Акси садо

Ҳавои ифлос манбаи беморист

№6 (3956) 15.01.2019

Аз ин рӯ, ба истифодаи нақлиёти барқӣ бояд рӯ овард

2014_New_Honda_City_Shark_Fin_Antenna_CcUjJ3F.jpg.740x555_q85_box-294,0,1737,1080_crop_detail_upscaleҲар рӯз дар ҷаҳони илму техника навгоние рӯй медиҳад, ки он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсонҳо равона мегардад. Фаровонии нақлиётро, ки имрӯзҳо мушоҳида мекунем, бист сол пеш тасаввур кардан мушкил буд. Нақлиёт, аз як тараф, кори  одамро осон намояд, аз тарафи дигар,  ҳавоеро, ки нафас мекашем, ифлос месозад. Ин нукта дар мақолаи «Аз ифлосшавии ҳаво ҳама рӯ ба нақлиёти барқӣ меоранд» («Садои мардум» №141 аз 22 ноябри соли 2018) баён шудааст. Муаллиф навиштааст, ки «Ҳар сол  миқдори партови моддаҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меафзояд».

Газҳои заҳрноки аз автомобил хориҷшаванда ба назар чандон намоён нестанд. Масалан, кас мавҷуд будани оксиди карбонро аз ранг ё бӯяш ҳис намекунад. Аммо дар ҳаво зиёд шудани он боиси норасоии оксиген дар бофтаҳои бадан гашта, ба сардард, чархзании сар, дилбеҳузурӣ, беҳушшавӣ ва ҳатто аз меъёр бештари он ба марг оварда мерасонад.

Дуоксиди нитроген бошад, гази зардранг буда, ҳаворо тира месозад ва боиси сар задани бронхит, сустшавии муқовимати ҷисм ба бемориҳои роҳи нафас мегардад. Таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ нишон медиҳад, ки бо таъсири дуоксиди нитроген бемориҳои шадиди роҳи нафас миёни кӯдакону калонсолон авҷ мегирад.

Формалдегид бошад, гази  беранг буда, бӯи тез дорад. Ҳангоми зиёд будани миқдори он дар чашм ва роҳи нафас сӯзиш эҳсос мешавад.

Олимон муайян кардаанд, ки ҳангоми сӯхтани  бензину  солярка бензопирен, оксиди сулфур, қӯрғошим, бром, хлор ва пайвастагиҳои хлордор ба  фазо паҳн мегарданд. Алалхусус, қӯрғошим барои ҷисми кӯдакон зарарнок аст. Миқдори ночизи он метавонад дар кӯдакон боиси суст рушд ёфтани неруи  ақлониашон гардад.

Зиёд нафас кашидан аз ин гуна газҳои зарарнок оҳиста — оҳиста боиси сар задани атеросклерози рагҳои мағзи сар гашта, ба бемориҳои дилу рагҳо оварда мерасонад. Бо ҳамин сабаб дар  мамолики аврупоӣ барномаи гузаштан аз нақлиёти автомобилӣ ба нақлиёти барқиро таҳия кардаанд.

Дар поёни мақолаи зикршуда муаллиф пешниҳод кардааст: «Хуб мешуд, ки вазорату кумита ва агентиҳо минбаъд ба ҳайси мошини хидматӣ ба ҷойи автомобил аз электромобил истифода баранд».

Ман ин гуфтаҳои муаллифро ҷонибдорӣ карда, илова намуданиям, ки дар шабакаҳои телевизионӣ аз хусуси манфиати нақлиёти барқӣ барномаҳо таҳия кунанд, зеро Тоҷикистон манбаи барқи арзону аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Дар чунин  шароит гузаштан ба нақлиёти барқӣ ба нафъи  сокинони мамлакат хоҳад буд.

Зайнура Сафдарова, омӯзгори МТМУ №50-и шаҳри Душанбе