Автомобилро бо Суръати чанд км/соат идора бояд кард?

№54 (4004) 14.05.2019

100-Ways-v3Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 тасдиқ шудааст, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» асос ёфта, тартиби ягонаи ҳаракатро дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.  

Боби 12-и қоидаҳо «Суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт» ном дошта, мувофиқи муқаррароти банди 132, дар маҳалҳои аҳолинишин ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати на зиёда аз 60 км/соат ва дар минтақаҳои истиқоматӣ на зиёда аз 20 км/соат иҷозат дода мешавад.

Мувофиқи талаботи банди 134, бо дарназардошти шароити роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тағйири меъёри суръати ҳаракати дар бандҳои 132 ва 133 қоидаҳои зикршуда иҷозатдодашуда имконпазир аст.

Тавре аз талаботи ин ҳуҷҷат дар роҳ бармеояд, суръати ҳаракат вобаста ба категорияи роҳҳо дар кишвар аз 60 км/соат зиёдтар низ иҷозат дода шудааст. Ҳангоми сафар ба минтақаҳои гуногуни кишвар баъзан шоҳиди бархӯрди кормандони БДА бо ронандагон оид ба суръати ҳаракат мешавем. Мусаллам аст, ки ронандагон ҳангоми гузаштан аз назди кормандони БДА бо фурӯзон кардани чароғи автомобил ронандагони ба самти муқобил ҳаракаткунандаро аз ҳузури кормандони БДА огоҳ менамоянд. Баъзан фосилаи «огоҳсозӣ» наздик шуда, имкони паст кардани суръати ҳаракат ғайриимкон мегардад. Табииист, ки дар ин ҳолат дастгоҳи суръатсанҷи (радар) корманди БДА суръати зиёдтар аз 60 км/соатро сабт карда, ронанда ба хотири ҷарима нашудан воситаи «халосшавӣ»-ро меҷӯяд. Мутаассифона, боре ҳолатеро надидаам, ки корманди БДА меъёри иҷозатбудаи суръати ҳаракатро ба ронандагон фаҳмонда бошад. Чун аксар ронандагон аз талаботи қонунгузории кишвар огоҳ нестанд, фикр мекунанд, ки зиёдтар аз 60 км/соат ҳаракат кардан ҷавобгарӣ дорад. Ба андешаи мо, чунин ранг гирифтани кор ба набудани аломати роҳ низ рабт дорад. Ҳол он ки мувофиқи муқаррароти банди 40 боби 7 қоидаҳои ҳаракат дар роҳ,  «танзими ҳаракат дар роҳ бо ёрии аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, таҷҳизоти роҳ, чароғакҳои роҳнамо, ҳамчунин танзимгарон амалӣ карда мешавад». Мувофиқи банди 43 аломатҳои роҳ бояд тарзе ҷойгир карда шаванд, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ рӯзона ва шабона онҳоро хуб дида тавонанд.

Банди 44 муайян намудааст, ки аломатҳои роҳ дар масофаи на кам аз 100 метр бо самти ҳаракат бояд намоён бошанд  ва аз қисми мошингарди роҳ на баландтар аз 6 метр ҷойгир шаванд.

Дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи кишвар, ки солҳои охир  таҷдиду тармим шуданд, аломатеро дучор нашудем, ки суръати ҳаракатро аз 60 км/соат зиёд нишон диҳад. Аксар ҳамватанон мегӯянд, ки дар роҳҳои Федератсияи Россия аломатҳои 70, 90 ва дар шоҳроҳҳо зиёда 100 км/соатро дучор шудаанд.

Ин масъаларо аз масъулини Вазорати корҳои дохилӣ пурсидем. Дар ҷавоби пешниҳодшуда бо имзои муовини вазир М. Саидзода низ  мамнӯъ набудани суръати ҳаракати зиёда аз 60 км/соат тасдиқ шудааст. Доир ба набудани аломати роҳ зикр шудааст, ки  «дар роҳҳои берун аз маҳали аҳолинишин  аломати роҳи 5.24 «Аввали сарҳади маҳали аҳолинишин» мавҷуд аст. Ин аломат ном ва саршавии маҳали аҳолинишине, ки дар он талаботи муқарраркардаи қоидаҳо оид ба ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин амал накарда, суръати ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба танзим медарорад».

Воқеан ҳам, дар маҳалҳои аҳолинишини кишвар, ки аз онҳо роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мегузаранд, аломати ёдоваршудаи муовини вазир мавҷуд аст. Аммо дар аксари маҳалҳо аломатҳои нишондиҳандаи суръати ҳаракат ба монанди 60, 40 ва ё 20 низ насб шудааст. Дар берун аз маҳали аҳолинишин аломати суръати ниҳоии ҳаракат умуман ба назар намерасад. Аз ин рӯ, бояд чунин аломатҳо берун аз маҳали аҳолинишин ҳам насб карда шаванд, то ронандагон онро риоя кунанд.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки азбаски аксари роҳҳои кишвар аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, бо суръати зиёд ҳаракат кардани автомобилҳо тавсия дода намешавад, аммо дар берун аз маҳалҳои аҳолинишин то рақами ниҳоии нишондодаи қоидаҳо (90 км/соат автомобилҳои сабукрав)  зиёд намудани суръати ҳаракат қоидавайронкунӣ ҳисоб намеёбад.

Бархӯрди нодурусти кормандони БДА бо ронандагонро аксаран ба паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳ набудан аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вобаста медонанд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия  М. Саидзода, то 40 дарсади ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо сабаби суръатафзоӣ рух дода, аз теъдоди умумии қоидавайронкуниҳои ошкоргардида 16 дарсади онро аз меъёри муайяншуда зиёд  намудани суръати ҳаракат ташкил медиҳад.

Нишондодҳои мазкур гувоҳи онанд, ки дар маҷмӯъ, суръатафзоии аз меъёри муқарраргардида зиёд зарар ба ронандагон аст, аммо набояд ноогоҳӣ аз муқаррароти қонунгузорӣ оид ба масъала аз ҷониби кормандони БДА суиистифода шавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»