Ҳастии худро фидои Тоҷикистон мекунем

№56 (4006) 18.05.2019

Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокориҳо баҳри озодист. Гузаштаи миллат низ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки барои ҳимояи марзу бум фарзандони фарзона чӣ гуна ҷоннисорӣ намудаанд.

27 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшон, дар қатори кишварҳои мутамаддин, бо сарбаландӣ, шарафмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Бе  ягон  муболиға  метавон  гуфт,  ки  дастовардҳои кишвар дар  солҳои Истиқлолияти давлатӣ бевосита ба фаъолияти самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сахт марбут аст.

Айёми гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ барои давлати навини мо хеле мушкил  буд.  Агар  соли  1991  истеҳсоли Маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ (ММД)  нисбат  ба  соли  1990   6 % кам шуда бошад, пас соли  1992  тақрибан ба 40 % поён рафт.  Истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ,  кишоварзӣ  ва  истеъмолӣ  танҳо  67,5 %  нишондиҳандаи соли  1999-ро  ташкил медод.  Таварруми пули ҳамонвақта то сатҳи 2000 % расида, саҳми сармоягузориҳо дар ташаккули ММД аз 10 %-и соли 1991 то  ба 2,5 %  дар соли 1996 коҳиш ёфт. Умуман,  нишондиҳандаҳои  иқтисодии соли  1992 вобаста ба нооромӣ дар кишвар рӯ ба таназзул ниҳоданд.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (соли 1997)  давраи боздошти таназзули  иқтисодӣ ва оғози навгонӣ дар доираи   низоми  нави  иқтисодӣ, яъне иқтисоди  бозорӣ маҳсуб  мешавад, ки замина барои рушди минбаъда гузошт. Ва ин буд, ки алҳол Тоҷикистон дар ҳама самти давлатдорӣ муваффақ буда, қадамҳои устувор барои пешрафти минбаъда гузошта истодааст.

Таҷлили Соли ҷавонон дар соли 2017 на танҳо шодию фараҳмандӣ буд, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкорӣ, ободонии Ватан, кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни насли ҷавон ба ҳисоб мерафт. Ба ин маънӣ, кишвари соҳибис­тиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки онҳо дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзанда метавонанд гузоранд. Агар ба саҳифаҳои таърихи соҳибистиқлолии кишвар низ назар кунем, хоҳем дид, ки ҳама пешравӣ дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст омадааст.

Алҳол, ки ҷумҳурӣ дар роҳи инкишофи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон баҳри расидан ба ҳадафҳо мусоидат мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати мамлакат шуморида, ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҷомеа мебошад.

Итминони комил аст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ пешрафта табдил меёбад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат, нақбҳои нақлиётӣ ва  муваффақият дар сиёсати хориҷӣ нишонаи рушду нумӯъ ва тараққиёт аст.

Мо-ҷавонон баҳри ободии диёр ва  баланд шудани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони муосир аз амалҳои неки фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани эътибори Ватан талош варзида, дучанд заҳмат мекашем.  Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб:

Боз дар пеш аст моро имтиҳони бешумор,

Имтиҳони мулкдорӣимтиҳони нангу ор.

Ҳастии худро фидои Тоҷикистон мекунем,

То шавад сарсабзтар ин кишвари доимбаҳор.

Гулноза ҲАКИМОВА, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси молияи факултети молия ва қарзи ДДМИТ