. Ин ҷиҳат дар Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқӣ мушаххас шарҳ ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 26 Конститутсия, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибатро нисбат ба дин мустақилона муайян намуда, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд. Дар моддаи 8 Конститутсия омадааст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Мутаассифона, бо вуҷуди мушаххас будани талаботи қонунгузорӣ мавридҳое кам нестанд, ки шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, пайравӣ аз ҳизбу ҳаракатҳое мекунанд, ки фаъолияташон дар кишвар расман мамнуъ эълон шудааст. Масалан, аввали соли ҷорӣ садҳо нафар барои узвият ба гурӯҳи террористиву экстремистии «Бародарони мусулмон» («Ихвон-ул-муслимин»), ки фаъолияташ дар ҷумҳурӣ аз тарафи Суди Олии кишвар соли 2006 манъ шудааст, боздошт гардиданд.

Ҳабдаҳуми апрели соли 2020 Суди шаҳри Душанбе дар маҷлиси кушоди судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Абдурауфи Сайдҷаъфар, сана ва соли таваллуд — 28 июли соли 1994, зодаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалим, деҳаи Сангдевор, тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан суд нашудааст, дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 3073 қисми 2 ва 3074 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.

Абдурауфи Сайдҷаъфар соли 2014 бо мақсади гирифтани таълимоти динӣ, хусусан тарзи дуруст хондани «Қуръон», ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон рафта, он ҷо бо нафари тахминан 36-40-сола ҳамсуҳбат шуда, дар бораи гирифтани таълимоти динӣ пурсон шуд. Ҳамсуҳбаташ шумораи телефони мобилии М. Қурбонов ном шахсро дода, гуфт, ки номбурда ба ӯ ёрӣ мерасонад. А. Сайдҷаъфар ба Қурбонов М. тамос гирифта, матлабашро баён мекунад.

Баъд аз як моҳи суҳбати телефонӣ Маъруф Қурбонов ба Абдурауфи Сайдҷаъфар занг зад. Маълум гардид, ки ӯ низ собиқ хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон будааст. Онҳо дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» вохӯрда, шинос шуданд. Сипас, М. Қурбонов ӯро ба хонае, воқеъ дар наздикии бинои Прокуратураи генералӣ овард. Аз он ҷо дар вақти намози шом ба кӯчаи Маяковский рафта, бо Оятулло ном шахс шинос шуданд. М. Қурбонов аз Оятулло хоҳиш кард, ки ба додараш – А. Сайдҷаъфар таълимоти динӣ диҳад. Азбаски падари Оятулло он шабу рӯз дар беморхона буд, гуфт, ки ҳоло имкони додани таълимоти диниро надорад, вале пас аз ягон ҳафта шояд имкон пайдо кунад. Тахминан баъди як моҳ М. Қурбонов ба А. Сайдҷаъфар занг зада, ӯро ба хонаи Оятулло даъват намуд. А. Сайдҷаъфар дар хонаи Оятулло аз М. Қурбонов фаҳмид, ки онҳо, яъне таълимгирандагони як «ҳалқа» мебошанд («ҳалқа» гуфта, гурӯҳи таълимгирандагони ташкилоти террористиву экстремистиро мегӯянд, ки аз чор-панҷ нафар иборатанд) ва ба онҳо аз рӯи адабиёти махсус таълимоти динӣ медиҳанд.

Ҳамин тавр, шиносоӣ ва шомилшавии А. Сайдҷаъфар ба аввалин «ҳалқа»-и таълимгирандагони ташкилоти террористиву экстремистии «Бародарони мусулмон» («Ихвон-ул-муслимин») сурат гирифт. Маълум шуд, ки аз соли 2015 то соли 2019 номбурда шомили панҷ «ҳалқа» гардида, таълим гирифтааст, ки роҳбарони «ҳалқа»-ҳо Муҳибулло, Шамсулло, Умар Мирзоев, Убайдулло Алиев ва Маъруф Қурбонов буданд. «Мударрисон» ҳангоми дарсҳо ёдрас мекарданд, ки онҳо «аҳли суннат ва ҷамоат» мебошанд ва таълимгирандагонро ба сабр кардан водор намуда, таъкид мекарданд, ки аз мақсади гурӯҳ танҳо баъд аз гузаштани санҷиш огоҳ хоҳанд шуд. Роҳбарони «ҳалқа» А. Сайдҷаъфарро аз рӯи барномаи ягона таълим дода, ба мутахассиси хуб шудан, нигоҳ доштани сирри байни бародарон (онҳое, ки ҳамроҳаш дар як «ҳалқа» буданд), аз худ намудани дарсҳои динӣ, обутоби бадан, бохабар шудан аз хабарҳои дохил ва хориҷ, ҷалби аъзои нав ба сафи гурӯҳи «Аҳли суннат ва ҷамоат» даъват мекарданд. А. Сайдҷаъфар ва аъзои дигари «ҳалқа» бошанд, барои то охир содиқ мондан дар ташкилоти террористиву экстремистии «Бародарони мусулмон», фош накардани асрори «ҳалқа» ва аъзои он, омӯхтан ва тарғиб кардани ақидаҳои ташкилот аҳди дастаҷамъона (байъат) бастанд.

Зимнан, дар баробари гирифтани таълимоти динии хусусияти экстремистидошта Абдурауфи Сайдҷаъфар бо мақсади иштирок ва пеш бурдани фаъолият дар ин ташкилот, аз рӯйи супоришҳои «роҳбарон» амал намуд. Моҳи июни соли 2019 аз тарафи роҳбари яке аз «ҳалқа»-ҳои ташкилоти террористиву экстремистии «Бародарони мусулмон» — Алиев Убайдулло роҳбари сохтори ибтидоии яке аз «ҳалқа»-ҳо таъин гардид ва ба содир намудани кирдори нави ҷиноятӣ — ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти мамнӯи террористиву экстремистӣ даст зад.

Акнун А. Сайдҷаъфар бевосита ба таълим додани аъзои нави ташкилот машғул мешуд. Макони таълим барои аъзои нави «ҳалқа» Маркази забономӯзии «Маърифат-2012» (воқеъ, дар ноҳияи Сино, кӯчаи Панҷрӯд, бинои 63), ки Алиев Убайдулло он ҷо омӯзгори забони англисӣ буд, таъин гардид. Ҳамчунин, ошкор шуд, ки манзили иҷораи А. Сайдҷаъфар дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе низ барои гузаронидани машғулиятҳои махфии динӣ истифода мешудааст. Дар суроғаҳои номбурда ба шаҳрвандон Қаландаров Суҳроб Рустамович, Саидов Муллозикрулло Ёрмаҳмадович, Саидов Фазлиддин Саидмуродович, ки аз ҷониби аъзои дигари ташкилот ҷалб шуда буданд, роҳбарӣ намуда, чун анъана ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе соати 1400 таълимоти динии хусусияти ифротидош­та медод. Тибқи услуби корӣ, аз  С. Қаландаров, Ф. Саидов, М. Саидов бо мақсади то ба охир содиқ мондан дар ташкилот, ифшо накардани асрори «ҳалқа» ва аъзои он, омӯхтан ва тарғиби ақидаҳои ифротии ташкилоти мазкур аҳди дастаҷамъона қабул карда, аз натиҷаи фаъолияти онҳо ҳар ҳафта зимни дарсҳо ҳисобот мегирифт.

Номбурда зимни гузаштани дарсҳо аз аҳзоби сиёсии ҷаҳони муосир мисолҳо оварда, онҳоро дар доираи шариати ислом муқоиса менамуд. Ҳамчунин, дар рафти дарсҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро баҳои манфӣ дода, баррасӣ мекард ва бо ин роҳ дар шуури онҳо ғояи омода будан ба иҷрои амалҳои экстремисти­ро шакл медод.

Зимнан, моҳи январи соли равон ҳангоми аз назар гузаронидани манзили истиқоматии С. Қаландаров, Ф. Саидов ва М. Саидов адабиёти динӣ, нақшаҳои таълимӣ, коғазпораҳо бо навиштаҷот дар бораи натиҷаи ҳафтаинаи фаъолияти «ҳалқа» дарёфт гардид. Номбурдагон дар содир кардани ҷиноят барои ташкили гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин ташкилот, ки фаъолияташ бо қарори суд манъ шудааст, айбдор шуданд.

Ҳамин тариқ, Абдурауфи Сайдҷаъфар барои ҷинояти содирнамуда бо моддаҳои 3073 қисми 2 ва 3074 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо даст­расии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин гардид.

Ҳамчунин, Қаландаров Суҳроб Рустамович, Саидов Фазлиддин Саидмуродович ва Саидов Муллозикрулло Ёрмаҳмадович барои ҷинояти содирнамуда бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ҳар кадом ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адо намудан дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр таъин гардид.

Бояд гуфт, дини ислом зарурат ба пинҳонкорӣ надошта, каломи илоҳӣ — «Қуръон»-и карим ва ҳадисҳои Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) барои ҳама дастрасанд. Дар кишвар низ таълимоти қонунии арзишҳои дин иҷозат буда, ба ҳар касе, ки мехоҳад бар асоси арзишҳои ислом, хусусан мазҳаби ҳанафия, ки дар кишвар роиҷ аст, зиндагӣ кунад, маҳдуд нест. Он чӣ ки бо номи таълими дин махфиёна сурат мегирад, дар асл ҳадафи дигар дорад.

Асомуддин БОБОХОНЗОДА, муовини раиси Суди шаҳри Душанбе,

М. УСМОН, «Садои мардум»