2015 – Соли оила

Ҷавонон ниёз ба дастгирӣ доранд

№113 (3414) 24.08.2015

Оила сутуни ҷомеа, макони ташаккули шахсият ва василаи бақои ҳаёти инсон маҳсуб меёбад. Миллати тамаддунофари мо аз қадимулайём ба масъалаи оила ва оиладорӣ аҳамияти калон медиҳад. Дар ин замина, барои устувории оила волидон, сарони қавм ва хешу таборон ҳама тадбирҳоро меандешиданд, то занҷири наслҳо мустаҳкам ва зиндагӣ пойдор бошад.

Вақте мушкилоти оиладорӣ пайдо мешаваду волидон дар ҳалли он дармемонанд, ҳалли ин масъала ба дӯши судҳо вогузор мегардад. Судяҳо вазифадор мегарданд ба ҳар муроҷиати шаҳрвандон дақиқназар, таҳаммулпазир ва довари боадолат бошанд, то ҷонибҳо хатои худро дарк кунанд.

Соли гузашта ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби 204 нафар шаҳрвандон (аз ҳар ду ҷониб) барои ҷудошавӣ ариза пешниҳод гардид. Шаҳрвандон мутобиқи ариза тақозо намуданд, ки онҳоро мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо намоем. Ин ҳуқуқро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванде, ки дар ақди никоҳ аст, замонат медиҳад. Аммо суд вазифадор аст, ки сабабҳои ҷудошавиро мушаххас созад, ба ҷонибҳо муҳлати оштӣ ва тафоҳумро пешниҳод кунад. Дар муҳлати муайянгардида агар ду ҷониб ба ҳам наомаданд, он гоҳ суд муваззаф аст, никоҳи онҳоро бекор намуда, ҳукми ҷудошавиро содир намоянд. Соли гузашта судяҳо 153 аризаро мавриди муҳокима қарор дода, баъди таҳлилу омӯзиши аризаҳо ба хулосае омаданд, ки имкони оштидиҳии ҷудошавандаҳо, ки аксарашон ҷавононанд, вуҷуд дорад. Дар натиҷа, ба 51 ҷуфт муҳлат пешниҳод гардид ва 56 ҷудошавандаҳо ба ҳам омада, аз сари нав оштӣ шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо агар мушкилоти хонаводагӣ бошад, аз сӯйи дигар вуҷуд надоштани боварӣ ба ҳамдигар, бори рӯзгорро ба дӯш нагирифтани мардон маҳсуб меёбад. Пӯшида нест, ки имрӯз як идда занони мо бори вазнини рӯзгорро мекашанду боз ба дӯши онҳо тарбияи фарзандон бор шудааст. Масалан, модари ду фарзанд ба суд муроҷиат кардааст, ки шавҳараш солҳо дар муҳоҷират буд, на маблағ мефиристоду на аз аҳволи фарзандон пурсон мешуд. Бо дасти холӣ баргашт, ба ҷойи он, ки коре ёбаду бори рӯзгорро ба дӯш гирад, майхорагиро пеша кард. Ё худ шаҳрванди дигар сабаби ҷудошавӣ аз шавҳарашро бо он асоснок мекунад, ки падари хонадон бо зани дигаре зиндагӣ ихтиёр карда, се фарзандашро фаромӯш намуда, боз бо даъвои муқобил мехоҳад ба хона соҳиб шавад. Суд мушкилоти бавуҷудомадаро баррасӣ карда, ҷонибҳоро ба мувофиқа овард. Шавҳари рӯ ба майхорагӣ ниҳода ваъда дод, ки аз пайи кор мешавад, марде, ки хона ва фарзандонашро ду сол фаромӯш карда буд, ба оила баргашт.

Миёни аризадиҳандагон, ки  аризаҳояшон мавриди баррасии судяҳо қарор гирифтаанд, ҷавонон кам нестанд. Баъди як — ду соли зиндагии якҷоя, ба қавли онҳо «ситораҳояшон мувофиқ наомад» ва мехоҳанд аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Вақте ба умқи чунин ҷудошавиҳо ворид мегардед, равшан мешавад, ки дар аксар маврид волидон бо баҳонаи андаке фарзандонашонро маҷбур месозанд, аз ҳамдигар ҷудо шуда, бо ин амали номатлуб қудоҳои қаҳрӣ аз якдигар «қасос» гирифтанӣ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо барои судя мушкилӣ пеш меояд, зеро ҷавонон ҳанӯз дар зиндагӣ мустақил набуда, бештари онҳо дар хонаи падару модар умр ба сар мебаранд. Соли гузашта ба 51 ҷуфт барои оштишавӣ аз се то шашмоҳӣ муҳлат дода шуд, ки аксари онҳо оилаҳои ҷавон буданд. Баъдан, аксари қудоҳо аз хатоҳои содиркардаашон пушаймон гашта, фарзандонашон аризаҳои ҷудошавиро бозпас гирифтанд.

Бамаврид аст, ки ба як масъала таваҷҷуҳи волидонро ҷалб созем. Онҳо ҳанӯз ҳам дар издивоҷи фарзандон, бахусус духтарон, ба саросемагӣ роҳ медиҳанд. Ба духтарон омӯзонидани касбу кореро фаромӯш карда, нисбати тақдири ояндаи онҳо бепарвоянд. Бояд волидон дарк намоянд, ки таҳсили духтарон ва соҳибкасб шудан боиси хушбахтии ояндаи онҳо хоҳад буд.

РАЗЗОҚЗОДА Нигинаи Холиқ, котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе