Ҷавонон неруи бузурганд

№35 - 36 (3985 - 3986) 02.04.2019

11128-29 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон бо унвони «Имрӯз амал намо-фардоро бисоз» баргузор гардид, ки дар он намояндагони парлумони даҳ кишвар-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Покистон, Муғулистон, Федератсияи Россия, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд (UN Women,UNFPA,USAID) ширкат варзиданд.

Он бо ташаббуси Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё, Хазинаи ҷамъиятии Ҷопон ва Бунёди рушди аҳолии СММ доир гардид. Иштирокчиёнро зимни сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода хайра мақдам гуфта, бо ҷашни Нав­рӯзи байналмилалӣ муборакбод намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки ҷавонон неруи бузурги эҷодкориву бунёдкорӣ дошта, яке аз омилҳои асосии тараққиёти устуворонаи ҳар як кишвар маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди асосҳои сохтории меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон, ки ба дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди иҷтимоӣ барои онҳо ва истифодаи неруи ҷавонон ба манфиати ҷомеа равона гардидааст, оғоз намуд.

Муовини директори минтақавии СММ Диего Макфарлейн оид ба муҳимияти мавзӯи конференсия сухан ронда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки парлумони Тоҷикистон ба масъалаи пешниҳодгардида бо масъулият ва ҷиддияти том муносибат намудааст. Дар Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, дастрасии онҳо ба таҳсил ва касбу кор, шароити сазовори зиндагӣ ғамхориҳо зоҳир гардида,  баҳри дастгирии онҳо як силсила санадҳо  қабул гардидаанд. Ин нукта дар суханронии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаока низ зикр гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нӯъмон Абдуғаффорзода гуфт, ки  соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ ба даҳгонаҳои беҳтарини кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз лиҳози таъмини амният, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, даҳгонаи хатсайрҳои беҳтарин, панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ сайёҳонро барои сафар ба Тоҷикис­тон тавсия медиҳанд.

Дар натиҷа, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 160 адад расида, ҳавасмандии аҳолии мамлакат, ки бештар ҷавононанд, барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тадриҷан меафзояд.

- Сиёсати давлатии ҷавонон ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки аз маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ таркиб ёфта, ба дастгирии ҷавонон, ба вуҷуд овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати ташаккул ва рушди онҳо, истифодаи ҳар чӣ бештари неруи ҷавонӣ ба манфиати ҷомеа равона гардидааст, — гуфт Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

А. Абдуллозода афзуд, ки таърихи ба вуҷуд омадани сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат бевосита бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад, ки далели таваҷҷуҳи хоса доштани Ҳукумати мамлакат ба масоили рӯзгори ҷавонон аст. Қадами нахустин дар ин бобат соли 1992 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» гузошта шуд, ки принсипҳои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро муайян кард. Бо дарназардошти тағйир ёфтани талаботи ҷавонон дар шароити дигаргунсозиҳои мамлакат соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул шуд. Ба он ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд ва иловаи хеле муҳим таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат аст, ки ба ҳайати он сарварони вазорату идораҳои марбута шомиланд. Он мақоми олии роҳбарикунанда ва ҳамоҳангсоз дар соҳаи инкишофи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар баробари заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон метавон ба «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ такя намуд.

А. Абдуллозода оид ба зиёдшавии аҳолӣ ва бекории ҷавонон қайд намуд, ки аҳолии мамлакат ба 9121,7 ҳазор нафар расида, захираи меҳнатӣ 5440,2 ҳазор нафарро ташкил додааст ва ҳар сол 100-150 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад. 2299,7 ҳазор нафар дар соҳаи иқтисодиёт машғули кор буда, шумораи бекорони расмӣ — 2351,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тӯли даҳ соли охир шумораи аҳолӣ ҳар сол 2,1 фоиз меафзояд.

Дар конференсия, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шариф Раҳимзода, Лутфия Раҷабова, Ҷамшед Муртазозода, узви парлумони Ҷумҳурии Исломии Покистон Муртазо Аббосӣ, директори намояндагии ЮНЕСКО дар Алма-ато Криста Пиккат,  сарвари Кумитаи кор бо ҷавонони СҲШ Алексей Карпенко ва дигарон оид ба фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон, ҳифзи саломатӣ, дастрасӣ ба маориф, касбу ихтисос ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми баромадҳо  иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, доир ба масъалаҳои алоқаманди рӯзгори ҷавонон, ҷалби онҳо ба кори парлумон мубодилаи афкор намуданд. Пас аз анҷоми конфронс бо бархе аз онҳо суҳбат оростем.

Узви парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Полвонов изҳор дошт, ки иштирок дар конференсия барояш басо муҳим буд.

- Ҳамтоёни тоҷикистонӣ дар танзими рӯзгори ҷавонон, таҳияи қонунҳо барои онҳо таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд, — гуфт ӯ.

- Барои ман ин як навъ табодули таҷриба аст. Зеро дар кишвари мо низ бо сарварии Шавкат Мирзиёев ислоҳоти бузург амалӣ карда мешавад ва қабули қонунҳои нав зарур аст, гарчанде дар давраи начандон тӯлонӣ беш аз 30 санад дар бораи ҷавонон ба тасвиб расид. Аз ҷумла, Қонуни нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид.

Сарвари Кумитаи омори давлатҳои узви ИДМ Ирина Збарская изҳор намуд, ки омӯзиш ва таҳлили вазъи зиндагии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба шароитҳои сазовори кору таҳсил ва зиндагӣ имкон фароҳам меорад, ки мушкилиҳо сари вақт ошкор ва бартараф гарданд.

- Дар кишварҳои аъзои ИДМ шумораи ҷавонони аз 15 то 29-сола беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, — гуфт ӯ. Ин қувваи бузург аст. Натиҷаҳои тадқиқоти хешро солҳои 2014, 2016 ва 2018 дар маҷмӯаҳои оморӣ ба парлумони кишварҳо пешниҳод намудем. Тадқиқот нишон медиҳад, ки шумораи ҷавонон рӯ ба камшавист, синни миёнаи аҳолӣ меафзояд, сатҳи саводнокӣ баланд асту  теъдоди занони таҳсилоти олидошта нисбат ба мардон зиёд шудааст. Таҳсил дар макотиби олӣ пулакӣ шуда, хароҷоти оилаҳои ҷавон боло меравад. Гирифторони вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният  ва зуҳравӣ зиёд мешаванд. Исқоти ҳамл афзудааст… Ҳамаи ин ҳолатҳо вокуниш ва тадбир металабанд. Бинобар ин, ман хурсандам, ки дар конференсия ширкат намудам.

- Мо — ҷавонон мехоҳем аз хушиҳои ҷавонӣ баҳраманд бошем, — мегӯяд иштирокчии ҷавони конференсия, президенти Шӯрои миллии ҷавонони Молдова Валериу Драгалин. — Орзуи ман ин аст, ки боварӣ ба ҷавонон бештар гардида, шароити сазовори зиндагӣ дар айёми ҷавонӣ барояшон муҳайё гардад.

Дар фарҷом иштирокчиён якдилона қарор қабул намуданд, ки тавсияҳо оид ба мавзӯи матраҳшуда ба Саммити Найроби, ки бояд дар давлати Кения баргузор гардад, пешниҳод шавад.

Н. Низомӣ,  «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев