Акси садо

Ҳавои ифлос ҳар сол боиси марги 3,7 миллион нафар мегардад

№107 (3901) 01.09.2018

Тибқи маълумоти оморӣ, ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон ҳар сол боиси марги 3,7 миллион нафар мегардад. Яке аз сабаб­ҳои он дар сайёра афзоиши нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ мебошад. Имрӯз аз нисф зиёди аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Ин рақам дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 70 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон то соли 2030 қариб 80 фоизи аҳолии мамолики Иттиҳоди Аврупо дар  шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард.

Қариб 80 фоизи партовҳои атмосфера ва 75 фоизи ифлоскунии об, ҳаво ва хок ба шаҳрҳо рост меояд. Ҳар сол аз шаҳрҳои ҷаҳон то 3 миллиард тонна партовҳои сахт бароварда мешавад. Таъсири манфии ифлосшавии баъзе шаҳрҳо ба  дурии то 50 километр мерасад.  Ягона чизе, ки таъсири манфии гарду ғубор ва газҳои зарарнокро то андозае кам мекунанд, дарахтонанд. Ин нукта дар мақолаи «Барои солимӣ дарахтонро ҳифз мебояд» («Садои мардум», 19 июли соли 2018) инъикос ёфтааст.

Мутахассиси соҳаи ҷангал Барот Орифов дар мақола зикр  намудааст, ки як гектар  ҷангали дарахтонаш зич соле 4,6- 6,5 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, то 3,5-5,0 тонна оксигенро ҷудо менамояд. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки  барои муҳофизату обёрии дарахтон  мактабиён ҷалб карда шаванд.

Ин пешниҳод муҳим ва саривақтист. Вақте мактаббачагон ба табиати сарсабз меҳр мебанданд, аз бисёр амалҳои  ношоям дур мешаванд. Ба гуфтаи олимон, шахсоне, ки маҳалли зисташон дар  наздикии минтақаҳои сарсабз ва боғу ҷангал ҷой гирифтааст, хеле камтар нисбат ба дигарон ба бемориҳои рӯҳию ҷисмонӣ гирифтор мегарданд. Омӯзиши зиндагии 350 ҳазор нафар бемор нишон дод, ки 26 фоизи онҳо аз боғҳо як километр дур мезистаанд. 18 фоизи беморон дар наздикӣ ё ҳамсоягии боғҳо зиндагӣ мекардаанд.

Олимон муайян намудаанд, ки боғу ҷангалу чаманистон неруи муқовимати инсонро ба муқобили бемориҳои рӯҳию ҷисмонӣ зиёд  мегардонад. Таъсири табиати сарсабз­ро дар кӯдакон ба зудӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ба қавли олимони соҳаи тиб, зистан дар наздикии боғҳо барои аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ хуб ба воя расонидани кӯдакони то 12- сола мусоидат менамояд.

Сайругашт дар зери сояи дарахтон хастагию афсурдаҳолиро рафъ сохта, ба ҷисму рӯҳ неру мебахшад. Дар миёни ашхосе, ки хонаашон дар наздикии боғу ҷангал ҷойгир аст, гирифторони бемориҳои асабу роҳи нафас, диабети қанд, дилу рагҳо, дарди миёну гардан ва буғумҳо хеле кам мушоҳида мешавад. Вақте кӯдак ё наврас ниҳолеро ба воя мерасонад ё дарахтеро обёрӣ мекунад, ба он меҳр мебандаду ҳеҷ гоҳ барги онро намеканад ва шохашро намешиканад.

Мирзоасан МУБОРАКШОЕВ, омӯзгори фанни биология, МТМУ №91-и шаҳри Душанбе