Ҷавҳари сиёсии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хиёнат аст

№99 (4205) 15.08.2020

Тайи чанд моҳи охир ҳангоми муошират бо дӯстон, инчунин мутолиаи навиштаҳои шабакаи ҷаҳонии интернет ба чунин хулоса расидам, ки шукри Худо, ҳар он чи дар шароити пандемия дар кишвар рух медиҳад, таҳаммулпазир аст. Хоса, дар муқоиса бо дигар кишварҳо.

коллаж 2Аммо, бо вуҷуди он ки дар мамлакат фазои иҷтимоиву сиёсӣ хуб аст, бархе бо ном мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Бадхоҳонро он ҷиҳат нороҳат сохтааст, ки сокинони кишвар вабои коронавирусро ором пушти сар мекунанду бар хилофи интизории онҳо ҳеҷ гуна қонуншиканиву тазоҳурот рух намедиҳад. Хусусан, раҳбари фирории ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамандешони пайраваш чун зоғони лошахӯр фазои оромро тирагун месозанд ва тухми тарсу даҳшатафканӣ кош­та, мардумро ба сангарнишинӣ даъват менамоянд, аз вазъияти муътадилу осоиштаи кишвар дар чанд моҳи авҷи пандемия бисёр безобита шуданд. Ин аст, ки ҳамвора аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет барои бадном кардани Ҳукумати мамлакат талош меварзанд.

Нахустин паёми видеоии саркардаи ташкилоти террористӣ, ки суханронии Муссолинӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз Гитлерро мемонд, ба сарнагун намудани ҳокимият дар Тоҷикистон даъват мекард. Девонавор сухан рондани ӯро, ки пур аз ҳисси бадхоҳӣ нисбат ба Тоҷикистон ва халқи он мебошад, бодиққат тамошо кардам. Ӯ ба ҷои ибрози ҳамдардӣ ба мардум дар айёми вабо ва суханҳои нек гуфтан хондани сафсатаи қаблан таҳиянамудаи «коршиносон»-ро, ки ба воқеияти кишвар ҳеҷ умумият надорад, шурӯъ намуд. Аз дидани он саҳнаи худхоҳӣ фикре ба сарам омад: «Ин марди бадсиришт, ки дар ошӯби мусаллаҳона ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор мебошаду ӯро маҳбас интизор аст, шарм надошта, боз ба ман дастур медиҳад, ки чӣ кор кунам, чӣ тавр кунам, бо кӣ дӯстӣ варзаму бо кӣ душманӣ намоям».

Моҳияти суханронии ӯ он аст, ки ман бояд дар намакдони хона туф кунам ва ба ин ҳаромзода пайвандам. Аз тарзи суханронӣ ва ҳаракатҳояш дар навор маълум аст, ки ӯ ҳатто ба ёд намеорад, ки солҳои 90-уми асри гузашта дастаи роҳзанаш барои чунин мафкураи разилона аз мардуми кишвар шаллоқ хӯрда буд.

Ҳама гапу калоча, яъне дурӯғпароканиву ҳангомаву таҳлука барпо карданҳояшон на дар гӯшаҳои касногузари Африка, балки дар Аврупо сурат мегирад. Лек ҳарфашон ба ҷомеаи Аврупо, ки хоинон он ҷо зиндагӣ мекунанд, тааллуқ надорад, балки мустақиман ба кишвар ва халқи тоҷик равона шудааст. Ин рафтори зишти хоинон ба ман чунин намуд, ки гӯё касе бидуни иҷозаи ман мехоҳад зӯран дарвозаамро бишикофад ва ба хона дарояд. Охир, ман дар ин кишвар зиндагӣ мекунам ва аз маҳсули заҳмати ҷомеаи Тоҷикистон истифода менамоям, бидуни тарсу ҳарос аз ояндаи худу фарзандон аз зиндагӣ лаззат мебарам, ба касе кор надорам, касеро муҳокима намекунам, яъне дар Ватанам зиндагии муътадил дорам. Ва барои ин Худоро шукр мегӯям! Бинобар ин, касе ҳуқуқ надорад, аз хориҷи дур истода, ба ман дастур диҳад, ки чӣ бояд кунам.

Ман бе раҳбари он ҳизби мамнӯъ ҳам камбудии зиёдеро дар ҷомеа ва дар кишвар мебинам. Онҳо камбудиҳоеанд, ки дар ҳар як оила ба назар мерасанд ва ҳар як ҷомеа ва давлат ногузир онҳоро аз сар гузаронидаву рафъ кардааст. Албатта, зиндагии ман на он таврест, ки мехоҳам, аммо сабаби инро хуб дарк мекунам. Охир, низоми кунунии сиёсӣ ва ҳокимияти иҷроияи Тоҷикис­тон на чун кишварҳои Аврупо, ки лофи озодиву демократия мезананд, 250-300 сол дорад, балки нав 30-сола мешавад. Аз он 5 соли тӯлонӣ ба давраи ҷанги шаҳрвандии харобиовар рост меояд, ки дар натиҷаи он мо 150 ҳазор шаҳрвандро талаф додем, кишвар ба харобии иқтисодӣ мувоҷеҳ гардид ва зиёда аз 10 миллиард доллар зарари моддӣ дид. Илова бар ин, қудрати сиёсӣ дар кишваре пирӯз шуд, ки Сарвари давлат, президенти нахустини он дар он замон ба худ иҷоза намедод, ки мустақилона дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳайати бисёрнафарӣ иштирок намояд, зеро дар хазинаи давлат ҳатто барои бо сӯзишворӣ пур кардани ҳавопаймо маблағи кофӣ вуҷуд надошт. Инро кӣ дар ёд надорад? Кӣ ҳолати хазинаи давлатро, ки он рӯзҳо холӣ ва низоми молиявӣ фалаҷ гардида буд, намедонад? Ё кӣ гуруснагӣ ва сардиҳои солҳои 90-умро, марги ҳамватанонро, ки 5-8 соат барои як бурда нон дар навбат меистоданд, фаромӯш кардааст? Ин ҷо ҳар фарди солимақл, ба истиснои собиқ саркардаи ташкилоти террористии наҳзат, дарк мекунад, ки дар муддати кӯтоҳ таъсиси давлати серу пур ғайриимкон аст. Ҳол он ки Сарвари давлат аз имконоти мавҷуда истифода бурданд, то кишвар қомат рост кунад. Ба инфрасохтори таҷдидшудаи Тоҷикистон, иншооти обии бунёдшуда ва сохташаванда, ҳолати нақлиёт, шабакоти иртиботӣ, роҳҳо ва нақбҳо назар афканед. Шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ободу шукуфонро нигаред. Равшан аст, ки ин ҳама хароҷоти молӣ ва сармоягузории ҳангуфтро, ки ҳисоби он ба миллиардҳо доллар мерасад, тақозо менамояд. Бояд комилан аблаҳ бошӣ, ки ин ҳамаро инкор намоӣ.

Душманони давлат, ки бо дастури хадамоти махсуси кишварҳои «дӯст»-у «бародар» фаъолият мекунанд, на танҳо гузаштаро фаромӯш кардаанд, балки алорағми он, мисли одамоне, ки ягон рӯз ба корҳои фоиданоки иҷтимоӣ машғул нашудаанд, таблиғоти ифоротгароӣ мебаранд. Магар марди соҳибэҳтиром оё ба худ иҷозат медиҳад, ки фоҷиаи вобаста ба густариши коронавирусро муғризона суиистифода карда, дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ намояндагони ҷинси латиф – занонро ба сангарҳо ба хотири тарғиби мафкураи ифротгароии мабнӣ бар ғояҳои ваҳҳобизм, ки раҳбари ташкилоти мазкур тарғибгари онҳост, даъвату таҳрик намояд? Оё мумкин аст, ки ҷавонмард дар чунин давраи ҳассос ба занон бо суханҳои «натарсед, ҳаёт як бор дода мешавад!» муроҷиат намояд? Дар ин бора андеша мекунам ва ба чунин хулоса меоям, ки ӯ тасаввурот надорад, ки мо на танҳо инро дарк мекунем, балки медонем, ки дар дунё бояд шарофатмандона, ба нафъи Модар–Ватан зиндагӣ кард. Содиқона мегӯям, ки пас аз тамошои видеои М. Салимпур ва М. Садриддин онҳоро дар сафи маъюбони маънавӣ ҷой додам, зеро барои аҷдоди мо — тоҷикон дар пушти шонаи зан пинҳон шудан ва барои расидан ба аҳдофи муғризона истифода намудани зан амали манфур маҳсуб мешавад.

Барои касоне, ки намоиш ва буҳтонҳои Ш. Гадоевро, ки ду калимаро бо мушкилӣ васл мекунад, надидаанд, шояд бефаҳмиаш авфпазир бошад. Аммо, ман наметавонам густохӣ ва разолати ӯро нодида гирам. Дар ниҳояти кор, онҳо – М. Салимпур, М. Садриддин, Ш. Гадоев ва дигарон навкарони ҳалқабаргӯши раҳбари ташкилоти террористии наҳзат мебошанд, ба манфиати ӯ хидмат мекунанд.

Савол пайдо мешавад, ки раҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат кист, ки нафарони зикршуда аз ақидаи ифротии ӯ пайравӣ мекунанд? Ман мегӯям, ки собиқ раҳбари мамнӯи наҳзати исломӣ шахсест, ки аз кумакҳои маънавӣ – сиёсӣ, молӣ ва ғайра баҳравар аст. Барои агенти давлати хориҷӣ хондани раҳбари ташкилоти мамнӯи террористиву эктремистӣ чӣ асос ҳаст? Далели возеҳ он аст, ки он разилро пас аз кӯшиши табаддулоти нофарҷоми мусаллаҳонаи давлатӣ хоҷагонаш мисли намояндаи расмии давлатӣ истиқболу оғӯш гирифтанд. Ва он ҳам алорағми муносибатҳои дуҷонибаи давлатӣ.

Ду сабаби ин ҳолатро хотирнишон менамоям: а) хиёнат бар асосҳои мазҳаби суннии таълимоти ислом, ки халқ ва аҷдоди мо зиёда аз 12 аср онро бо покии афкор ва имон бар он ҳифз намудаанд; б) мансубияти ӯ ба хадамоти махсуси кишваре ба сифати агент. Танҳо шахси дорои ин ду сифат ва аз муносибати хоси давлати хориҷӣ бархӯрдор, метавонад имтиёз ва дахлнопазирии «дипломатӣ»-ро дар кишвари хориҷӣ касб намояд. Воқеан, ин ҷо сухан дар бораи тасдиқи ватанфурӯшии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар шакли хиёнат ба Ватан, дину мазҳаб меравад.

Кишвари бадхоҳ моҳиятан дар симои хоини ватан шахси моҷароҷӯи сиёсиро мебинад, ки ба ҳама гуна қурбонии маънавӣ – ахлоқӣ ва сиёсӣ омода аст, танҳо ба шарте ки ба вай маблағ диҳанд ва ӯ битавонад, ки дар назари ом «рӯи об» бимонад.

Хоини ватан – саркардаи ҳизби мамнӯъ чӣ мехоҳад? Аниқтараш на ӯ, балки хоҷагони маблағгузор ва мубаллиғонаш аз Ватани мо чӣ мехоҳанд? Ҷавоб возеҳ аст. Онҳо барои нокомии идеяҳои дар солҳои 90-уми асри XX интиқом гирифтан мехоҳанд. Онҳо ташнаи содир намудани инқилоб дар кишвар мебошанд, вале дарк намекунад, ки дар давлате, ки принсипҳои бунёдии демократии ҳукумати халқӣ дар Конститутсия сабт шудааст, мавқеи зиёиён хеле мустаҳкам аст, зан на танҳо сарчашма ва рамзи гармӣ, манбаи некуаҳволии муносибатҳои оилавӣ, балки ҳовии фарҳанги сиёсӣ мебошад.

Зимнан, бояд гуфт, ки на иқтисодиёти муқтадир ва на тибби рушдёфтаи муосир ба бисёр кишварҳо кумак накард, ки бо пандемияи коронавирус муқовимати комил намоянд. Гузашта аз ин, талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои рушд­ёфта дар муқоиса бо кишварҳои рӯ ба тараққии аз лиҳози иқтисодӣ ҷавон ба маротиб зиёдтар аст. Падидаи уфунати коронавируси нави COVID-19 аз ҳамин иборат аст. Вале нодида гирифтани ин ҳама, дидаву дониста вазъи вобаста ба коронавирусро бар зарари ҳокимияти сиёсии кишвар таҳриф намудан – барои ин корро кардан бояд шахси «сиёсии» дорои сатҳи хоини Ватан – раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бошӣ. Ин тӯдаи авбошон таҳти сарварии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамчун кӯрон, ноқисулақлон ва сиёсатмадорони заиф натавонистанд, ки ҳолати воқеии вазъи вобаста ба мубориза бо коронавирусро дар ҷаҳон дуруст арзёбӣ намоянд.

Изҳороти ӯро дар рӯзҳои аввали пайдоиши аломатҳои паҳншавии COVID-19 дар кишвар, вокуниш ва арзёбиҳои ӯро нисбат ба ҳолати рухдода гаштаву баргашта мехонам, вале мақсад ва ҳисоби ӯро дарк намекунам, ки ҳамчун авомфиреби сиёсӣ ҳама гуноҳро ба зиммаи намояндагони ҳокимияти кишвар бор намуд.

Ашхоси мисли раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳеҷ гоҳ машғул шудан ба догмаҳои диниро дӯст намедоранд, ба манфиати таълимоти динӣ ва ҷомеа кӯшиш намекунанд. Ин роҳи ӯ – роҳи шахсе, ки ба мазҳаби ниёкон хиёнат кардааст – намебошад. Чунон ки мегӯянд, чаро кореро бикунӣ, ки он доимӣ нест. Охир, ӯ аллакай як бор қавонин ва муқаддасоти аҳли суннатро бо шиа иваз намуд. Ва кӣ кафолат медиҳад, ки ӯ боз мазҳаби худро намефурӯшад ва мазҳаби яҳудиро намепазирад, агар барояш нархи хубе пешниҳод шавад? Раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз тоифаи он муллоҳоест, ки дар ҳақашон мегӯянд, «Гуфтаашро бикун, аммо кардаашро не».

Ғафур МУҲАМЕТОВ, декани факултети филологияи руси ДМТ, профессор