«…Қассоб дар ғами чарбӯ»

№57 (4163) 09.05.2020

Ё ифротиёни исломӣ аз бадбахтии аҳли олам манфиат меҷӯянд

Як гурӯҳ одамон аз бадбахтии дигарон ба нафъи хеш истифода бурда, мудом пайт меҷӯянд, то ба мақсад бирасанд. Вазъияти феълии дунё гӯё ба экстремисту радикалҳо чунин фурсат додааст.

Коршиноси америкоӣ Александр Герлах дар матлабе дар бахши арабии сомонаи радиои «Мавҷи Олмон» менависад, ки буҳрони коронавирус ба ифротгароёни исломӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон аз кишварҳои исломӣ ва Аврупо имкони нав фароҳам кардааст. Аз ин лиҳоз, кишварҳои номбурда бояд ҳушёр бошанд, ки баробари вабо чунин хатаре ҳам вуҷуд дорад.

Ҳамчунин, дар пушти пандемия хатари дигаре низ нуҳуфтааст. Ифротгароён аз ҳолати рӯҳии мардум, карантине, ки дар кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ шудааст ва эҳтиёҷи рӯзафзуни моддии бисёре аз ҷавонон ба ҳадафи ҷалби неруи ҷиҳодиёни нав истифода мекунанд. Аллакай бархе ба ном рӯҳониён дар баромадҳояшон мегӯянд, ки  «коронавирус ҷазои илоҳӣ барои кофирон аст». Пас аз он ки мардуми кишварҳои исломӣ низ ба вирус олуда шуданд, рӯҳониён нутқашонро тағйир дода, мардумро ба тавба фаро хонданд ва дар хутбаҳояшон «заифии имон»-ро сабаби интишори коронавирус номиданд.

Дар мавриди истифода аз ҳолати баамаломада исломгароёни тундрав танҳо нестанд. Гурӯҳ ва ташкилотҳои ростгарои ифротӣ низ бо тафсири назарияҳои «тавтеа» (сӯиқасд ба миллат) талош доранд мардумро ба сафи худ ҷалб намоянд. Зимнан, ифротгароёни исломӣ ва ростгароёнро як нуқта ба ҳам овардааст: — Ҳадди аксар истифода намудан аз ниёзҳои моддии мардум барои расидан ба ҳадаф! Зеро дигар пӯшида нест, ки гуруснагӣ ва бенавоӣ дар кишварҳои фақир мардумро ба оғӯши исломгароён равон месозад.

Илова бар ин, бисёре аз ҳукумати кишварҳои исломӣ заиф ҳастанд ва онҳо аз зерсохторҳои беҳдоштӣ хуб бархӯрдор нестанд. Аз ин ҷиҳат хатари воқеӣ он аст, ки исломгароёни ифротӣ метавонанд нуфузи бештар касб кунанд, ҳатто имкон дорад минтақаи хосро идора ва ё қудратро дар ин ё он кишвар ба даст оранд.

Аз таҳлили матлаби зикршуда метавон хулоса кард, ки дар шароити вабо аъзои ташкилоти ифротгаро ва аҳзоби исломи сиёсӣ, аз ҷумла, наҳзатиҳои Кабирӣ, ки ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ дар кишварҳои Аврупо аз имкониятҳои хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдор гаштаанд ва шароити мусоидро дар фазои иттилоотӣ доранд, барои бештар ҷалб намудани ҷавонон (бахусус, ҳамватанони худ) аз тариқи дунёи маҷозӣ фаъолияти ҳадафмандонаро роҳандозӣ кардаанд. Тавре мушоҳида мегардад, ба «доми» онҳо бештар нафароне меафтанд, ки аз ҳақиқати дини мубини ислом огаҳ нестанд ва ё дар шароити карантинӣ «ҳамсуҳбат» ёфтаанд.

Як нуктаи ҷолиб он аст, ки бархе аз рӯҳониён ва олимони дин, махсусан дар кишварҳои арабӣ, паҳншавии бесобиқаи бемории коронавирусро дар ҷаҳон ҳамчун азобу уқубати илоҳӣ ба аҳли сайёра, имтиҳону санҷиши раббонӣ ва мазҳари таҷаллии қудрати Худованд маънидод мекунанд, то ки инсонҳо аз ин ҳолат ибрат гиранд, қудрату азамати илоҳиро ба ёд оранд ва тарки гуноҳ кунанду дар пайи тоату ибодат бошанд.

Дар ҳамин ҳол коршинос аз Арабистони Саудӣ бо номи Тавфиқ Сайф дар рӯзномаи арабии «Ал-Шарқ ал-Авсат» панду насиҳати баъзе аз ходимони мазҳабиро дар робита ба интишори коронавирус, ки он ҳамчун ҷазои илоҳӣ бояд муҷиби тоату ибодати бештар ва дур гаштан аз маъсияту гуноҳ бошад, интиқод мекунад ва менависад: «Воқеан, чунин равиши панду мавъиза аслан хатост ва хато будани он аз ду ваҷҳ зоҳир мегардад: Аввалан, бузургӣ ва қудрати Худованд дар он чизе, ки инсонҳо аз он огоҳанд, қудрати бартараф кардан ва ё пешгирӣ аз онро доранд, зоҳир намегардад. Вабои коронавирус ва ё дигар эпидемияҳо берун аз имконияти муқовимати инсон буда наметавонад. Сониян, даъвати мардум ба сӯи Худо аслан бояд бо башорату хушбинӣ ва умеди комёбӣ дар дунё бошад, на бо услуби нафратангезӣ». Ба назари таҳлилгари саудӣ, иддаои он, ки Худованд бо вируси корона аҳли сайёраро муҷозот мекунад, аз як андешаи хурофотие беш нест, зеро башарият дер ё зуд аз ин офат раҳо мешавад. Бинобар ин, ваборо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон анҷоми ҷаҳон хонд.

Ӯ, зимнан, аз рӯҳониён ва ходимони мазҳабӣ даъват кардааст, ки мутолиаи диниашонро бознигарӣ кунанд ва динро ҳамчун абзори тарсу ҳаросафканӣ муаррифӣ насозанд.

«Садои мардум»